Formula novemver 2024
ОҚИБАТИ ДИЛСӮЗӢ БА САРАМ БАЛО ОВАРД
2979

Мегуянд, ки ҳар қадар дилат меҳрубон бошад ҳамон қадар тақдир бо ту бозӣ мекунад. Ба ин суханҳо ҳамон лаҳзае бовар кардам, ки пулу телефонамро нафаре, ки аз дилсӯзӣ дар хонаам роҳ дода будам, дуздида ғайб зад.

Муслима аз субҳ то шом дар истгоҳи назди хонаамон нишаста бо нигоҳи хос аз одамон ёрӣ меҷуст. Ҳар лаҳза аз тиреза ба ӯ нигариста ба худ суол медодам, ки ин ҷавондухтар киро мунтазир бошад ва дар ниҳоят кунҷкобӣ маро водор кард то ба истгоҳ ба назди ӯ равам. Баъди сӯҳбати дурудароз Муслима гуфт, ки 20 сол дораду сокини деҳаи Файзободи шаҳри Турсунзода аст.

Ба шаҳри Бохтар барои таҳсил омадаасту то ҳол ҷои зист надорад. Дилам ба ин ҷавондухтар сӯхту ӯро ба хонаамон даъват кардам ва гуфтам,ки чӣ қадаре хоҳад метавонад дар хонаи мо зиндагӣ кунад. Муслима хурсанд шуда зуд розӣ шуд.

Чанд рӯз дар хонаамон зиндагӣ карда, Муслима аз тамоми сирру асрори зиндагии мо бохабар шуд. Ҳамин тавр “одами худӣ” шуда як шаб ҳангоми хоб буданам аз ҷевон 16 ҳазор сомонӣ ва телефони тамғаи Самсунг-ро, ки 4 ҳазор сомон нарх дошту аз худам буд, дуздида аз хона фирор мекунад.

Субҳ баробари бохабар шудан аз гум шудани пулу телефонам ва ғайб задани Муслима, фаҳмидам, ки ин кори дасти ӯ аст. Зуд ба РВКД дар вилояти Хатлон, оиди аз манзили истиқоматиям дуздида шудани маблағҳои пулӣ ва телефони мобилӣ аризаи шиоятӣ навиштам.


Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати мазкур, Муслимаро ҳамчун гумонбари ин ҷиноят дастгир намуданд. Ҳоло бошад тафтишот дар ин бора идома дорад.

Барои одамони ба мисли худам содаю дилсӯз гуфтаниам,ки эҳтиёт бошед ва пулу молатонро сахт дошта ҳамсояро дузд нагӯед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД