Ассалому алейкум! Ман хоб дидам, ки дар роҳ дар назди мошин бо дӯстдоштаам ҳастам ва ҳама ҷо пур аз оби ифлосу лойолуд асту об торафт зиёдтар шуда истодааст. Дар наздамон ду духтар буданд ва мо ба мошини онҳо нишаста рафтем.
Вақте аз тарафи дигар баромадем, дар он ҷо сел набуд. Духтарҳо моро аз мошин фароварда рафтанд ва ману дӯстдоштаам роҳамонро идома дода ба як хонае, ки ба мағоза монанд буд, даромадем. Деворҳои хона пур аз ангуштаринҳои нуқрагӣ ва коғазчаҳо буд. Дар коғазчаҳо номи мурдаҳо навишта шуда буданд. Ман дар он ҷо мардеро дидам, ки дӯсти раҳматии падарам буд. Он мурд гӯё нигаҳбон будааст.
Номи падарамро ёфтанӣ шуда, ман як-як коғазчаҳоро мехондаму ба ангуштаринҳо аҳамият намедодам, вале баногоҳ чашмам ба ангуштарине афтид ки ба дилам гарму шинос тофт. Ба дӯстдоштаам гуфтам, ки ин ангуштаринро падарам барои ман мондаанд ва маҳбубаам он ангуштаринро ба дастам андохт, вале дӯсти падарам ба наздамон омад ва “сабр кун, ҳозир месанҷем, ки ин ангуштаринро падарат барои ту мондааст ё моли каси дигар аст” гӯён, бо чизе санҷид, вале номи шахси дигар баромад ва ман ғамгин шуда, ангуштаринро бароварда ба ҷояш мондам.
Ману дӯстдоштаам хостем аз он ҷо бароем, вале нав ба дами дар расида будем, ки ҳоли дӯсти падарам бад шуда ба замин афтид ва дар талвосаи ҷонканӣ афтод. Зуд ба назди ӯ давидем ва ман дидам, ки чашмонаш сафед шуда, дар ҳоли ҷон додан аст. Аз фурсат истифода бурда зуд ба сӯйи ангуштарин давидам, вале дар ҷойи он ангуштарини дигаре буд.
Хуллас, дар як дам мағоза пур аз одам шуд ва ман давида ба хонаамон рафтам. Ҳама ҷо парешон ва либосҳоям дар рӯйи хок партофта шуда буданд. Либосҳоямро аз замин бардошта афшондам, аз дарунашон картакалосҳои зиёде ба замин рехтанд. Хостам калтакалосҳоро кушам, вале натавонистам.
Ҷонҳавл рӯ ба гурез ниҳодам ва хеле давида ба назди дарёчае расидам. Занону кӯдакони бисёре оббозӣ доштанд. Вақте ки ман ба онҳо наздик шудам, яке аз занҳо бо тамоми овоз дод зуд ва дар як дам об пур аз ҳайвонҳои обӣ шуд. Ман якбора ба об афтидам ва аз тарси он ки ҳайвонҳои оби маро мехӯранд, бо тамоми овоз дод гуфтам. Занҳо маро наҷот доданд, вале як духтарча дар об монд ва мисли дӯсти падарам чашмонаш сафед шуда, ҷон дод.
Бисёр тарсидам ва фиғони талх кашида бедор шудам. Вақте ки чашмонамро кушодам, дар обу арақ тар шуда будам ва дилам тарс гуп-гуп мезад. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.
Посух
Оби тираю лойолуд дар хоб нишонаи сар задани мушкилот дар ҳаёти шахси хобдида мебошад. Оби ифлосу лойолуд бештар ба бемории бардавом ишорат мекунад, вале метавонад ба мушкилоти пулӣ ҳам алоқамандӣ дошта бошад. Аммо ба мошин нишаста аз оби лойолуд ва сел раҳоӣ ёфтани шумо дар хоб бисёр хуб аст.
Мошин дар хоб рамзи расидан ба орзуҳо буда, шахсе, ки чунин хоб мебинад, соҳиби мақоми баланд ва пулу моли зиёд мешавад. Акнун дар бораи ангуштарин ва коғазчаҳое, ки дар онҳо номи мурдаҳо навишта шуда буданд.
Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, агар шахс хоб бинад, ки бо мурдаҳо суҳбат карда истодааст, ин хоб ба он ишорат мекунад, ки ӯро одамони дурӯяе иҳота кардаанд, ки гапашон дигару амалашон тамоман дигар аст, зоҳиран худро худотарс нишон медиҳанд, вале дар асл кони гуноҳ ҳастанд.
Аммо гирифтани нома (коғазча) аз мурда дар хоб фоли нек аст. Касе, ки чунин хоб мебинад, тақдир дари имкониятҳои навро барош мекушояд. Агар шумо бахти худро аз даст надода, барои расидан ба хостаҳоятон талош кунед, сарнавиштатонро куллан дигаргун сохта, ба муроду мақсади хеш мерасед.
Ангуштарин дар хоб аз ишқ паём медиҳад. Эҳтимол бо шахсе ошно мешавед, ки бо як нигоҳ дилатонро мебарад, вале он ки ангуштарин ба номи каси дигар будаасту шумо онро аз дастатон кашидед, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ишқи пуршӯратон бо ёри наватон чандон дер давом нахоҳад кард. Калтакалос дар хоб рамзи фиреб аст.
Эҳтимол бо шахсони дурӯю ва маккору фиреб вомехӯред, вале чун дар хобатон калтакалосҳо ба шумо зарар нарасонидаанд, ин одамон низ ба шумо зиён расонида наметавонанд.
Афтидан ба оби пур аз ҳайвоноти обӣ ва наҷот ёфтан, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шумо бо мушкилиҳои зиёде дар зиндагӣ рӯ ба рӯ мешавед, вале бо сари баланд аз тамоми мушкилот баромада ба тамоми орзуву ниятҳои худ мерасед.