Шавҳарам дар айни шукуфоиҳои умр ману чор фарзандамро ҳайрону зор монда, ин дунёро падруд гуфт. Пӯшонидану хӯронидани чор фарзанди хурдсол бароям басо мушкил аст. Аз фикру хаёли зиёд саломатиямро аз даст додаам.
Дар аввал хешу табор ба мани бева каму беш кумак мерасониданд, ҳоло бошад, касе аз ҳолам намепурсад. Хеле хуб мефаҳмам, ки замона душвор аст, ҳар кас фарзанди худашро базӯр мехӯронад, вале тағоҳову холаҳоям сарватманданд, фарзандонашонро ба хориҷа ба тамошо мефиристанд, бо мошинҳои гаронбаҳо гашта, мабодо маро дар кӯча бинанд, нодида вонамуд мекунанд.
Маро ояндаи фарзандонам сахт ба ташвиш овардааст, сарҳисоби зиндагиямро гум кардаам. Худованд касеро мисоли ман дар зиндагӣ муҳтоҷи дигарон насозад.
ШИРИНМОҲ, н. Спитамен