goodwell
Ҷодугар нестам, адолат мехоҳам... (ҚИСМИ 3)
124

Бо вуҷуди ҳамаи он чизҳое, ки аз сар гузаронида будам, боз ҳам мехостам оилаам нигоҳ дошта шавад. Боз ҳам мехостам фарзандонам дар оилаи комил ба воя расанд. Барои ҳамин борҳо худам ба падари фарзандонам занг мезадам ва кӯшиш мекардам муносибатамонро ислоҳ кунем. Аммо ҳар дафъа бе натиҷа мемонд.

Рӯзе, ки дар беморхона бистарӣ шудам, ба ӯ занг задам. Гуфтам:

- Имрӯз дар беморхона ҳастам. Табобат маблағи кам намехоҳад.

Пурсид:

- Чанд пул мешавад?

Гуфтам:

- Тақрибан 9-10 ҳазор сомонӣ ё шояд аз ин ҳам бештар.

Гуфт:

- Майлаш, ёрӣ медиҳам. Аммо ғайр аз ин дигар аз ман чизе талаб накун. Ман фақат ёрии молӣ карда метавонам.

Аз суханонаш фаҳмидам, ки дигар намехоҳад зиндагии муштараки мо идома ёбад. Гуфтам:

- Аз суханҳоят бармеояд, ки дигар намехоҳӣ зиндагии мо давом ёбад?

Гуфт:

- Вақти гап задан надорам.

Ва телефонро хомӯш кард.

Баъдан ҳамагӣ 600 сомонӣ ба кортам гузаронд ва гуфт, ки дигар имкони ёрӣ расонидан надорад.

Он рӯз хуб дарк кардам, ки на танҳо аз хона, балки аз зиндагие, ки барои нигоҳ доштани он солҳои зиёд талош карда будам, дур шуда истодаам. Ва билохира ин зиндагӣ бе натиҷа ва ҳамаи азобу сабру таҳаммулҳо бенатиҷа монданд. Бо гузашти рӯзҳову моҳҳо барои ҳақи фарзандонам алимент талаб намудам.

Рӯзе маҷбур шудам ба падарарӯсам занг занам. Мақсади ягонаам фақат як чиз буд, ки бигӯям фарзандонамро аз меҳри падар маҳрум насозед, монед ҳадди ақал дар ҳафтае як ё дар моҳ ду бор бо ҳам суҳбат кунанд, аммо афсӯс.

Гуфтанд:

- Лаббай, кистӣ?

Гуфтам:

- Келини хонае, ки як сол пеш бо сабаби бемории пойҳояш бо се фарзанд аз хона берун карда будед.

Гуфтанд:

- Нашинохтам.

Пас бо лабханде, ки пушти он дарди зиёд пинҳон буд, ҷавоб додам:

- Агар дар давоми як соли пурра ақаллан як бор занг мезадед, шояд имрӯз ману набераҳоятонро фаромӯш намекардед.

Аммо ҷавобе, ки шунидам, ҳеҷ гоҳ интизор надоштам. Бо ғазаб гуфтанд:

- Аҳ, ту ҷодугар! Ту ману писарамро ҷоду кардӣ. Мо ҳар рӯз беморем. Ҳамаи ин бемориҳои моро сабабгор ту ҳастӣ.

Он лаҳза дигар намедонистам чӣ ҷавоб диҳам.

То ҳол аз худ мепурсам:

- Гуноҳи ман дар чӣ буд? Оё инсон мехоҳад бемор шавад? Оё ман ҳамон кас набудам, ки дар вақти сиҳатӣ тамоми корҳои хонаро анҷом медодам? Чаро вақте солим будам, лозим будам, аммо вақте бемор шудам, дигар нолозим шудам? Чаро имрӯз барои он ки ҳақи фарзандонамро талаб кардам, ҷодугар ном гирифтам?

Аммо ман чунин фикр намекунам. Ин ҷодугарӣ нест. Ин талаби ҳақи фарзандон аст. Ин муборизаи як модар барои ояндаи се кӯдак аст.

Ман ба касе бадӣ намехоҳам. Ба касе қасос надорам. Танҳо бовар дорам, ки Худованд ҳама чизро мебинад.

Имрӯз аз он рӯзҳо як соли пурра гузаштааст. Як соле, ки дар он бисёр чизҳоро аз даст додам, аммо дар баробари он худро аз нав шинохтам. Фаҳмидам, ки инсон ҳатто баъди сахттарин шикастҳо метавонад боз аз ҷой бархезад. Имрӯз ҳам бо беморӣ мубориза мебарам. Имрӯз ҳам барои фарзандонам зиндагӣ мекунам. Имрӯз ҳам умед дорам.
Зеро қувваи ман се фарзанди мананд. Ва то вақте онҳо ҳастанд, ман таслим нахоҳам шуд. Худо беҳтарин довар аст...

Лайлӣ ОДИЛӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД