Нурулло Абдуллоев, ҳунарманди маъруфи тоҷик, бо нашри як муроҷиатнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз бемор буданаш иттилоъ додааст.
Ба зикри ҳунарманд, ӯ вақтҳои охир худро бад ҳис мекунад ва наметавонад ба паёмҳои дӯстонаш ҷавоб гардонад.
Ҳунарманд навиштааст:
“Дирӯз, се бачаам маро ба аробача савор карда дар корпуси 8-и Қараболо мегардонданд... Ҳар касе мепурсид, ки: "Магар устод беморанд, ки ба ин ҷо овардед?", писаронам ҷавоб мегуфтанд, ки; "Не, не, мо падарамонро маҷбурӣ ба ташхис овардем..." Ва ин дар ҳақиқат дар назари ман ҳамин тавр менамуд...
Ман болои аробача нишаста фикр мекардам, ки "Ана дар ин ҳуҷра Лоиқи зиндаёд хоб буданд, дар инаш профессор Нурҷонов, дар ин ҷо ҳамсабақҳоям Аҳмадшоҳ, Қиёмиддин... Ба бачаҳоям гуфтам, ки "Мошинатонро нигоҳ доред, ман мефароям. Давоми роҳро пиёда меравам"... Аз ҷой хестаму... ҳис кардам, ки на танҳо сарам чарх мезанад, балки зонуҳоям ҳам ба ман итоат намекунанд.... Дастони писаронам маро оҳиста ба аробача шинонданд. Ман дигар ба онҳо муқобилият нишон надодам”.
Кадом навъи беморӣ доштан ва сабаби онро ҳунрманд зикр накардааст.
Нурулло Абдуллоев яке аз устодони варзидаи театр ва кинои тоҷик буда, дар садҳо намоишномаҳои театрӣ ва даҳҳо филмҳои ҳунарии истеҳсоли “Тоҷикфилм” ва дигар киностудияҳои давлатҳои собиқ СССР нақшҳои ҷаззобу хотирмон офаридааст, вале ин ҳунарманди беназир бештар бо намоишномаи “Беғараз панд”-и Телевизиони Тоҷикистон дар дили мардум маъво гирифта, ҳамеша ба ҷавонон панду андарз медод ва хислатҳои неки инсониро дар ҷомеа тарғиб намуда, маҳбуби ҳамагон гаштааст. Мо, аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ ба устоди бузург Нурулло Абдуллоев аз даргоҳи худованд шифои оҷил комил талабида, орзуманди онем, ки боз даҳсолаҳои бешумор ҳамчун ситораи дурахшони санъати тоҷи боқӣ монда, ҷомеаи моро тарбият намоянд.