arzon replenishment
Ҳоҷӣ Маҳмуд барои саховатмандию накӯкориаш соҳиби медал гашт
3275


Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов-ин ном барои аксарият ошност, зеро ин марди дарёдил бо накӯкорию саховатмандиаш машҳур гаштааст.

хоч

Бахшида ба 29-умин солгарди Қувваҳои мусалаҳи Тоҷикистон Маҳмудҷон Муродов барои сарбозону афсарони ду қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷамъи 2200 нафар дастурхони пурнозу неъмат ва хеле зебои идона орост. Зимни ин вохӯрии хотирмон бо сарбозон Маҳмудҷон Муродов изҳор дошт, ки бо шарофати сиёсати инсонпарварони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу заҳматҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз сокинони Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоишта умр ба сар бурда, аз кумакҳои давлату Ҳукумат ва соҳибкорон бархӯрдор мегарданд.

хх

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Мурдов илова кард, ки артиши миллӣ дар ҳама давру замон барои ҳар давлати соҳибистиқлол таъмингари ҳаёти осоиштаи мардум ва кафили бехатарии мамлакат мебошад ва қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қодиранд, ки манфиатҳои давлати тозаистиқлол, сохти конститутсионӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷикро ҳимоя ва таъмин намоянд, хабар додааст АМИТ "Ховар"


Барои ин амали нек ва ғамхории доимиаш нисбат ба хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои ободониву созандагӣ дар мамлакат бо Фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Муродов бо медали ҷашнии «70-умин солгарди Ғалаба бар фашизм» қадрдонӣ карда шуд.
Ёдрас мешавем, ки соҳибкори муваффақти тоҷик Маҳмудҷон Муродов роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» ва ҳамзамон узви ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буда, натанҳо барои афсарону аскарон, балки баҳри ятимону бапарасторон, беморону маъюбон, модарони танҳо ва табақаҳои дигари ниёзманди аҳолӣ низ такягоҳ ва як даргоҳи умед гаштааст. Ин марди накӯкору дарёдил ба ҳазорон-ҳазор одамони афтода дасти ёрӣ дароз намуда, садҳо камбағалонро соҳиби манзил гардонидааст ва ба мушкилашон расидагӣ намудааст.
Соли гузашта Маҳмудҷон Мурдов ба се қаҳрамонони барномаи “Умеди охирин”-и сомонаи Оила. ТЧ, ки дар вазъияти ниҳоят душвор қарор доштанд, хонаҳои нави замонавӣ туҳфа намуда, ҳамзамон ба чандин нафари дигари кӯмаки молиявӣ расонида буд.

Тавре ки худи Маҳмудҷон Муродов мегӯяд, ҳадафи ӯ аз чунин амалҳои неки беғаразона тарғиб намудани некиву накӯкорӣ дар байни мардум, махсусан дар байни соҳибкорон ва дигар афроди сарватманд аст.
М. Давлат,
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД