-Эҳ дугона, вай мо будем, ки даҳони баста сад тилло гуфта, гапу калочаи хонаро ба кӯча набароварда мешиштем. Мабодо шавҳарамон занад, гову гӯсола зад, сарам якбра чарх заду ба дари хона задам, афтидам гуфта, сирру асрори зиндагиамонро пинҳон мекардем.
Келинчакҳои имрӯза ин тавр не, онҳоро насиҳат карда “сабр кунӣ аз ғура ҳалво мепазад” гӯйӣ дарҳол ба рӯят медаванд. Дирӯз ба келини худам “келин, айби худи шумо ҳам ҳаст, хир ҳамон пойафзоли сабилро тоза карда монед намешуд. Акнун, ки шавҳаратон ҷанг кард, даррав қаҳр карда ба модаратон занг зада ҳама гапро гуфтан нагиред. Зан бояд сабӯр бошад, меваи сабр ширин аст” гӯям, медонед дар ҷавоб чӣ гуфт? “Саги бечора ҳам сабр карда, оқибат устухон дар гӯлӯяш дармондааст! Ман ба писари шумо хизматгор не, пойафзолашро худаш тоза кунад. Ҳозир ба модарам занг зада мегӯям, ки ман аз ғурбати ин хона безор шудам” мегӯяд. Дар ҳама оила нофаҳмиву моҷаро мешавад, магар шарт аст, ки ҳама гапи дар хонаи шавҳар мешударо дарҳол нарезондаву начошонда ба модарат расонӣ,-дарди дил кард ба дугонааш Дилором.
Марҳабо нақли дугонаашро гӯш карда истода, маънидорона сар ҷунбонида гуфт:
-Рост гуфтед, дугонаҷон, даври мо дигар буд. Имрӯз баъзе келинҳо шавҳарашонро писанд намекунанд. Намедонам, ки шавҳарҳо бесиёсат шудаанд ё келинҳо эркаю нозук шудагӣ, ки ҳурмату эҳтиром тамоман аз байн рафтааст. Келини хурдиам ҳар рӯз ба шавҳараш гап мегардонад. Бечора писарам, ки дӯст дошта гирифтааст, дандон ба дандон мемонаду чизе намегӯяд. Дар вақташ мо ин хел набудем, саводи кофӣ надошта бошем ҳам, ба шавҳар меҳру муҳаббат додан, сухани ширин гуфтанро медонистем. Модарҳоямон моро ба ҳурмату эҳтиром кардани шавҳар, хусуру хушдоман ва аҳли оила талқин мекарданд. Бало ба паси гапгардонии келин, ҳамон якрезги наберачаам ҳам гапи мани кампирро намегирад, агар ҳамин хел рафтан гирад, дигар касе моро як зарра ҳурмату эҳтиром намекунад. Ман кор мекунам гуфта келинҳо дигар дасташонро ба оби сард намезананд. Хӯрокро худам мепазам, дугонаҷон, хонаву дарро худам мерӯбам. Шустани косаву табақ ва ғундоштани дастархон ҳам акнун боиси малоли келинҳо мешавад. Эҳ, бовар кунед, шишта -шишта алам мекунад-дия!
-Марҳабоҷон рост мегӯед. Келинҳо чунон эрка шудаанд, ки ногуфтанӣ. Духтаронам барои меҳмнӣ омадан ибо мекунанд, чунки ду келин ҳасту барои дар назди меҳмон дастархон оростан ақлашон намерасад ё қасдан худро нодида вонамуд карда, баромада мераванд. Медонед, ман аз ғами нописандии ҳамин келинҳо инсулт шудам. Чанд вақт аст,ки як дастам кор намекунад. Рӯбучини хона худам бароям душворӣ мекунад. Магар рӯфтани хонаи хушдоман барои келин заҳмат аст?! Ҳарчанд фикр мекунам, саҳифаҳои ҳаётамро варақ мезанам, ҳеҷ намефаҳмам, ки дар куҷо хато кардаам. Ба хушдоман бадӣ карда бошӣ аз келинат мебинӣ мегӯянд, вале охир ман боре ҳам ба рӯйи кампири хушдоманам сахт нигоҳ накарда будам. Намемондам, ки дасташнро ба оби хунук зананд. Хушдоманам ҳамеша дар ҳаққам дуои нек мекарданд, аммо намедонам чаро ин тавр шуд. Шояд дар интихоби келин хато кардам?! Мабодо ба писарам айби келинамро гӯям, дарҳол оташ мегирад ва "келинро дар вақташ худатон ёфта будед, маъқул набошад, худи ҳозир ҷавобашро медиҳам" мегӯяд. Барои вайрон нашудани оилаи фарзандам маҷбур дандон ба дандон монда, сабр мекунам. Дигар чи кор ҳам мекардам,-оҳ кашид Дилором.
