Савсан ба хонаҳои бошукуҳи писараш даромада, даст ба гиребон бурду сӯи осмон нигоҳ карда, зери лаб пичиррос зад: «Худоё, ҳазорон бор шукр, ки оҳамро шунидӣ! Шукр, ки дер бошад ҳам, гиряҳои зорам ба гӯшат расид…»
Келини соҳибҷамолу чаққонаш бод барин ин тарафу он тараф давида чолокона дастурхон меоросту бехабар аз ошӯби дили кампир ҳар замон «очаҷон, хӯришҳоро дар ҳамин зарфҳо гирам мешавад? Ба меҳмонҳои олиқадр ҳамин бахмалро пойандоз партоям мешавад ё атлас беҳтар аст?» гӯён, маслиҳат мепурсид. «Мешавад, духтарҷон, мешавад» нимнигоҳе ҳам накарда ҷавоб медод холаи Савсан, вале ҳушаш тамоман ба дигар чиз банд буд. Кампир ин лаҳзаҳо гузаштаи талху пурдард ва азобҳои дар зиндагӣ кашидаи худашро ба ёд оварда аз дил мегузаронд: «Беҳуда одамизодро аз санг сахту аз гул нозуктар намегуфтаанд, гули чизро хӯрда гули чизро мепӯшидам дар хонаи падари номдорам, аммо ҳаёт маро ба чӣ ранҷу азобҳое, ки гирифтор накард. Азоби сагро кашида бошам ҳам, намурдам, пас сарам аз санг ҳам сахттар будааст…»
Духтари эркаи раис
Савсан дар хонадони сарватманду зиёӣ ба воя расид. Падараш одами андак не, раиси ноҳия буд, хурду калон даст пеши бар чорқад шуда ба ӯ салом медоданд. Барои зану фарзандонаш чизеро дареғ намедошт раис, чизи дилхоҳашонро аз таги замин бошад ҳам, пайдо мекард. Савсан ду хоҳару як додар дошт, аммо аз чӣ бошад, ки падараш ӯро аз ҳама фарзандонаш бештар дӯст медошт. Хешу табор, ҳаққу ҳамсояҳо, хулоса ҳама медонистанд, ки Савсан духтари эркаи раис аст, аз ҳамин хотир касе ҷуръат намекард, ки пишаки ӯро пишт гӯяд. Одатан эркачаҳо золиму худхоҳ ба воя мерасанд, вале модари хоксору дурандешаш намегузошт, ки Савсан мағруру танбал калон шавад. «Ҳозир шумо ӯро эрка карда ба балои саратон мебароред, чизи дилхоҳашро аз даҳонаш набаромада ҳозир мекунед, вале кӣ медонад, ки фардо, пас аз шавҳар карданаш зиндагиаш чӣ гуна сурат мегирад. Духтар тири фалахмон аст мегӯянд, намедонӣ, ки ба чӣ хел хона меафтаду тақдираш чи мешавад, барои ҳамин Савсани мо бояд ҳама кору бори рӯзгорро омӯзад, ҳунарманду босавод шавад, то нонашро худаш ёфта хӯраду дар зиндагӣ дар намонад» маслиҳатомез мегуфт модараш ба падари номдораш. «Занак, ман намегузорам, ки духтарам дар зиндагӣ азоб кашад, Савсанро ба ҷавоне медиҳам, ки тамоми нозу нузи эркачаи маро бардошта тавонад» нимшӯхию нимҷиддӣ ҷавоб медод раис, аммо…
Ишқ аз таги чодар
Савсан баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда онро бо баҳои хубу аъло хатм намуд. Раис духтарашро ба писари яке аз дӯстони ҷониаш ба шавҳар дод. Дар хонаи шавҳараш ҳам зиндагии Савсан шоҳона мегузашт, зеро хусураш низ мисли падараш одами воломақом буд ва рӯзгори тинҷу осудаи серу пур дошт. Онҳо бе ишқу муҳаббат оиладор шуда бошанд ҳам, шавҳараш ӯро аз ҳамон рӯзи нахустини ҳамзистиашон, аз таги чодар дӯст дошт. Шаҳбоз арӯси нозанинашро болои даст бардошта тамоми хостаҳояшро иҷро мекард. Вақте ки Савсан ҳомиладор шуд, хурсандии шавҳарашро ҳадду канор набуд, зану шавҳари ҷавон бо дили моломоли орзую ҳавас ҳар шаб барои фарзанди ояндаашон номҳои зебо мекофтанд, аммо…
Арӯси номурод
