sebiston july new
ОДАМДӮЗДӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ
3690


Одамрабоӣ ва гаравгон гирифтани рақибони худ ба як ҷузъи филмҳои муосир табдил ёфтааст.

Синамогарон танҳо ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи тамошобинон саҳнаҳои ваҳшатангез ва даҳшатбори аз ҷониби ин ё он гурӯҳ рабуда шудани қаҳрамонҳои филмҳояшонро ба навор гирифта, чи тавр бераҳмона азобу шиканҷа додани бандиёро намоиш медиҳанд. Албатта ҳадаф аз намоиш додани чунин саҳнаҳои ваҳшатзо нишон додани разолат, ҷаҳолат ва бераҳмии қаҳрамонҳои манфии филм аст, вале ба ҷойи панд гирифтан иддае аз ашхоси беандеша аз худ қаҳрамон тарошида, амалҳои ваҳшиёнаи дар силсилафилмҳои амрикоиву туркӣ дидаашонро дар зиндагӣ такрор кардан мехоҳанд. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳодисаи нохуш ва даҳшатангезест, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқуъ пайвастааст.

Вазорати умури дохилии кишвар аз содир шудани як ҷинояти сангини одамрабоӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, як марди сокини 25-солаи ин ноҳия дар ҳамдастӣ бо Зафар ва Аюб ном рафиқонаш дастони як ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанберо тоб дода, даҳонашро бо скотч маҳкам карда, сипас ӯро бо истифодаи зӯрӣ ба мошини тамғаи Hyundai Elantra” бор карда ба хилватгоҳе бурда, азобу шиканҷаи бисёр додаанд. Авбошон лату кӯби ҷавони асирро дар телефонҳои мобилиашон сабт намуда, таҳдид кардаанд, ки дар сурати ба мақомот шикят карданаш ӯро зинда намемонанд, аммо...

Бори каҷ ба манзил намерасад гуфтани халқ беҳуда нест, кирдори ин гурӯҳи ҷиноӣ низ пинҳон намонда, билохира ҳақиқат рӯйи об баромад. Айни замон яке аз одамрабоён ба даст афтода, ҷустуҷӯи ду ҳаммаслаки дигараш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД