Arzon march 2024
Ношинос Кисми 3
2367

Маҳваш хуб гуфт ва баъди камтар дур шудани ҷавон хост аз пасаш биравад. Ҳамин замон суратгир занг зада гуфт, ки аксҳо омода шудаанд ва Маҳваш метавонад, омада онро бигирад. Маҳваш натавонист аз паси ҷавон равад. Вақте аксҳоро аз дасти суратгир гирифту пулашро пардохт кард, ба аксҳо нигоҳ накарда рост ба хона омад ва назди модараш омаду гуфт:

-Модарҷон, мана ин ҳамон ҷавоне, ки дар борааш ба шумо гуфтам – ва аксҳоро ба модар дароз кард.

Модараш баъди ба суратҳо нигоҳ кардан гуфт:

-Маҳваш! Ту дар ин ҷо танҳо ҳастӣ ку!

-Чӣ?

-Ту дар ин сурат худат танҳо ҳастӣ. Ягон хел ҷавон нест!

Маҳваш ба суратҳо нигоҳ кард. Дар ҳақиқат худаш танҳо. Ҳайрон буд. Зуд аз хона баромаду пойафзолашро пӯшида, ба суратгир занг зад. Суратгир гуфт, ки худатон танҳо будед. Маҳваш бовар накарда, рост ба суратгирхона рафт. Суратгир гуфт:

-Вақте шумо гуфтед, ки моро акс бигир, ман ҳайрон шудам ва ҳатто пурсидам, ки шуморо? Шумо бошед, бале гуфтед.

Ҳеҷ боварии Маҳваш намеомад. Хотирпарешон ба хона омад ва чизе нахӯрда хоб рафт. Пагоҳӣ ва чанд рӯзи дигар мунтазири ҷавон шуд, лекин ӯ наомад. Бедарак шуда буд. Маҳваш хеле маъюс гашт. Дарди дилашро ба кӣ гуфтанро намедонист.

Аз миён ду моҳ гузашт. Дар хонаи Маҳвашино омодагӣ ба тӯй буд. Маҳваш то ҳанӯз дар ҷои вохӯрӣ интизор мешуд, вале ҷавон намеомад. Аз кӣ суроғ гирифтанашро ҳам намедонист, чунки ҷавон мегуфт, ки дӯстони бисёр лозим нестанд....

Бо розигии волидонаш Маҳваш шавҳар кард, вале ҳанӯз ҳам ба умеди дидори дӯстдоштааш буд ва гаштаву баргашта ба худ суол медод:

-Чӣ хел ин қадар солҳо шинос будему ҳатто номашро намедонистам!

Вай ба аблаҳии худ афсӯс хӯрда, пинҳонӣ аз шавҳараш мегирист.

Дар ин миён Маҳваш соҳиби фарзанд шуд ва як муддат тамоми дарду ранҷҳоро фаромӯш кард. Вақте донишгоҳро хатм карду дипломашро гирифт, мунтазири шавҳараш нашуда, рост ба ҷои вохӯрии пешин ва ҷои дӯстдоштааш рафт. Рӯйи харак нишаст ва ба фикр фурӯ рафт. Нохост овозе ӯро ба худ овард:

-Ба Маҳваши зебову нозанин салом!- ин садои шиносу ширинро Маҳваш се сол инҷониб дар орзуи шуниданаш буд.

Бо чашмони пур аз об ба ҷавон нигариста, пурсид:

-Шумо куҷо будед? Ин қадар шуморо кофтам. Чаро аз ман хабар нагирифтед? Бедарак ғайб задед. Дар набудани шумо...

-Маҳваш, аз ҳамааш хабар дорам,– боз ҳамон табассуми зебанда лабони ҷавонро зеб медод.

-Пас... – гуфт Маҳваш, вале сухани ӯро бурида, ҷавон ба гап даромад:

-Медонам, ки ҳоло саволҳои бисёре дорӣ, аммо ба гапам гӯш кун. Сурате, ки якҷоя гирифтем, куҷост?

Маҳваш аз ин саволи ногаҳонӣ ҳайрон монд ва баъд аз андаке гуфт:

-Дар он сурат ман танҳо будам. Шумо, ки дар паҳлӯи ман меистодед, наомадаед. Ман...- боз гапи Маҳваш дар даҳонаш монд.

-Баъди ҳамон шумо маро дигар надидед. Ҳамин тавр?- пурсид ҷавон.

-Бале! – тасдиқ кард Маҳваш ва мутаҳайирона ба ҳамсуҳбаташ нигоҳ кард.

-Ва боз гапи Саодат дар ёдат ҳаст? “Ман тамоми синфҳои болоиро мешиносам, вале одами ту мегуфтагиро не” гуфта буд?

-Бале, аммо шумо аз куҷо инро медонед? Ман ба шумо нагуфта будам,– Маҳваш бо чашмони аз ҳайрат калон-калон кушода ба ҷавон нигарист,-шумо умуман кӣ ҳастед?!

Ҷавонписар чашмашро аз чашмони Маҳваш наканда, давом намуд:

-Ман шаҳрванди мулки ишқ. Мактубат дар ёдат ҳаст? – пурсид писарак. Маҳваш аз буда бештар ҳайронт шуд, – “Мактуб ба Худо” ҳамин номаро шумо нафиристода будед?

Маҳваш аз тарс дар ҷяш шах шуда монд. Вай чашмони ҳайратзадаашро аз рӯйи писарак намеканд. Ин ҳолати ӯро дида, ҷавон гапашро давом дод:

-Ман бо хости Худо барои ёрии ту муддате пешат мондам. Вақте ки пухтаву сариштакор ва боақл шудаӣ, ман вазифаи худро иҷрошуда ҳисобида бозгаштам, вале чун дидам, ки бо ин кор як андоза тарсро дар вуҷудат афкандам, омадам то бароят фаҳмонам, ки ман одам нестам ва ин қадар вақт маро ба ҷуз ту дигар касе намедиду намебинад.

Маҳваш хомӯшона гӯё дар филми фантастикӣ қарор дошта бошад, ду- се маротиба чашмонашро пӯшиду кушод. Писарак ин ҳолати ӯро наззора карда гуфт:

-Маҳваш, чашмонатро кушо! Ин ҳақиқат аст ва аз имрӯз эътиборан ту дигар маро ҳаргиз вонамехӯрӣ, минбаъд мисли дигарон умуман бо чашми сар намебиниям!

Ҷавон инро гуфта аз ҷояш хест ва “Алвидоъ, Маҳваш! Фаромӯш накун, ки ту аз тамоми мушкилиҳо дида, боқувваттарӣ!” – гуфта роҳӣ шуд.

Маҳваш ҳайратзада аз паси ҷавон нигоҳ мекард. Ҷавон пас аз ду се қадам гузоштан ба қафо баргашта гуфт:

-Маҳваши азиз, Худованд ҳамеша дуои бандагонашро мешунавад. Инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш макун!

Ин сухани ҷавон дар лабони Маҳваш табассумро бедор кард ва ҷавони ношинос аз пеши назари Маҳваш оҳиста – оҳиста нопадид гашт. Маҳваш бошад, ҷузвдонашро бардошта, ба самти дигар роҳӣ гашт ва дид, ки шавҳараш дар даст писарчааш бо дастагули зебое ба табрики ӯ омадаанд...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД