Писарам Мансур аз овони хурдӣ бачаи якрав буд, на гапи падарашро гӯш мекард, на панду насиҳати ман ба гӯшаш медаромад.
Умедвор будем, баъди ба камол расидан ақлаш ба сараш зада, падару модарро қадр мекардагӣ мешавад, аммо хаёламон хом баромад. Ҳар қадар калонтар шавад, ҳамон қадар дарду ғами ин бача бештар мегашт. Хешовандон маслиҳат медоданд, ки ҳарчи зудтар ӯро зан диҳем. «Хонадор, ки шуд, зиндагӣ ба гарданаш меафтаду чӣ будани ҳаётро мефаҳмад» мегуфт модарам маро ба ҷустуҷӯи келин талқинкунон.
Бо умеди «одам» шудани писарамон қарзу қавола карда, келин гирифтем. Писари мағрурам “тӯйи ман бояд дар ягон ресторани престижний гузарад» гӯён, то рӯзи тӯй ҷонамонро ба лабамон расонд. Падараш «писарам, ҳар кас бояд пояшро баробари кӯрпааш дароз кунад, мо, одамони камбағал имконияти тӯйи дакаданг кардан надорем» гӯяд, писарам дару деворро ба шатта зада баромада мерафту мани бечора дар зери маломат мемондам, ки ҳамааш айби ту аст, бачаро аз аввал эрка кардӣ.
Узру маънӣ намуда аз шавҳарам хоҳиш мекардам, ки илоҷе карда тӯйро табъи дили писарамон гузаронад, зеро ин қарзи падариву модарии мост.
Хулоса, то гӯшамон дар қарз ғӯтида, тӯйи осмонкаф ороста, келинро ба хона овардем. Гумон доштем, ки акнун писарамон одам мешаваду нафаси осуда мекашем, вале баъди тӯй як дардамон сад дард шуд. Мансур арӯсаки бачиларо танҳо гузошта, шаб то саҳар дар ким-куҷоҳо мегардад. Ин бача баъди зангирӣ тамоман «хар» шуда мондааст, на дар ягон ҷо кор мекунад, на парвои зиндагӣ дорад, ҳушу ёдаш танҳо банди ҷӯрабозию арӯсбозист. Насиҳат мекунем, ки ҳушашро ба сар гирифта, қилиқҳои хунукашро партояд, охир акнун вай ҷавонмарди баркамоли зандор аст, вале гапи ману падараш аз як гӯшаш даромада, аз гӯши дигараш бод барин баромада меравад. Дарун ба дарун худро хӯрда истодаам, ки оқибати зиндагии писарам чӣ мешуда бошад, охир духтари мардум бо умеди бахт ба хонаи мо қадам гузоштааст, агар Мансур ҳамин хел шабгардӣ кардан гирад, ягон рӯз занаш баромада меравад.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед! Таноби бачаи эркаамро чӣ хел кашам?
Шарифамоҳ аз шаҳри Кӯлоб