Гулбаҳор-хола саргарми чунин андешаҳо буд, ки дарвоза кушода шуда, шавҳараш Мирзо-амак аз дар даромад ва мисли ҳаррӯза ҳанӯз аз дами дарвоза садо кард:
-Кампир, ҳой кампир, чӣ пухтӣ? Тезтар ягон чиз биёр, ки дилу ҷигарам аз гуруснагӣ рехта истодааст...
-Заҳр пухтам! Хоки хунук пухтам!-Бо қошу қавоқи гирифта, киноя зад Гулбаҳор-хола.
-Занакҷон, чӣ гап шуд? Аз қошу қавоқат борону жола рехта истодааст. Тинҷӣ аст?-Ташвишомез пурсид Мирзо-амак.
-Боз худашро ба нодонӣ зада, чӣ шудааст мегӯяд,-бештар асабонӣ шуда, бори аввал дар умраш ба сари шавҳараш дод зад Гулбаҳор-хола.
Мирзо-амак, марди тахминан 60-65- солаи қоматбаланду лоғарандом, ки мӯйи сари мошубиринҷиаш бештар ба сафедӣ моил буда, пӯсти сиёҳтоб ва қавораи афғонмонанде дошт, модари фарзандонашро тӯли 40 соли ҳамхонагӣ бори нахуст дар чунин ҳол дида, дасту по хӯрд ва ташвишомез пурсид:
-Занакҷон, имрӯз туро кадом ғунда газид, ки аз забонат заҳр меборад...
-Худатро ба нофаҳмӣ назан, мӯйсафеди гӯрсӯхта! Худатро ба нодонӣ назан, ки як қатра хунамро дар таги поят рӯшан мекунам,-бо тамоми овоз фиғон кашид Гулбаҳор-хола.
-Девонаам кардӣ занак, охир одам барин дурусттар гап зан, чӣ шуд? Ман чизеро нафаҳмида истодаам...
Мирсаид Хамкор, [27.10.2023 16:00]
-Аз худат мӯсичаи бегуноҳ натарош, мардак! Ман ҳамаашро медонам! Ҳамаашро медонам! Поят ба лаби гӯр расидааст, магар аз Худо шарм намедорӣ, ки...
-Ман чӣ кор кардам, ки бояд аз Худо шарм дорам, занак?!
-Гӯрсӯхта, боз чӣ кор кардам мегӯяд-е?! -Бештар асабонӣ шуд Гулбаҳор-хола ва якбора таркид,-Магар дар ҳамин синну сол аз Худованд ва бандагонаш шарм надошта, бевабозӣ кардану аз пушти занҳои ҷавон давида гаштанат айб нест?! Фикри маро-ку накардӣ, ақаллан фикри обрӯи духтару бачаҳоятро накардӣ, охир онҳо пагоҳ чӣ тавр дар кӯча сарашонро бардошта мегарданд! Мӯйсафед нашуда мурда рав, дигар чӣ хел ба рӯйи келину набераҳоят нигоҳ мекунӣ?!
-Занак, ба даҳонат нигоҳ карда гап зан, ки ҳозир тамоми дандонҳоятро зада мешиканам,-бо ғазаб муштҳояшро гиреҳ карда, ба сӯйи занаш давид Мирзо-амак...
-Беҳуда ғарию тештозӣ нагуфтаанд! Зан! Зан, номард! Дар болоям зан гирифтанат кам буд, боз дандонҳоямро ҳам зада шикан,-гиряолуд фиғон кашид Гулбаҳор-хола.
Садои доду фиғонро шунида, писарон ва келину набераҳои Гулбаҳорхолаю Мирзоамак осемасар ба рӯйи ҳавлӣ баромаданд.
-Очаҷон, тинҷӣ аст? Барои чӣ гиря доред?-Ташвишомез пурсид писари калонӣ, ки чанд лаҳза пеш аз кор баргашта, ҳанӯз ҳатто либосашро иваз накарда буд.
-Пирхари дадат, зани ҷавон гирифта, зӯр шудааст. Зада даҳону дандони маро мешикастааст,-мисли кӯдаки аламдида шикоят кард Гулбаҳор-хола ба писараш Муродҷон.
-Кӣ зан гирифтааст?! Чӣ шудааст. Модарҷон, илтимос, дурусттар фаҳмонед, ки ин ҷо чӣ гап аст,-саранг шуд ҷавон.
Келину набераҳо ва фарзандони дигари оила низ ҳайрон- ҳайрон гоҳ ба падар ва гоҳ ба модарашон менигаристанд
-Падаратон пир шуда, ёлу дум баровардааст. Пирию хартозӣ гуфтагӣ барин, дар ҳамин синну сол ин мардаки беимон аз фарзандони баркамоли оиладор ва келину набераҳояш шарм надошта, зани дуюм гирифтааст. Аз зани ҷавонаш аллакай як сағераи ҳаромӣ ҳам доштааст. Аз ризқу рӯзии фарзандони ман зада, барои зани наваш хона мехаридааст. Дониста мон мардак, то вақте зиндаам ман иҷозат намедиҳам, ки ту пули бачаҳоямро барои беваҳои кӯчагӣ сарф кунӣ. Туро бо ана ҳамин дастонам бӯғӣ карда мекушам ва бо зани ҷавони таннозат ҳардуятонро дар хонаи харидаат гӯр мекунам,-дар канори фарзандонаш гӯё ҷони тоза ёфта, таҳдид намуд Гулбаҳор-хола.
Бо шунидани ин гап ҳангу манги Мирзо-амак канда, тамоман гаранг шуда монд...
(Давом дорад)
Ф. Сатторӣ