Кӯдакон дар ҳақиқат гулҳои ниҳоли умри инсон ва маънии зиндагии волидон мебошанд, вале на ҳамаи падару модарон ба фарзандон ба қадри кофӣ меҳру муҳаббат дода метавонанд.
Аз волидон дар давраи кӯдакӣ ба қадри кофӣ меҳру муҳаббат надидан ба саломатӣ ва ояндаи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мо қарор додем имрӯз дар боби нақши падару модар дар ҳаёти кӯдак ва таъсири норасоии меҳру муҳаббати волидон ба саломатӣ ва ояндаи онҳо каме маълумот диҳем.
Муносибати сард бо фарзанд тарбия нест
Муҳаббати волидон барои кӯдакон дар зиндагӣ аз ҳама чиз муҳимтар аст, чунки танҳо дар муҳити пур аз меҳру муҳаббати оилавӣ кӯдакон ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз назари равонӣ солим ба воя расида, дар оянда дар ҷомеа низ ҷою мақоми худро ба осонӣ меёбанд.
Албатта ҳар як инсон фарзандони худро, ки пораҳои ҷисму ҷонаш мебошанд, дӯст медорад, аммо дар кишварҳои шарқӣ бархе аз падару модарон аз тарси он ки фарзандонашон нописанд ва мағруру худхоҳ нашаванд, аз овони кӯдакӣ бо онҳо сард муносибат мекунанд ё аз ҳад зиёд сахтгирӣ менамоянд, ки ин ба саломатӣ ва рӯҳияи кӯдакон зарба зада метавонад.
Падару модароне низ ҳастанд, ки фарзандонашонро сахт дӯст медоранд, вале чӣ тавр нишон додани эҳсосоташонро намедонанд ва хатоҳои волидайни худро такрор мекунанд. Дар натиҷа бо кӯдак муносибати сард намудан ба силсилазанҷири оилавӣ табдил ёфта, кӯдакони як авлод насл ба насл бо камбуди меҳру муҳаббат ба воя мерасанд.
Кӯдаки бе муҳаббат ба воя расида худро дар зиндагӣ бадбахт ҳис мекунад
Кӯдаконе, ки аз волидонашон ба қадри зарурӣ меҳру муҳаббат надидаанд, худро дар зиндагӣ бадбахт эҳсос мекунанд, зеро аз муҳимтарин чиз - муҳаббат ва амният, ки танҳо падару модар дода метавонанд, маҳрум ҳастанд. Чунин кӯдакон худро дар оила нолозим ҳис карда, азоби рӯҳӣ мекашанд. Кӯдак эҳсос мекунад, ки волидонаш ба қадри зарурӣ ӯро дӯст намедоранд ё иштибоҳан таваллуд шудааст.
Муҳаббат аз батни модар сар мешавад
Тадқиқотҳои олимон нишон медиҳанд, ки муҳаббат аз батни модар оғоз меёбад. Тифл ҳанӯз дар шиками модараш ҳис мекунад, ки волидонаш, махсусан модараш, то кадом андоза ӯро дӯст медоранд ё нисбаташ бепарвоянд. Зани ҳомила, агар ба тифли дар батнаш буда аҳамият надиҳад, кӯдак аз батни модар бо норасоии муҳаббат ба дунё меояд.
Ба сари кӯдаки хурд дод назанед!
Пас аз таваллуд, дар солҳои аввали ҳаёташ кӯдак ба меҳру муҳаббати волидон бештар ниёз дорад. Агар падару модар бо андешаи он ки тифл ҳанӯз хеле хурд аст ва гапро намефаҳмад, нисбаташ бепарвоӣ намуда, бо фарзанди навзод ё то сесолаашон аслан гап назананд, ба кӯдак дар бораи чӣ қадар ӯро дӯст доштанашон чизе нагӯянд ва танҳо бо сер кардани шиками тифл вазифаи худро иҷрошуда ҳисоб кунанд, кӯдак дер гап мезанад, нисбат ба дигар кӯдакон дертар роҳгардиро ёд мегирад ва дар инкишоф қафо мемонад. Волидон ба сари кӯдаки хурдсол дод зананд, бо мақсади тарбият додан аз рӯзҳои аввали ҳаёт нисбати кӯдак сахтгирӣ намоянд, кӯдак тарсончак ба воя мерасад.
Умуман, муносибати сарди волидон дар тамоми раванди зиндагии кӯдакон таъсири номатлуб мегузорад.