Arzon march 2024
Нуҳум моҳи ҳомиладорӣ
1126

 

Аз ҳафтаи 33 то 36 моҳи нуҳуми бордорӣ маҳсуб меёбад. Ин моҳ барои ҳомиладорӣ моҳи ҷамъбастӣ ҳисоб мешавад.Зани бордор дар изтироб меуфтад. Чи тавалуди якум бошад ва ё дувуму севум барои ҳар зан, тавалуд душвор аст, ва тарс дар дил меуфтад.

Ҳарчанд шахсони гирду атроф барои ором кардан кушиш кунанд, аммо ин ҳолати руҳӣ хоҳ нохоҳ дили модарро пур мекунад. Аммо зан бояд хушҳол шуд, ки то ин муддат шумо давраи сахт ва муҳими бордорӣро паси сар намуд ва ҳар лаҳзае, ки дарди зоиш сар занад, метавон ба тавалуд хона рафту сиҳату солим таваллуд намуд.

Дар инкишофи кудак тағироте дида намешавад. Чунки ӯ комилан бутун ва ба ҳайёти мустақилона омода шудааст. Танҳо каме вазн зиёд мекунад. Аммо дар модар каме сабукӣ ҳис мешавад. Ин сабукӣ аз он хотир аст, ки кудак барои таваллуд шудан омодагӣ дида ба поён мефарояд.

 

Яъне ҷойи меҳда ва шуш каме васеъ мешавад. Ҳам нафасгирӣ ва ҳам хӯрокхурӣ каме роҳаттар мешавад. Вале аз ин фурсат истифода бурда пурхӯрӣ кардан лозим нест. Чунки дар қазои ҳоҷат кардан каме мушкилӣ пеш меояд. Дар ин муддат дар ҳоҷатхона низ зиёд нишаст хуб нест.

Албатта ин поён фаромадани бачадон ҳолати оддии бордорӣ аст. Аммо дар баъзе аз занҳо ин амал рух намедиҳад ва он ҷои нигаронӣ надорад.

Дар ҳафтаҳои 33-36 модар аз 9 то 12 кг вазн мегирад. Аз фарбеҳ шудану вазн зиёд кардан хавотир шудан лозим нест. Ин вазн аз ҳисоби кудак, ҳамроҳаки кудак, оби ӯ, варамҳои пойҳо ва дигар нишонаҳои бордорӣ буда метавонад ва он пас аз таваллуд оҳиста оҳиста гум мешавад. Муддати барқароршавии бадани зан ҳар гуна аст. Баъзан дар 40 рӯз зан ба ҳолати аввалааш бармегардад, барои баъзеи дигар он то 9 моҳ тӯл мекашад. Ин шонси бузург аст барои модароне, ки андоми худро нигоҳ медоранд, метавонанд барои бадани худро ба тартиб оранд.

Дар ин моҳ зани бордор тарашуҳоти зиёд истеҳсол мекунад. Ки он хуб аст. Роҳи тавалудро “тоза” мекунад. Рангаш зардчатоб ва ёсурхча бошад ҳам ҷои нигаронӣ надорад. Чунки баъзе ҳуҷайраҳо ва ё хуни хушкшуда тоза шуда мефарояд. Ин ҳама нишонаи омадани тифли батни модар ба дунёи равшан аст.

Новобаста, ки то тавалуди стандартӣ ҳоло чанд ҳафтаи дигар ҳамст, аммо модар бояд ба хубӣ барои тавалудхона тайёр бошад. Чизҳои лозимиро дар борхалта гирифта дар кисаи берунияш ҳуҷҷатҳоро гузошта ҳарлаҳза омодабош истодан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД