Ҳар бону барои нигоҳубини пӯсту мӯйи худ аз тамоми роҳу усулҳо истифода мебарад. Бо вуҷуди он ки зиндагӣ чӣ гуна сурат мегирад, ҳар як зан бояд ҳамеша зебо бошад.
Дар маводи зерин сиру асрори зебоии духтарону бонувони тамоми дунёро ҷамъоварӣ намуда, пешниҳоди шумо мегардонем. Биёед, онро дар амал санҷида, натиҷаашро мебинем!
+Дар Австралия бонувон ҳангоми шустани мӯйи сар ба шампуни худ чанд қатра равғани дарахти чой (масла чайного дерева)илова намуда, бо истифода аз он аз сабӯсаки сар халос мешаванд.
+Дар Бритониёи кабир бошад, бонувон барои он ки мӯяшон нарму ҷиллонок бошад, дар як ҳафта аз се маротиба бештар сари худро намешӯянд. Сабаб дар он аст, ки дар оби кран оҳак зиёд асту мӯйро хушку зудшикан мегардонад.
+Хитоизанҳо бошанд, барои шустани рӯй оби биринҷро истифода мебаранд. Асрори зебову ботароват будани пӯсти рӯйи хитоидухтарҳо дар оби биринҷ будааст. Ҳамарӯза бо оби биринҷ шустушӯ кардан боиси тозаву нарм гаштани пӯст мегардад. Биринҷро муддати 20 дақиқа дар об тар карда, обашро барои шустани рӯй ба кор бурдан мумкин аст.
+Агар шумо ба бонувони фаронсавӣ диққат дода бошед, хеле нохунҳои зебову сӯфта доранд. Сири нохунҳои зебояшон дар шарбати табиии лимӯ аст. Лимӯро ҷабида, ангуштони худро дар шарбати он нигоҳ доред.
+Бонувони испанӣ роҳи рафъ намудани сиёҳии зери чашмро хеле барвақт пайдо кардаанд. Барои ин кор картошкаро тунук бурида, муддати 10 дақиқа дар пӯсти атрофи чашм нигоҳ доштан кифоя аст.
+Дар кишвари Ҷопон нӯшокие бо номи саке омода карда мешавад, ки бар замми истеъмол намудан бонувон онро бар зидди доғҳои пигментӣ истифода мебаранд.
+Зебосанамҳои мисрӣ бошанд, барои нарму нафис сохтани пӯсти бадан ба оби шустушӯӣ чанд истакон шир ва каме асал илова мекунанд. Натиҷаи бо чунин об шустушӯ карданро дарҳол дар пӯсти худ эҳсос кардан мумкин аст.
+Бонувони Исроил лойи Баҳри сиёҳро барои зебоии пӯсти бадан истифода мебаранд. Имрӯз чунин ниқобҳои лойинро аз мағозаву дорухонаҳо дастрас кардан мумкин аст.
+Бонувони булғорӣ пӯсти рӯяшонро бо истифода аз гиёҳоби садбарг (розовая вода) ва равғани садбарг (розовое масло) ботароват месозанд.
+Дар Бразилия бонувон дарёфтанд, ки оби дар он ҷав таркардаро барои сафед кардани пӯсти дар офтоб сӯхта истифода бурдан бамаврид аст. Барои ин ҷавғо (овсянка)-ро дар дока баста, ба даруни обе, ки дар он оббозӣ мекунед, гузоштан лозим аст.
+Равғани арган (масло аргании), ки дар кишвари Марокко истеҳсол карда мешавад, ба ҳолати пӯст ва мӯй таъсири босазо дорад. Равғани мазкурро ҷасурона ба даруни шампун ва гелҳои шустушӯӣ илова кардан мумкин аст.