goodwell
Ҷодушуда (ҚИСМИ 1)
203

Мегӯянд, ки ғайбати худиро кардӣ эътиқоди бегона мепарад, аммо ман ғайбат намекунам. Аз он манзарае, ки дар хонаи апаам дидам то ҳол ба худ наомадаам, ҳеҷ бовар намекунам… Бовар намекунам, ки апаи як вақтҳо меҳрубону некрои ман ба ин гуна корҳо даст мезада бошад.

Нозанини кӯча

Дар хонаи мо чор фарзанд тарбия ёфтааст, падару модарам ҳарду дар сехи ноҳияаамон, ки ширу ҷурғоту қаймоқ истеҳсол мекард, кор мекарданд. Падарам ронанда буду модарам бошад, ба бастаҳои ширу ҷурғоту қаймоқ коғаз мечаспонд. Мо зиндагиии хубе доштем ва волидонамон кӯшиш мекарданд то мо хонему оянда соҳиби касбу кори хубе гардем. Апаам ба донишгоҳи иқтисодӣ дохил шуд, акаҳоям яке ҳуқуқшинос ва дигарӣ духтур шуд. Апаам Шаҳноз нахустфарзанди волидонам буд, ӯ қоматбаланду зебо, хушлибос ва хеле озода буд. Ба қавли кампири ҳамсояаамон Моҳсират мӯйҳои Шаҳнозро як духтари дигар мегуфтанд. Апаам мӯйҳои марғулаи аз зону поёнашро мудом якто бофта ба қафояш мепартофт, қомати баланду кокулони дарозашро тамошо куна мегуфтӣ. Апаам хостгорони зиёде дошт, ҳақу ҳамсоя, хешу табор, ҳар кадоме мехостанд нозанини кӯча келини хонадони онҳо бошад, аммо Шаҳноз гуфт, ки то дипломашро нагирад, шавҳар намекунад.

Шаҳноз дипломашро гирифту ҳамон рӯз эълон кард, ки ҳамсабақашро дӯст медораду ба ӯ ба шавҳар мебарояд. Ҳамсабақаш Шомурод, қоқи дарози бенамуд аз маҳалли тамоман ба мо бегона буд ва волидонам ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ набуданд. Аммо Шаҳноз тавонист ғалаба кунад, падару модари Шомурод аз роҳи дур ба хостгорӣ омаданд ва падару модарам ноилоҷ розӣ шуданд. Дилу бедилон тӯйчае ороста апаамро ба хонаи бахташ гусел кардем, ҷуфти ҷавон баъди як ҳафтаи тӯй аз деҳаи дурдасти кӯҳистон ба пойтахт омаданду зиндагияшонро оғоз намуданд.

Таърифаки худкома

Падару модарам намехостанд, ки ман мисли апаам рӯзона хонаму бегонаеро хуш карда шавҳар кунам. Аз ин рӯ ман ғоибона ба донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуда дар мактаби деҳаамон ба кор даромадам. Дар як сол ду бор ба дарс мерафтам ва табиист, ки дар хонаи иҷораи апаам меистодам. Язанаамро шинохта гирифтам, ӯ худашро зиёд дӯст медошт ва дар хонаи иҷора зиндагӣ кунанд ҳам барои худаш либосу пойафзоли зиёде харида фасон шуда мегашт. Медидам, ки апаам аз ӯ дида пули хуб кор мекунад. Язнаам дар як ширкати сохтумонӣ муҳосиб буду апаам бошад дар бонк кор мекард ва пули ёфтаашро сарфи шавҳари камбағалу таърифаку худкомааш мекард.

Шомурод лаққӣ фақат худашро таъриф мекарду апаамро паст мезад, апаам ӯро дӯст медошту ҳама гуноҳҳояшро мебахшид. Оҳиста-оҳиста бо қарзу қавола апаам хонаи якҳуҷрагӣ харид ва он ҷо писаракаш ба дунё омад. Акнун дунёи ӯ писаракаш буд, Самӣ шашмоҳа шуду ӯро ба доя монда кор баромад, зеро маоши шавҳараш ба зиндагӣ намерасид. Язнаам ҳамоно худашро таъриф мекард, аммо ягон кори шоистаи таъриф надошт. Апаамро маҷбур кард то қарз гирифта барои вай мошин харад, баъди мошин харидан язнаам тамоман тағир ёфт. Бечора Шаҳноз наметавонист дарди дилашро ба ягон нафари мо гӯяд, зеро аз таънаи он, ки шӯи бегона кардӣ акнун азобатро каш, метарсид. Шомурод бошад аз ин истифода карда ӯро азоб медоду азоб медод, дар ин миён ман донишгоҳро хатм кардаму ба ман як нафар ҳамсабақи сарватмандаму чанд нафар ҳамдеҳаҳоям хостгор шуданд. Апаам пайваста ба модарам мегуфт, ки оча худӣ хуб аст, ба ягон хешу табор диҳед. Модарам аз ин гапҳои апаам маънӣ бардошта гуфт:

- Ҳа, пушаймон шудӣ?! Апаам бо чашмони ашкбор ба вай нигоҳ карда чизе нагуфт…

(Давом дорад)

БАНОЗ

Таснифи Нисо Холид  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД