Размикори тоҷик Нурулло Алиев Ҷо Солетскии амрикоиро дар рақобати дуюм дар UFC мағлуб намуда, боз пирӯзӣ ба даст овард.
Мусобиқаи UFC Fight Night 249 дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико сурат гирифта, размикори тоҷик Нурулло Алиев бо қарори якдилонаи доварон бар Ҷо Солетски ғолиб эълон карда шуд.
Бо комёбӣ дар ин рақобат Нурулло Алиев рекорди худро дар муҳорибаҳои омехта то 10-0 (UFC 2-0) боло бурда, мавқеашро боз ҳам устувортар гардонд.