arzon replenishment
Ҷодугар нестам, хола!
1799

 

Дилам танг аст, сарам дард мекунад, олам дар назарам ғамистони хомӯш аст. Даҳ рӯз боз худамро ба касал андохта, аз хона берун намебароям, зеро намехоҳам касеро бубинам. Лаънат мегӯям ба ҳамон рӯзе, ки ишқи марди зандореро ба дилам ҷо карда, ба гапҳои ӯ дар бораи дӯст надоштани занаш бовар кардам. Зеро худам як умр бо нашъаманде зиндагӣ кардам, ки хеле ҷавон аз баланд кардани вояи маводи мухаддир фавтид ва бо шахси нохоҳам зиндагӣ карданро медонистам...

Ман дар оилаи камбағал ба дунё омадаам, мо даҳ нафар фарзандро падару модарам бо як азоб калон мекарданд. Ман духтари зеботарини оила, авлод, кӯча ва ноҳияамон будам, ин бе таъриф. Чашмони кабуди обӣ, пӯсти сафеди нафис, мӯйҳои зарди тиллоиямро ба ситораҳои кинофилмҳо монанд мекарданд.

Як аммаи бой доштам ва ӯ маро барои писари ягонааш келин кард. Писари аммаам Аваз ҷавони қоматбаланди зебо савори мошини гаронбаҳои хориҷӣ ба ноҳия меомаду ҳама ҳаваси ӯро мехӯрданд. Ана ҳамин Аваз шавҳари ман шуд, аммам маро ба донишгоҳе ғоибона дохил карду ман дар бонке ба кор даромадам.

Шавҳари аммам, ки худаш ҳам дар бонке ифои вазифа мекард, хеле ҷавон аз олам рафтаву амаам бошад, умри ҷавонашро сарфи Аваз кардааст. Танҳо баъди шавҳар кардан фаҳмидам, ки Аваз нашъаманд аст ва хеле бадахлоқ, ӯ маро ҳамеша зери мушту лагад мегиририфт, пули ёфтаамро аз дастам кашида гирифта, сарфи нашъа мекард.

Тамоми кӯшишҳои аммаам барои аз роҳаш баргардондани писараш беҳуда рафтанд. Ман ба хотири аммаи меҳрубонам, ки ҷонашро барои ман дареғ намедошт, сари кафидаамро ба қавле зери тоқӣ ва дасти шикастаамро зери остин карда мегаштам. Шавҳарам ба ман корҳоеро раво медид, ки аз навиштанашон шарм медорам, ранҷ мекашам, барои бедор нашудани хотироти талх бо ҳамин иктифо мекунам…

                                     Мусибат

Як рӯз Аваз боз маошамро аз дастам кашида гирифту маро, ки дар моҳи шашуми ҳомиладорӣ қарор доштам, зери мушту лагад гирифта, ба назди рафиқонаш рафт. Ман мегиристаму аммаам низ дар қатори ман ашк мерехт, ҳамон субҳ мурдаи шахшудаи ҳамсарамро дар даруни мошинаш ёфтанд.

Сабаби маргаш ба рагҳояш бисёр задани вояи маводи мухаддир будааст. Ростӣ, аз марги шавҳари номеҳрубону муштзӯрам, он қадар ғамгин нашудам, аммо хушдоманам шабу рӯз нола мекард. Баъди марги Аваз ман писараки зебое ба дунё овардам ва барои аммаам машғулияте пайдо шуд. ӯ акнун рӯзу шаб бо Хадятулло буду зиндагияшро дар чашмони ӯ медид.

Хушдоманам ба нафақа баромада, ба нигоҳубини писарам машғул шуду ман кор мекардам. Ҳам кор мекардаму ҳам мехондам, писаракам рӯзу шаб калон мешуд. Мо дар ҳавлии дуошёнаи зебо зиндагӣ мекардему хонаи дар бинои баландошёна доштаамонро ба иҷора дода, аз ҳисоби пули он ва маоши ман зиндагӣ мекардем. Ростӣ, аз чизе камбудӣ надоштем, бо маслиҳати хушдоманам мошини шавҳарамро фурӯхта, барои худам мошин харидам.

Аммаам ҳамеша мегуфт, ки “агар ягон марди хуб ёфтӣ, ба шавҳар баро, ғами писаратро нахӯр, ӯро ман калон мекунам”, аммо ман аз афти мард безор будам. Азобҳое, ки аз Аваз дида будам, диламро аз мардони рӯйи олам хунук карда буд.

                             Бе мутакко

Мегӯянд, ки Худованд як дарро пӯшид, дари дигарро албатта ба рӯят мекушояд. Дари бахти ман пӯшида бошад ҳам, ман ба вазифаи баланд таъин шудам, писарам мактабро хатм карда, ба донишгоҳ дохил шуд, аммо аммаам бахту тахти Хадятуллои азизу эркаашро надида, аз олам чашм пӯшид.

Дар шаҳри калон бемутакко мондам ва дар ҳамин ҳолатҳо марде пайдо шуд, ки барои ман аз пайвандонам дида, азизтар гашт. Бо Юсуф тасодуфан вохӯрдам, як рӯз дар нимароҳ чархи мошинам кафиду ӯ ки дар интизори нақлиёт менишаст, ба ман ёрӣ расонд. Ӯро то наздикии хонаашон бурдам, чанд рӯз пас Юсуфро боз дар ҳамон истгоҳ интизори мошин дидаму наздаш истода, то хонаашон бурдам, ҳамин хел шинос шудем.

