Марди 60-солаи булғорӣ Ҷейн Петков барои он ки ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шавад, бо дасту пойи баста ба даруни халта даромада, дар оби кӯл шиноварӣ кардааст.
Ҷейнро дар ватанаш ҳамчун «одам-амфибия» мешиносанд. Вай аз техникаи махсуси нафаскашӣ истифода бурда, ба чунин дастовард ноил гаштааст.
Рекорди Петков дар кӯли Орхиди кишвари Македония гузошта шуд. Ҷейнро дар халта андохта, бо қаиқ ба мобайни кӯл бурданду ӯ ба оби яхин парида, пуштнокӣ шино кард.
Рекордсмен дар дохили халта масофаи ду километрро дар 2 соату 47 дақиқа шино намуда, гуфтааст: “Ҳарорати об гармтар мешуд, боз даҳ километри дигар шино мекардам”.