-Рост мегӯед, дугона, хотири хонавайрон ва бадбахту сияҳрӯз нашудани фарзандонамон маҷбурем, ки ба ҳама қилиқҳои келинҳо тоқат кунем. Танбалию нокорагиаш як тарафу ба ман ҳамин гапгардонии келинам писанд нест-дия! Ҳамин, ки як гап гуфтӣ, дарҳол ба даҳонат мезанад. Чанд бор ба шавҳараш гап гардонда, зери мушту лагад монд, охир ба кадом мард гап гардонида ба рӯяш теғ кашида нигаристани зан писанд аст?! Писарам “дигар ба ман гап нагардон” гӯяд, келин бидирос зуда “ман ҳамин хел ҳастам, гап нагардонда наметавонам” мегӯяд.
-Э монед ҳамин келинҳоро дугонаҷон! Биёед, беҳтараш дар бораи худамон гап занем. Корҳои худат чӣ тавр Марҳабоҷон?
-Мон ҳамин гапҳоро мегӯеду аммо шишту хезамон ба ҳамин келинҳо вобаста аст. Баъзе келинҳоро бин, ҳаваси кас меояд аз диданашон. Рафтору гуфторашон фариштаҳо барин...
-Келини калониам ҳамин хел хушмуомила буд, аммо келини хурдиро дида балозада шуд,-даст афшонд Дилором.
-Дугонаҷон, ҳар чи ҳам набошад, келинҳоятро дуои бад накун, чунки дуои бад ҳам иҷобат мешавад. Келини Саодатхоларо бин, дар вақташ хушдоманашро чӣ қадар ӯро азоб дода буд, охир оҳи дили кампир гирифта, оқибат якҷоя шуда монд, дигар дасту пояш кор намекунад. Рӯзаш ба келин мондагӣ. Барои ҳамин ҳатто дар ҳолати сахт ғазабнок шуданат ҳам келинҳоятро дуои бад макун. Фақат аз Худо барояшон инсофу тавфиқ талаб ккардагӯй, ки илоҳо келинҳои хуб шаванд!
-Чаро дуои бад кунам?! Дуи бад намекунам, вале гардониву кору бори хонаро накарданашон бароям сахт алам мекунад. Дуои бад кунаму ба балои бад гирифтор шавад, боз дарди сари худам мешаванд, барои ҳамин сахт ранҷам фақат забонатро ғунда газад мегӯяму халос!
Ҳамин вақт наберачаи Дилором ба хона Марҳабохола омада ҳиққосзанон гуфт "бибиҷон, аяам гап зада наметавонад, гап занам гӯянд, садояш ҳархела мебарояд. Гапашонро фаҳмида намешавад...”
Дилором “ дирӯз аз чизе тарсида буд, шояд аз тарс бошад” гӯён, парида аз ҷояш хесту сӯйи хонааш давид. Марҳабо “дугонаҷон, як дам ист, ман ҳам бо ту меравам” гӯён, аз паси онҳо равон шуд...
Келини кампир дар ҳақиқат аз забон монда буд ва хушдоманашро оғӯш карда, зор-зор ба гиристан даромад. Марҳабо ин манзараро дида, ангушт мегазид. “Гуфта будам-ку дуои бад накун, чунки дуои хушдоманмегирад, охир ин келинҳо ҳоло ҷавон, ақлашон ба бисёр чизҳо намерасад, ба онҳо омӯзонидан лозим” пичирросзанон гуфт вай ва маслиҳат дод, ки зуд ёгон муллои нағзро ёфта, келинчакро дуохонӣ кунанд.
Келини Дилром баъди табобату такудави бисёр шифо ёфт ва аз тамоми бадиҳои кардааш пушаймон шуда аз хушдоманаш бахшиш пурсид. Ин қиссаро ба он хтир нақл кардам, ки ба дигар келинҳо дарси ибрат гашта, эҳтироми хушдоманро ба ҷо оранд.