Зану фарзандони Юсуф дар деҳа зиндагӣ мекарданду ӯ ин ҷо дар хонаи акааш зиндагӣ карда, дар як идора кор мекардааст. Мард сару либоси камбағалона дошту хеле шармгин буд, вале ғурури баландаш ба ман писанд омад. Вохӯриҳои сарироҳии мо бо никоҳ анҷом ёфт, Юсуф мегуфт, ки ба занаш меҳр надораду танҳо ба хотири ду писараш зиндагӣ мекунад.

Бо Юсуф вохӯриҳоямон дар хонаи якҳуҷрагие сурат мегирифт, ки ман баъди шиносоӣ бо ӯ харида будам. Ҳарчанд мегуфтам, ки ба ҳамин хона омада, зиндагӣ кун, не мегуфт. Дар ин миён писарамро зан додаму келин фаровардам, акнун вақти холиямро бисёртар бо Юсуф мегузоронидам ва хеле дӯсташ медоштам.

Ӯ аз ман ягон ҳадяро қабул намекард ва ба нею нестони ман нигоҳ накарда, гоҳе як килло мева, об, ё ягон чизи дигар харида меовард. Юсуф ба як ҷӯрааш ва апааш дар бораи ман гуфта буд, инро медонистам, вале…

                             Исёни «хушдоман»

Чанде пеш Юсуф ба деҳаашон рафту ман, ки ҳисоботи зиёде доштам, дар ҷойи кор то дер сари компютер нишаста кор кардам. Дар корхона дигар касе намонда буд, бо посбони пеши дар хайрухуш карда, назди мошинам омадам, ки як зани хомфарбеҳ бо як ҷавонзани қоматбаланд назди мошинам рост меистоданд. Ман ба онҳо салом дода, ба мошин шиштанӣ будам, ки зани фарбеҳ гуфт:

-Ту Бунафшаӣ?

-Ҳа чӣ буд,- гуфта дар мошинро пӯшидам, ҳамин вақт зан бо овози баланд гуфт:-Э беваи ҷодугар, думи бачама сар те, ки омада, дар ҳами корхонат шармандагита мебарорам.

Ин суханон чун тир ба синаам заданд, калавидам, худамро ба зӯр доштам, ки наафтам ва аз зан пурсидам, ки “писари шумо кист?”

-Писари ман Юсуф, ҳамон Юсуфе, ки аз дасти ту аз занаш ҷудо шуданист, ёфту тофташро сарфи туву бачаи ҳаромият мекунад. Ба писарам кордор шудани ин зани хомфарбеҳ маро чунон хашмгин кард, ки дигар дар куҷо буданамро аз ёд бароварда гуфтам:

-Ҳой, ба даҳонат нигоҳ карда, гап зан! Писари ман кайҳо донишгоҳро хатм карда, кор мекунад, баъд ин ки писари шумо чанд сомонӣ маош мегирад, медонед?!

-Иии писарат донишгоҳро хатм карда бошад, ту аз Юсуф калонӣ бигӯ,-гуфт ин дафъа ҷавонзан, ки хоҳари Юсуф буданашро аз чеҳрааш донистам.

-Ҳа, ман аз Юсуф ҳашт сол калонам, акнун ба шумо ваъда медиҳам, ки дигар рӯяшро нахоҳам дид!-инро гуфта, ба мошин нишастам ва чанд соат гиристам, худам медонаму Худо.

                           “Игнор”

Ҳоло ҳама рақамҳои телефонии Юсуфро ба рӯйхати сиёҳ дохил кардаам, ӯ аз як телефони бегона паёмак фиристодааст, ки ба хотири ман шуда, аз баҳри ҳама мегузарад, аммо ман дигар рӯйи ӯро дидан намехоҳам.

Ва аз минбари баланди ҳафтавори «Оила», ки хуб медонам модари Юсуф онро мехонад, ба ин зан гуфтаниям: “Оре, ман хато кардам, ки ба писари шумо, марди зандор меҳр бастам, аммо ман ҷодугар нестам! Чӣ будани ҷодуро ҳам намедонаму дар тӯли умрам ҳеҷ гоҳ ба фолбину муллову ҷодугар муроҷиат накардаам.

Ҳар зани бебахте, ки фирефтаи ҳарфҳои навозишгаронаи мардон мешавад, ҷодугар нест. Ман ҳусну ҷамол, ҳунару забони ширин дорам ва шояд дили писаратон барои ҳамин ба ман гарм шуд. Аз писаратон пурсед, ки барои ба даст овардани дили ман чӣ қадар дурӯғ гуфту чӣ қадар зорӣ кард? Баъд маро айбдор кунед…»

                                                             Бунафша

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Ваня 2023-09-23, 22:53
Ай Буня сода наша, сар бошад тоқӣ бисер. Як дари кушода 100 дари баста гуфтагиан. Боз як хонага доштай розӣ бдай ки ягон мардаки таррррангда бтей. Ай дар ҷонут ҷонум Буняҷон, номум Қурбон, кдичкам Ваня, ай аробакашира мурдум. О бие я тов хур тарафи бозлри Саховат. Оилаҷон номроша намемонен. И зан не и занҷон бдайу!!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Ваня 2023-09-23, 22:53
Ай Буня сода наша, сар бошад тоқӣ бисер. Як дари кушода 100 дари баста гуфтагиан. Боз як хонага доштай розӣ бдай ки ягон мардаки таррррангда бтей. Ай дар ҷонут ҷонум Буняҷон, номум Қурбон, кдичкам Ваня, ай аробакашира мурдум. О бие я тов хур тарафи бозлри Саховат. Оилаҷон номроша намемонен. И зан не и занҷон бдайу!!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД