arzon replenishment
Ношинос Кисми 2
2154

Маҳваш дигар аз касе кӣ будани писарро ҷӯё нашуд. Аниқтараш тарсид, ки мабодо гапу калоча кунанд.

Маҳваш ҳамарӯза мехост барвақттар ба мактаб биёяду ҳамон писарро бубинад ва кӯшишҳояш баръабас намерафтанд. Писарак ҳар рӯз дар роҳрав мунтазири Маҳваш буд. Маҳваш мехост аз ӯ номашро пурсад, вале шарм медошт ва ба ҳамон як “салом” додан, роҳашро давом медоду фикру хаёлаш шабу рӯз банди ҳамон писар мегашт.

Рӯзе Маҳваш ҷуръат карда, аз ӯ номашро пурсид. Дар ҷавоб писар табассуми зебе карда чизе нагуфт. Рӯзи дигар ҳамон писар назди Маҳваш омад ва коғазчаеро ба ӯ дода гуфт: “Ин барои шумо”.

Маҳваш бо хушҳолии пинҳонӣ коғазчаро гирифта, ба синфхона даромаду ба хондани он шурӯъ кард:

“Ба Маҳваши зебову нозанин салом! – Маҳваш ҷумлаи аввалро ду-се маротиба такроран хонд, ки мабодо нодуруст нахонда бошад. – Ман духтареро ба ин ақлу заковат ва донишмандӣ ҳеҷ надида будам. Ҳар боре, ки шуморо бубинам, гумон мекунам, офтоби зиндагиям тулӯъ мекунаду шабҳои торам бо нури маҳтоб равшан мегардад. Ростӣ, сухани бисёре дорам, вале метарсам, ки дар васфатон камӣ мекунад. Танҳо ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки шуморо дӯст медорам! Бо самимияти хоса, мадюни шумо...”

Маҳваш номаи кутоҳро такрор ба такрор хонда, гул-гул мешукуфт. Дар дилаш мегуфт, нафаре будааст, ки маро низ дӯст дорад. Аз ҳамон рӯз иборатан Маҳваш тағйир ёфт. Дубора ханда болои лабонаш гул мекарду ба худ аҳамият медод. Суханони Марям ва корҳои кардаи атрофиёнро дар ҳаққаш фаромӯш кард. Рӯз то рӯз дигар мешуд. Боз китобу дафтарро мекушоду бо шавқи тамом дарс тайёр мекард ва китобҳои гуногунро мехонд. Бо писар доимо вомехӯрданд. Аз мувафаққиятҳо ба ҳамдигар қисса мекарданд, писар шавқи китобхониро дар Маҳваш бештар бедор мекард. Ӯ нафарони китобхонро таърифу тавсиф намуда, онҳоро ба дарахтони пурсамар ташбеҳ медод. Монанди эшон буданро ба Маҳваш талқин мекард. Ҳамсинфони Маҳваш аз ин дигаргунӣ дар ҳайрат буданд. Маҳваш дар назари онҳо рӯз ба рӯз зеботар менамуд...

Аз байн чанд сол сипарӣ гашту Маҳваш мактабро бо шаҳодатномаи аъло хатм карда, ба донишгоҳ дохил шуд. Дар тӯйи Марям ва дигар ҳамсинфони нозанин ҳам ширкат кард. Писараки ношинос акнун ҷавони қадрасу зебое гашта буд. Маҳваш дар донишгоҳ низ бо кӯмаки ҷавон нағз таҳсил мекард. Волидон ва бародаронаш аз Маҳваш розӣ буданду ҳама ҷо бо сари баланд мегаштанд. Рӯзе модар Маҳвашро назди худ хонду гуфт:

-Духтарам, ту акнун қадрас шудаӣ. Вақти он аст, ки аз пайи зиндагии мустақилонаи худат шавӣ.

Гӯшҳои Маҳваш маҳкам шуданд, ӯ ҳоло ҳам намефаҳмид, ки чаро модараш чунин мегӯяд. Бо чашмони пуроб ба модар нигоҳ карда гуфт:

-Модарҷон, оё шумо дар ин хона будани маро намехоҳед?

-Не, не духтарам, ту чиҳо гуфта истодаӣ? Модарат хушбахтии туро мехоҳад,-гуфт табассумкунон модар,-хостгори арзандае омадааст. Падарат ҳам розӣ. Танҳо розигии худат мондааст.

Чашмони танги Маҳваш калон-калон кушода шуданду ба маънои “Ана гап дар куҷо” ҷониби модар дӯхта шуданд. Модар зуд пай бурда:

-Не нагӯ, духтарам, инсонҳои нағзанд. Ба умед омадаанд. Ту ҳеҷ гоҳ сари моро паст накарда будӣ. Ҳоло ҳам нагузор, ки паст шавад,-гӯён гирён шуд.

Маҳваш дар бехи гӯши модараш пичиррос зад :

-Модарҷон, ман... ман... дӯстдошта дорам.

Модараш як қад парида:

-Дурӯғ мегӯӣ! – гӯён, ҳам бо тааҷҷуб ва ҳам бо ғазаб ба духтараш нигарист.

Маҳваш аз шарм сурх шуд, вале исрор кард, ки рост мегӯяд.

Модараш кӣ будани он ҷавонро пурсуҷӯ кард, номашро, падару модарашро, макони зисташро пурсон шуд, лекин Маҳваш ба ягон суоли модар ҷавоб дода натавонист. Модараш “чӣ хел дӯстдошта, ки ҳатто кӣ буданашро намедонӣ” гӯён баромада рафт.

Маҳваш пагоҳӣ ба донишгоҳ омад ва пас аз дарс мисли ҳарвақта мунтазири ҷавон шуд. Ҷавон бо чеҳраи хандон омаду боз салом дод. Аз дарсҳо пурсон шуд. Маҳваш баъди ҷавоб додан аз ҷавон пурсон шуд:

-Ману шумо чандин сол аст, ки ҳамдигарро мешиносем. Лекин то ҳол номатонро ба ман нагуфтед. Ҷои зистатонро, падару модаратонро...

-Шуд, шуд, - бо табассум гуфт ҷавон, – вақташ ояд, ҳамаашро мегӯям. Шумо осуда бошед.

Маҳваш чизе нагуфт. Ҳамин вақт як ҷавони суратгир аз наздашон мегузашт. Маҳваш ӯро боздошта гуфт:

-Ако, ҳар дуи моро акс гиред.

Аккос ҳайрон ба Маҳваш нигаристу гуфт:

-Ҳардуи шуморо??

-Бале!

Ҷавон китф дарҳам кашиду :

-Ҳъ! Хуб! – суратгир акс бардошту рақами телефон пурсид. Маҳваш рақами телефони худашро ба ӯ доду аз он сурат дуто бароварданро фармоиш дод. Ҷавон ба соати дастиаш нигоҳ карда гуфт:

-Ман бояд равам. Соҳиби хона иҷорапулиро гирифтанӣ меояд.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД