Муҳаққиқони Коллеҷи тиббии ба номи Алберт Эйнштейн дар Ню Йорк ба хулосае омаданд, ки одамизод ҳеҷ гоҳ рекордҳои давомнокии умрро, ки алакай муқаррар шуда буданд, шикаста наметавонад.
Муҳаққиқон боварӣ доранд, ки мо тақрибан дар соли 1997 ба ҳадди ниҳоии умр расидем, вақте ки зани фаронсавӣ Жанна Калмин дар 122-солагӣ даргузашт. Умри аз сар гузаронидаи ин бонуи фаронсавӣ дар таърих ҳамчун дарозтарин сабт шудааст.
Ба ақидаи олимон инсон аз 125 сол бештар умр дида наметавонад.