Аксари мардони тоҷик нос ё сигор мекашанд. Дар байни афроди носкашу сигоркаш мардони намозхон ҳам ҳастанд ва аксар вақти байни онҳо баҳсу мунозира ба миён меояд.
Яке мегӯяд, ки нос ва сигор таҳоратро намешиканад, дигарӣ баръакс даъво мекунад, ки фақат обгардон кардани даҳон баъди кашидани нос кофӣ нест, ҳатман таҳорат карда, баъд намз хондан лозим аст. Илтимос, ба ҳамин масъала равшанӣ андозед, ки нос ва сигор таҳоратро мешиканан ё не?
Нуруллои Саид, ш. Сарбанд
Посух
Нос узви инсонро карахт менамояд, ки дар натиҷа эҳтимол ё хатари баромадани бод вуҷуд дорад. Аз ҳамин хотир, баъди кашидани нос одам бояд аз нав таҳорат намояд. Сигор таҳоратро намешиканад, вале кашиданаш макруҳи таҳримӣ мебошад. Уламои мутақаддим дар бораи носу сигор чизе нагуфтаанд, зеро ин ду мавод баъд аз аҳди онҳо пайдо шуд. Уламои мутааххир дар истеъмоли нос ва сигор ихтилофи назар доранд. Баъзе ҳардуро ҳаром мегӯянд, чаро ки ба узвҳои инсон зарарҳои зиёд мерасонанд, ки инро тиб низ исбот намудааст.
Ҳар чизе, ки ба ҷисму ҷон ё рӯҳу равони инсон зарар расонад, вобаста ба ҳаҷми зарараш макрӯҳ ё ҳаром мебошад. Бо вуҷуди ин, нос ва сигорро баъзе мубоҳ мегӯянд ва баъзе макрӯҳ мегӯянд.
(“Фатовои Комилия”).