Балои ногаҳон аз таги по бархостагӣ барин якбора оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад ва падари номдори Савсан аввалин қурбонии ин аждаҳои хуношом гашт. Ашки чашми арӯсак дар сӯги падараш хушк нашуда шавҳараш Шаҳбоз бедарак шуд. Савсан намедонист сарашро ба кадом дар занад, аламҳои дилаашро ба кӣ гӯяду аз кӣ мадад пурсад. Пайвандон ва хешу табори Шаҳбоз ҷонашонро дар кафи даст гирифта домоди гумгаштаро ҷустуҷӯ мекарданд. Ниҳоят пас аз ду моҳ ҷасади варамидаашро аз як таҳхона ёфта ба хок супориданд. Хусуру хушдоман ва ҳевару хоҳаршӯҳои Савсан тоби бардоштани ин ғами бузургро накарда, ба Туркманистон рахти сафар бастанд, эркадухтари баргаштабахти раис бошад ба ғамхонаи модар баргашт…
Тавлиди нур
Бо омадани Савсан хоҳарону додаракаш хурсанд шуданд, модараш ҳам кӯшиш мекард, ки камтар гиря кунад. Рӯзу соати тавлиди тифлакаш фаро расид. Зимистон буд, барф бо шиддат меборид. Барқ набуд. Модараш ба чанд дар рафта бошад ҳам, ягон ронанда розӣ нашуд, ки дар ин нимашаб ҷонашро дар хатар гузошта Савсанро ба таваллудхона барад. Чораи дигар наёфта модар кампири ҳамсоя Саида-холаро, ки ҳамчун доя дар деҳа машҳур буд, ба хона овард, то ба Савсан ёрӣ расонад. Арӯсаки берӯзӣ, ки худаш духтури занона буд, сузандорӯи барои ин рӯз пинҳон намудаашро ба банди пояш заду дар дил ба тифлаки бепадараш муроҷиат намуд: «Бачаҷон, маро ғам надеҳ, ки мадор надорам. Илтимос, сиҳату саломат ба дунё биё, чунки ман дигар тобу тавони бардоштани ғаму дардро надорам…»
Ҳамин тавр дар он шаби сарду барфбод дар рушании шамъҳо дар хонаи раиси Қадриддин писарчаи зебое ба дунё омад. Холаи Нигор набераи бе падарашро парпеч карда оби дида мерехту кампири Саида ӯро маломат карда мегуфт: «Дар рӯйи кӯдаки навзод кас гиря намекунад. Ба ҷойи оби дида рехтан худоро зорӣ кун, ки давоми умри падари ҷавонмаргашро ба набераат диҳад, ӯро мисли бобои номдораш азизи мардум гардонад…»
Субҳи шодӣ
Субҳ дамид. Саида-хола кӯдакро оббозӣ доронда парпеч намуд ва ба Савсан ордоб хӯронда ба хонааш рафт. Хоҳаракону додараш бо навбат тифлаки парпечро ба даст гирифта мебӯсиданд. Савсан намедонист шодӣ кунад ё бигиряд. Модараш рафта шавҳари аммаашро овард, то дар гӯши тифлак азон гӯяд. Мӯйсафеди Нурмаҳмад «Бигзор давоми умри падараш гардад» гӯён, писарчаи навзоди Савсанро Шаҳбоз ном ниҳод. Алами Савсан дучанд гашта инони гиряро сар дод. Барои фарзанди бе падар ба дунё омадаю орзуҳои ба хоки сияҳ яксон гаштаи шавҳари ҷавонмаргаш нола мекард арӯсаки аз бахт бенасиб монда…
Шод бояд зистан-ношод бояд зистан…
Савсан пас аз шашмоҳа шудани Шаҳбози зебоякаш ба кор даромад, зеро оташи ҷанг хомӯш шуда бошад ҳам, ҳанӯз дар мамлакат қашшоқӣ ҳукмрон буд. Модараш писарчаи ӯро парасторӣ мекарду Савсан рӯзи дароз дар беморхона кор карда, ризқу рӯзии аҳли оиларо мерасонд. Харидорони ин духтури зебо аз мӯйи сараш зиёд бошанд ҳам, вай дигар ба шавҳар баромадан намехост, зеро кашидани бори зиндагии модар ва хоҳарону додаракаш бар дӯши ӯ буд. Савсан намехост ба шавҳар баромада онҳоро дар ин рӯзҳои душвор танҳо гузорад, зеро худро дар назди арвоҳи падари бузургаш қарздор эҳсос мекард. Ҳамин тавр чанд сол кор карда бо пули меҳнати ҳалолаш ду хоҳарашро бо обрӯ ба шавҳар дод, додарашро бошад ба донишгоҳ дохил кард. Модараш қариб ҳар рӯз гӯшзад мекард, ки ягон одами хубро ёфта ба шавҳар барояд, зеро ҳанӯз ҷавон аст, аммо мурғи дили Савсан кайҳо мурда буд ё лонаи вайронаашро тарк карда…
Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед