Sebiston new 2024 october
Очаам маро мекушад, Баҳром!
12.03.2022
Оила
2953

Баҳорон буд. Ҳама ҷо ғарқи гул, гӯиё зери навои насими шӯх мерақсиданд. Дар чунин як рӯзи зебои баҳорӣ Сабоҳат ба тамошои боғи фароғатии шаҳр рафту бо ҷавони хушқаду зебое вохӯрда, ба қавле аз нигоҳи аввал ошиқ шуд. Ҷавон Баҳром ном дошта, дар масъалаи ба доми фиреб афтонидани духтарон ҳамто надошт. Сабоҳати аз макри мардон бехабар бошад, ба суханони болохонадори Баҳром бовар карда, гумон дошт, ки бахт ба рӯяш хандидаасту хушбахти олам мешавад. Ҳамин тавр, рӯзҳою ҳафта бо хушгӯиву ваъдаҳои ширини Баҳром паси сар шуда, чаҳор моҳ гузашт. Ҷавон тез-тез занг зада, Сабоҳатро ба вохӯрӣ даъват мекард. Рӯзе бо баҳонаи рубӯчин кардани хонаи холааш Баҳром Сабоҳатро бо ҳилаю найранг ба хонаи хилват бурд. Сабоҳати дилдода даъвати ошиқашро ба хушнудӣ пазируфта розӣ шуд. Вай аз таҳти дил хонаро рӯбучин карда, ба тартиб даровард. Саргарми сӯҳбат шуда, чӣ тавр бегоҳ шудани рӯзро нафаҳмида монданд. Сабоҳат ҳамроҳи ошиқаш масти хандаю бозӣ буду модари бечорааш бо чашми чор роҳи духтарашро мепоид. Шом фаро расида, лек аз духтар ҳанӯз дарак набуд. Модари Сабоҳат ба кадом дар сар заданашро намедонист. Дилашро гургон тала мекарданд, чунки на дугонаҳои Сабоҳат дар куҷо буданашро медонистанду на хешу табор.
-Баҳромҷон, биё равем, ки очаам маро мекушад, -фаромадани пардаи торикиро дида,- илтиҷо кард Сабоҳат.
-Ба осмон бароӣ, аз пойҳоят медораму ба зери замин дароӣ, аз мӯйи сарат кашида мебарорам. Ман туро ба занӣ мегирам. Дар пастию баландиҳои ҳаётат ҳамроҳ ҳастам. Биё, имшаб бо ман бимон, пагоҳ ба хонаатон хостгор мефиристам, -гӯён тори макр танида, сайди бо пои худаш ба дом фаромадаро раҳо кардан намехост Баҳром.
Сабоҳат розӣ нашуда, нолаю зорӣ мекард, ки ӯро ба хонаашон барад, чунки модараш хавотир мешавад. Ниҳоят зорию нолаи Сабоҳат гӯё дили Баҳромро нарм кард, ки ба роҳ баромаданд. Дар роҳ аллакай ягон нақлиёти мусофиркаш ҳаракат намекард. Ҳамин тавр, ду соат дар роҳ интизорӣ кашиданд, вале ягон мошине, ки ба самти хонаи онҳо равад, пайдо нашуд.
-Бо ду чашмат дидӣ, ки ягон маршрутка нест. Дигар якравӣ накун, дар хонаи холаам касе нест, ки ту шарм кунӣ. Тинҷакак рафта хоб мекунему саҳар ман худам туро ба назди очаат мебарам. Натарс, касе туро зада намекушад. Овозаю дарвоза ҳам намешавад? Ман тез хостгорҳоямро мефиристонаму ҳафтаи дигар тӯй мекунем,-ваъда дод Баҳром.
Сабоҳат ноилоҷ ба хонаи холаи Баҳром баргашт ва ҳамон шаб номусашро аз даст дод. Субҳ Баҳром бо дили ғамгин ҳамроҳи Сабоҳат роҳи хонаи онҳоро пеш гирифт. Рангу рӯи паридаи духтарашро дида, модари шаб то саҳар нахуфта аз ҳуш рафт. Ба рӯяш об пошидаю ба биниаш спирти нашатир дошта, ӯро ба худ оварданд. Домодшаванда ҳиллаҳои рӯбоҳона намуда, ваъда дод, ки худи пагоҳ хостгор мефиристаду Сабоҳатро бо тӯю сӯр ба занӣ мегирад, вале...

Рӯз то рӯз аҳволи духтар бад шуда, ишкамаш медамид. Тифли батни Сабоҳат ҳафтмоҳа шуда бошад ҳам, аз хостгорҳои Баҳром ҳанӯз дарак набуд. Ҳамсояҳо ишками дамидаи духтари бешавҳарро дида, ба Сабоҳату модараш лаънат мехонданд. Модар ба нанг омада, хост ба суди ноҳия шикоят кунад. Ин хабар ба гӯши Баҳром расиду ба ташвиш афтод. Ин ошиқи найрангбоз аз тарси ба паси панҷара афтодан роҳи фиребу халосӣ меҷуст. Вай дар назди хешу табори Сабоҳат бо номи Худованд савганд хӯрд, ки Сабоҳатро дӯст медорад ва ӯро ба занӣ гирифтанист, лекин барои тӯй кардан пул надорад, барои ҳамин хостгоронашро нафиристод. Пас аз як моҳ Сабоҳат духтарча ба дунё овард. Тифлакро Дилноза ном ниҳоданд. Баъди ба дунё омадани Дилноза нағмаҳои Баҳром дучанд афзуд. Бо ҳар баҳона бо Сабоҳат чанг мекард. Рӯзе Баҳром бо баҳонаи ночизе бо Сабоҳат моҷаро карда «ин кӯдак ба ман ҳеҷ монандӣ надорад. Дилам пур нест, ки Дилноза фарзанди ман бошад» -гӯён, бо нафрат дарро зада баромада рафт. Аз шунидани ин сухани сарди Баҳром фишори хунаш баланд шуда, Сабоҳат бемори бистарӣ шуда монд. Бо ҳамин Баҳром ғайб зад. Муддати панҷ сол Сабоҳат дар суроғи Баҳром буд. Аз пурсуҷӯҳои вай чони рафиқони Баҳром ба лабашон расида бошад ҳам, дар куҷо буданашро намегуфтанд. Ҳоли Сабоҳат танг шуда буд. Аз таънаи ҳамсояҳо халос шуда, зери борони таънаю маломати хонаводааш монд. Ҳар шому саҳар пайвандонаш ӯро таҳқир карда, талаб менамуданд, ки сағераи ҳаромиашро гирифта, ба хонаи падараш барад. Дар ин хона ду нонхӯри зиёдатӣ ба касе лозим нест. Аз байн панҷ сол гузашт. Панҷ соли роҳпоиҳои беҳосил. Рӯзе Сабоҳат ҳавлӣ мерӯфт, ки касе дарвозаашонро кӯфт. Дарро кушода, дар рӯ ба рӯяш зани ношиносеро дид. Дилаш аз сар задани нохӯшие дарак дода, пурсид:
-Апа, ба шумо кӣ лозим?
-Сабоҳатӣ? –Ба ҷои ҷавоб савол дод зани ношинос.
-Ҳа, ман Сабоҳат, шумо кистед? –ҳайратзада пурсид Сабоҳат.
-Ман ҳамсояи Баҳром. Баҳром пагоҳ тӯй дорад. Зан гирифта истодааст. Ман туро тӯйхабаркунӣ омадам,-зан масхараомез табассум карда, пас гашт.
Осмон гӯё ба сари Сабоҳат фурӯ рехт. Ҷорӯб аз дасташ афтод. Пеши чашмонашро пардаи туман гирифт. Хастаҳолона ба замин нишаста, оҳи сарде кашид. Ашк рухсораҳояшро мешуст. «Баҳромро касал аз Маскав овардаанд. Ману Дилнозро суроғ кардааст. Ман ба деҳаи Баҳром меравам»,- дурӯғ гуфт Сабоҳат ба модараш ва ҳамроҳи дугонааш ба суроғи Баҳром баромад. Баҳромро дар тахти домодӣ дида, ҳуш аз сараш парид. Дилнози аз аҳволи модар бехабар зери садои мусиқӣ дар тӯйи падараш рақс мекард. Халқ дар атрофи Сабоҳати гирён ҷамъ омаданд. Баҳром ваъда дод, ки агар Сабоҳат ҷангу ҷанҷол накарда, ба хонаашон баргардад, барои ваю духтарчааш хона мехарад, вале...
Сабоҳат то ҳанӯзба худ лаънат мехонад, ки ҳамон шоми тақдирсӯз ба Баҳром бовар кард. Вале бо вуҷуди ранҷу азобҳои кашидааш роҳи ӯро интизор аст, ки кай омада хона мехараду якҷоя зиндагӣ мекунанд...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД