1xbet
Одамон аз бепулӣ фарзанди бисёр ба дунё намеоранд
313

Миллионҳо одамон наметавонанд ба қадри дилхоҳашон фарзанд ба дунё оранд. Ин саркашӣ аз масъулияти падарию модарӣ нест, балки имрӯз маҳз мушкилоти иқтисодӣ ва бепулӣ монеи соҳиби фарзанд гаштани одамон гашта истодааст.

Ин нукта дар ҳисоботи нави ЮНФПА дарҷ шудааст, ки рӯзи сешанбе нашр шуд ва як гапи хушку холӣ нест. Зимни назарпурсие, ки аз ҷониби ЮНФПА дар 14 кишвари калонтарини ҷаҳон, ки аз се як қисми аҳолии тамоми сайёраи Замин дар ин давлатҳо зиндагӣ мекунанд, гузаронида шуд, ҳар нафари панҷуми пурсидашуда иқрор шудааст, ки маҳз бо сабаби душвориҳои иқтисодӣ наметавонад соҳиби он қадар фарзанде гардад, ки дилаш мехоҳад.

Омилҳои асосие, ки одамонро аз ба дунё овардани фарзанди бисёр метарсонанд, ин хароҷоти зиёд барои тарбияи кӯдакон, қимат будани ғизои кӯдакона, надоштани манзили истиқоматӣ, дилпур набудани бозори меҳнат, нооромии авзои ҷаҳон ва набудани ҷуфти муносиб мебошад.

Аз ҳамин хотир ЮНФПА аз тамоми давлатҳо даъват ба амал овардааст, ки ба ҷойи бо мақсади зиёд намудани аҳолӣ бо ваъдаи додани мукофоти калони якдафъаинаи пулӣ барои тавлиди фарзанд, ҳавасманд намудан сокинони кишвари худ, имкониятҳои воқеии одамонро васеъ гардонанд. Аз ҷумла андешидани тадбирҳои судманд аз қабили маблағгузорӣ барои таъмини аҳолӣ бо манзили дастрас, таъмини мардум бо ҷойҳои хуб ва дилпури корӣ, зиёд намудани маблағи рухсатӣ барои тавлид ва нигоҳубини кӯдак ва хизматрасонии босифати репродуктивӣ дар ҳалли ин масъала кумак карда метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД