Ба мард буданам нигоҳ накарда ба нигоҳубини пӯсти рӯям диққати хоса медиҳам. Шумо дар саҳифаатон пайваста ба бонувон маслиҳатҳои муфид медиҳед. Магар барои мардон ягон қоидаи нигоҳубини рӯй вуҷуд надорад?
Фариддун, ш. Душанбе
Шумо дуруст мегӯед, зебоӣ ба ҷинс кор надорад, ҳам мард ва ҳам зан бояд нисбати чеҳраи худ бепарво набошанд. Ҷавонии пӯсти рӯйи мард ба нигоҳубини дуруст вобастагӣ дорад. Дар шароити муосири шаҳр ва ҳавои ифлоси он, хусусан дар айёми гармо ҳамеша аз малҳамҳои махсус истифода бурдан лозим аст, то пирии бармаҳал гиребонгиратон нашавад. Нарх ва тамғаи малҳам аҳамият надорад, муҳимаш он аст, ки шумо малҳамро дуруст истифода баред.
Поккунии пӯст
Фикр накунед, ки поккунии пӯст гуфта ҳатман истифодаи скраб дар назар дошта мешавад. Беҳтараш бо тоник шустушӯ намоед. Ба ҷои оби ҷумак аз оби филтршуда истифода баред, беҳтар аст. Аввал докачаҳоро дар оби филтршуда тар карда рӯятонро як маротиба тоза кунед, баъдан ба об як қатра гел барои шустушӯро чаконида, бори дигар рӯятонро пок намоед. Бо истифода аз дока гели рӯятонро шӯста, сипас бо тоник тоза кунед.
Нармкунонии пӯст
Ҳангоми ришгирии мардҳо қабати болоии пӯст низ гирифта мешавад, ки ин барои пӯст стресс ба ҳисоб меравад. Мардони зиёде баъди ришгирӣ мушкобҳои спиртдор мемоланд. Ин амал наздики чилсолагӣ пӯстро сурху пажмурда мегардонад. Барои ба чунин мушкилот гирифтор нашудан, баъди ришгирӣ, инчунин ҳар дафъаи рӯйшӯӣ ба пӯсти рӯю гарданатон малҳами нармкунанда молед. Пӯстатон дар давоми 10 дақиқа малҳамро ҷабида нагирад, боқимондаҳояшро бо дока тоза кунед. Ин амалро хусусан дар ҳавои сард ба анҷом расонидан муфид аст.
Ришгирии безарар
Мабодо пӯстатон ярачаҳои зардобдор дошта бошад, кафкобаҳои бактерисидӣ (пена) барои ришгирӣ шуморо аз ин ярачаҳо халос мекунанд. Пӯстатон сурх гашта нарак барорад, гелҳои силикондори ришгириро интихоб намоед.
Пас аз ришгирӣ малҳамҳои бобуна, алоэ, витамини А ва Е доштаро, ки пӯстро мулоим карда, яраву наракҳоро шифо мебахшанд, ба рӯятон молед. Пӯстатон кашишхӯрда ё пӯст мепартофта бошад, баъди ришгирӣ рихинак пайдо мешавад. Дар ин маврид атру мушкоби спиртдорро истифода набурда, малҳамҳои нармкунандаи мардонаро харидорӣ намоед. Пӯсти муътадил ё равғанинро бо мушкоб (лосьон) тароват бахшидан мумкин аст. Малҳамҳои нармкунандаву равғанини занона барои мард мувофиқ нестанд, чунки дараҷаи туршнокияшон дигар асту боқимондаҳои чарб ба сӯрохиҳои пӯст даромада, сабабгори пайдоиши рихинаку илтиҳоби пӯст мегарданд.