Formula novemver 2024
Оҳи дили хушдоман маро бадбахту сарсон кард Қисми 2
2005

Иғвогар

Ҳамин тавр аз тӯямон ҳафт сол гузашт, вале ман ҳеҷ ҳомила намешудам. Рӯзе набуд, ки ҳамсояи иғвогарамон бо ягон баҳона ба хонаи мо омада, бефарзандиямро таъна накунад. Намедонам аз фарзандор шудану нашудани мо ба вай чӣ фоида буд, ки мепурсиду мепурсиду мепурсид. Чанд бор бо гӯши худам ба хушдоманам “ҳамсоя, ин келини нозоятонро дафъ кунед, охир баробари инҳо тӯй шудагиҳо соҳиби 3-4 тогӣ бача шуданд” гуфтанашро шунидам, вале модаршӯям, ки хислати ин занро хуб медонист, ба гапҳояш аҳамият надода “келинам ягон айб надорад, охир фарзандоро худованд медиҳад, агар дар насибашон бошад, ягон рӯз кӯдакдор мешаванд” мегуфту халос.

Ба ҷойи модар

Бефарзандӣ маро аз ақл берун карда, муносибатам бо шавҳару хушдоманам торафт бадтар мешуд. Вақтҳои охир келин шуда ман ҳатто як пиёла чой ҳам дам карда ба хусуру хушдоманам намедодам. Дилам аз зиндагӣ хунук шуда буд ва дастамро ба оби сард намезадам. Тамоми кору бори хонаро хушдоманам мекард, бечора кампир ҳатто хӯрокро худаш мепухт, аммо ба шавҳарам мегуфт, ки келин пухтааст, вале мани бефаросад ба ҷойи раҳмат гуфтан сояи хушдоманамро аз девор тарошида, мудом гапҳои пасту баланд мезадаму дилашро сиёҳ мекардам. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда хушдоманам маро мисли духтараш медонист ва насиҳат мекард, ки зиқ нашавам, худованд меҳрубон аст ва ягон баднаашро навмед намесозад. Рӯзе ман ҳам соҳиби фарзанд мешавам ва ин рӯзҳои талху вазнин аз ёдам мераванд, аммо насиҳатҳои мождаронаи хушдоманам ба гӯшам намедаромаданд...

Хушхабари деринтизор

Ягона ҳамрозам дугонаам Гулбаҳор буд, вале ҳар гоҳ телефонӣ суҳбат кунем, аз модаршӯяш нолида мегуфт, ки хушдоманаш ба ӯ рӯз нишон намедиҳад. Беихтиёр хушдомани худамро бо хушдомани Гулбаҳор муқоиса карда шукр мегуфтам, ки ба чунин оила наафтодаам. Нақлҳои дугонаам дар бораи рафтори лзимонаи хушдоманаш ба ман асар намуданд ва як муддат одами хуб шудам. Ба хушдоманам ёрӣ расонида, саҳар ҳавлӣ меруфтам, ҷомашӯӣ мекардам, субҳу шом хӯрокҳои бомазза мепухтам...

Шояд инсони хуб шуданам ба Худованд ҳам хуш омад, ки ниҳоят баъди 8 соли дароз нахли умрам бор оварда ҳомила шудам. Ин хабари хуш аҳли оиларо чунон хурсанд кард, ки нгуфтанӣ. Хушдомани 60-солаам "келинҷн, худованд баъди ин қадар солҳо оҳи диламонро шунида, ҳомила шудед, худатонро эҳтиёт кунед" гуфта намемонд, ки дастамро ба оби сард занам. Дар муддати нӯҳ моҳи ҳмиладориам ман гӯё малика будам ва ҳама аҳли оила дар хизматам, нону ши тайёрро хӯрда, фақат назди телевизор нишаста филму сериал тамошо мекардам.

Дуоям мустаҷоб гашту...

Ниҳоят вақту соаташ расиду маро дарди зодан гирифт. Шавҳарам фавран маро ба таваллудхона бурд. Азобҳои зиёде кашида, пас аз як шабонарӯз шоҳписари нозанине таваллуд кардам. Кӯдак мисли як себи дукафн ба падараш монанд буд. Он рӯзи хуш аз ман дида хушдоманам бештар хурсандӣ мекард ва ҳар замон “худоҷон, ҳазорон шукр, ки дуоямро мустаҷоб гардонида, нахли умри фарзандони маро борвар гардонӣ ва аз таънаи мардум келинамро халос кардӣ. Ба ин тифлак умри дарозу ризқи фаровон ато намо, парвардигор” гӯён, шукрона мекарду дар ҳаққи ману писаракам дуои нек менамуд.

Келини эрка балои ҷон

Мани баъди 8 соли интизрӣ соҳиби фарзанд шуда ба ҷойи он ки аз атои худованд шукрона карда, хизмати шавҳару хушдоманамро кунам, баръакс баъди таваллуд кардан аз худ рафта, касеро писанд намекардагӣ шудам. Акнун натанҳо хизмати хушдоманамро намекардам, балки ягон чиз гӯяд, дарҳол “ магар намебинед, ки ман бо кӯдак банд ҳастам, чӣ бачаи талбидаамро монда кору бори хонаи шуморо кунам” гуфта, ба сари кампири бечора дӯғ мезадам. Фикр мекардам, ки шавҳарам баъди 8 сол соҳибиписар шуда, дигар ҳаргиз аз ману фарзандаш ҷудо намешавад ва касе наметавонад дар ин хона пишаки маро пишт гӯяд, вале ин хаёлам хом баромад...

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД