Formula novemver 2024
Оҳи мазлум (Қисми 4)
1661

Дар ин байн фотиҳаи Манижа ҳам баргузор шуд. Мавлуда қариб ҳамаи тиллоҳои келинашро аз дасташ кашида гирифту ба духтараш дод. Меҳрангез "бахт дар чизу чора нест, муҳим муҳаббати Рустам аст, ки онро ба ман арзонӣ дошта, навозиш мекунаду дӯстдорӣ.

Магар бе тилло хушбахт намешудам" - гӯён худро тасаллӣ медод, ҳарчанд волидонаш тилловориҳоро бо нархи бениҳоят гарон харида буданд.

Мавлуда худаш ҳам намедонист, ки чаро мехоҳад бо келинаш ҳар рӯз ҷанг кунад, вале " ҷанг накунам аз худ меравад" –гуфта, худро таскин медод.

Билохира, ин ҷангу ҷанҷолҳои беохири хушдомани ҷанҷолӣ теша ба решаи оилаи ҷавон зад ва мавлудахон келинашро аз хона ронд. Меҳрангез, ки бо вуҷуди аз дасти ин зан ҷабру ситами зиёде кашиданаш ҳеҷ гоҳ ба рӯйи хушдоманаш сахт нигоҳ намекард, оҳи сард кашида гуфт:

- Ба ҳамааш сабр кардам, бо умеди он ки рӯзе муносибати мо хуб мешавад, вале... Шумо бахти фарзанди худро барбод додед. Зиндагиашро сиёҳ кардед... Аз фардои қиёмат битарсед, охир як поятон ба лаби гӯр расидааст. Беҳуда ба ҳама зулм накунед, охир худатон хуб медонед, ки оҳи мазлум мегирад...

- Эй. даф шав аз назарам, келини ноӯҳдабаро! Сари писарамро тоб дода гирифтӣ, чандин сол катагӣ карда, нону намакамро хӯрда гаштию акнун кӯрнамакӣ мекунӣ?! - lод зад Мавлудахон.

- Сад узр, аммо кӯрнамак шумоед. Тамоми тиллоҳои маро бо баҳонаи тӯй кашида гирифтеду ба духтаратон додед, аммо чизе нагуфтам. Медонед, агар нархи онҳоро ҳисоб карда, аз болоятон ариза нависам, чи мешавад? Умри мондаатон ба додани қарзи ман сарф мешавад,-Меҳрангез ин гапҳоро ба хушдоманаш гуфту аз хона баромада рафт.

Аз байн чанде нагузашта дари хона тақ-тақ шуд. Мавлуда бе он, ки дар пушти дар кӣ буданашро фаҳмад, дод зада гуфт:

- Ҳа, аз гапҳои гуфтаат пушаймон шудӣ. Ҳазор узру маънӣ кунӣ ҳам қабул нест. Аз ин хона, ки рафтӣ, паят рӯфта...

- Модар ин манам! Дарро кушоед,-ҳиққосзанон садо баланд кард Манижа.

- Э Манижа ин туӣ,- бо таҳлука сӯйи дар рафта, онро боз кард Мавлудахон.

- Ҳа манам. Манам модар.

- Чаро гиря мекунӣ? Чӣ гап шуд? Бо шавҳарат ҷанг кардед? Боз он шавҳари нокасат туро ранҷонд?-духтарашро саволборон кард Мавлудахон.

- Не модарҷон, ин дафъа хушдоманам...

- Чӣ хушдоманат? Хушдоманат чӣ ҳақ дорад, ки ба зиндагии ту дахолат мекунад? Ҳозир рафта кӣ будани Мавлудапошшоро ба ӯ нишон медиҳам.

- Чиҳо мегӯед модарҷон? Хушдоманам ҳақ надорад, ки ба зиндагии ман дахолат кунад?

- Ҳа, ҳамин тавр. Ман медонам вайро чӣ кор кунам...

- Лозим нест модар. Шумо ба зиндагии акаам дахолат мекардед-ку! Магар модари янгаам “ба зиндагии духтарам дахолат накун” гуфта як маротиба пушти даратон омад? Наомад! Ин ҳама бадбахтии ман аз пушти шумост модар. Ҷабру зулми ба янгаам кардаатон як-як ба ман баргашт. Ман қурбони золимиҳои шумо шудам. Дар ёд доред, чи тавр ба янгаам корҳои вазнинро фармуда кӯдаки якмоҳа нашудаашро афтондед? Ҷавоби ана ҳамон кори кардаатон ба ман баргашт. Духтурон гуфтанд, ки ту тамоман соҳиби фарзанд намешавӣ. Ин ҳама аз касофати чист? Касофати зулмҳои ба янгаам кардаатон. Гап занед модар, мормила гӯед, маро занед, аммо ҳазор накунед, ин гапҳо ҳақанд. Янгаам канӣ? Наменамоянд. Ман барои ҳамаи зулмҳои шумо аз он кас узр мепурсам.

- Янгаат рафт!

- Ба куҷо?

- Ба хонааш!

- Кай меояд?

- Намеояд, ман ӯро аз хона рондам!

- Модар ин чӣ кори кардаатон буд?! Гул барин янгаамро хор кардед. Ман рафтам, янгаамро меорам.

- Рав духатарам, рав, янгаатро биёр. Ҳамаи гапҳои ту ҳақанд. Агар наояд, ман худам янгаатро бо зорӣ бошад, ҳам меорам. Ман нав дарк кардам ва ба ёд овардам, ки оҳи мазлум мегирад. Маро бубахш духтарам. Эээ исто ман ҳам барои овардани келинам меравам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД