Раъною Барно
Тоири духтур ду духтар дошт, духтаронаш дар зебогиву ҳунармандиву донишу савод на танҳо дар деҳа, балки дар ноҳия машҳур буданд. Худаш, ки духтур буд, ба хонааш меҳмонони зиёде меомаданду овозаи дастархондории ӯро то дергоҳ таъриф мекарданд.
Занаш Зулфия-хола тамоми ҳунарҳои аз модар мерос гирифтаашро ба духтарони нозанинаш омӯзонида буд. Хешу табораш ба Тоири духтур маслиҳат медоданд, ки зани дуюм гирифта, соҳиби писар шавад, зеро духтар моли мардум асту ӯро мебаранд. Писар бошад, ба хонаи падар зан оварда, авлодро зиёд мекунад, аммо Тоири духтур ба кунҷковон як ҷавоб дошт:
-Ман тори мӯйи Раънову Барноямро ба сад писар намедиҳам, Худованд бахташон диҳад, хонаам пури набера мешавад.
Раъно муаллима шуду Барно духтур, танҳо баъди гирифтани дипломҳояшон падар хостгоронро қабул кард. Тоири духтур пеши худ қавл дода буд, ки духтаронашро ба писарони ҳамдеҳааш медиҳад, то аз назараш дур набошанд. Раъноро ба писари ҳамсояи дасти чапашон мӯйсафеди Иброн, Олимҷон дод. Олимҷон мисли Раъно муаллим буд, аслан Олимҷон Маҷнуни Раъно буду ба хотири дӯстдоштааш зан нагирифт, додарашро зан доданду баъд ӯ хонадор шуд.
Зиндагии ҷавонон ширин оғоз шуд, Раъно пайи ҳам ду писари паҳлавон таваллуд карда, сари пайвандонашро ба осмон расонд. Ҷамил яксола нашуда, Ҷамолаш таваллуд шуду бо маслиҳати калонсолон, писари калонияшро ба падару модараш дод. Аслан, Олимҷон хусурашро мисли падараш эҳтиром мекарду баъди издивоҷ бо Раъно ҳама кори мардонаи хонаи онҳоро худаш мекард. Акнун навбати шавҳар кардани Барнои нозанин расид…
Зани бойбача
Ба Барно як ҳамдеҳаашон барои писараш хостгорӣ омад, ки на танҳо дар ноҳия, балки яке аз сарватмандони кишвар ба ҳисоб мерафт. Тоири духтур розӣ нашуд, зеро ӯ намехост бо сарватмандон сару кор дошта бошанд.
Аммо он мард мардони обрӯманди ноҳияро миёнарав карда, оқибат Барноро келин кард. Аввалин шарти домод ва пайвандонаш баъди тӯй ба Барно ҳамин буд, ки кор намекунӣ! Барно дар тарбияи модари порсо ба воя расида, не нагуфт, ба рӯйи шавҳару пайвандонаш нигоҳ накард. Ваќте Барноро хонаи падараш ба маъракаи талбон бурданд, Тоири духтур аз ин амри хонаи қудояш дар ғазаб шуда, хост бо онҳо гап занад, аммо Барно нагузошт.
-Дадаҷон, илтимос, худатонро ганда накунед, майлаш ҳоло кор намекунам, боварӣ дорам, баъд розӣ мешаванд.
Барно дурӯғ мегуфт, падараш аз чашмҳои духтараш фаҳмид, ки ӯ хушбахт нест, аммо дигар чизе нагуфт. Барнои нозанин дар хонадони сермеҳмони хусури тоҷиру серпулаш ба хизматгор монанд буд. Саҳар соати чор хеста, шаб соати дувоздаҳ, як мехобид, шавҳараш ҷӯрабози гузаро буд ва ба вай кам аҳамият медод. Хушдоману хоҳаршӯйҳояш ба хизматаш бо таҳқир ҷавоб мегуфтанд, вақте ки вай дар ду деги калон хӯрок мепӯхту аз ин тараф ба он тараф медавид, хушдоманаш бо ханда ба духтаронаш мегуфт:
-Як хело “шӯи бой мекунаму хӯрда мегардам” гӯён, ҳавас мекунанд, бечораҳо намедонанд, ки хонаи шӯ арра дорад, барои нони шӯя хӯрдан дандони пӯлодин даркор! -Барно мегирист, аммо пинҳон, хуни дил мехӯрд, вале сири хонаашро намебаровард. Бо ҳамин азобҳо як духтару ду писар ба дунё овард, то вақти падараш зинда будан кам-кам қадр дошт, аммо...
давом дорад.