Formula novemver 2024
Номномаи Исломӣ | Номҳои писарона бо ҳарфи "Ғ"
6489

Ғ –

 

ҒАВВОС غواص а.м. 1. ҷӯянда дар об

2. мададгор.

ҒАВС غوث фарёдрас.

ҒАЙБУЛЛОҲ а. غیب الله аз таркиби «ғайб» ба маънии пинҳон ва Аллоҳ, ном ва сифати мардони дилогоҳ ва авлиёхислат, ки бо инояти Худо воқеаро пеш аз вуқӯъ эҳсос мекунанд.

ҒАЙРАТ а. غیرت 1. рашк («ФЗТ», «Муъин», «Фарҳанги Асадӣ»);

2. саъю ҳаракати бисёр («ФЗТ»);

3. ҷуръат, ҷасорат («ФЗТ»); ҳамият («Муъин», «Фарҳехта»);

4. номуспарастӣ («Муъин», «Амид», «Дурҷ»).

ҒАНӢ а. غنی 1. бой, давлатманд, тавонгар («ФЗТ»); ганҷвар, доро, моядор, пурхоста, доранда, молдор, давлатёр («Вожаҳои сара», «ФНЭ», «Муъин», «Фарҳехта», «Амид», «Дурҷ», «Деҳхудо»);

2. бениёз («Вожаҳои сара», «ФЗТ», «ФНЭ», «Муъин», «Муҳаззаб-ул-асмо», «Деҳхудо», «Амид», «Дурҷ»);

3. арҷманд («Вожаҳои сара»);

4. соҳиби ҷамол («Латоиф-ул-луғот», «Деҳхудо»), «Дурҷ»); 

5. ниг. Абдулғанӣ.

ҒАРИБ а. غریب 1. нодир, аҷиб

2. мусофир

ҒАФУР а.غفور 1. омурзгор («ФНЭ», «Мунтаҳо», «Онандроҷ»); бахшоянда, омурзанда («Вожаҳои сара»); омурзандаи гуноҳ («ФНЭ»; пӯшандаи гуноҳ («Муҳаззаб-ул-асмо», «Деҳхудо»); 

2. ниг. Абдулғафур.

ҒАФФОР а. غفار1. бисёр омурзанда («ФНЭ», «Амид»); омурзгор, омурзишкор («Вожаҳои сара»); омурзандаи гуноҳ («Дурҷ»); 

2. ниг. Абдулғаффор. 

   ҒАЮР-  غیور далер, нотарс, боғайрат

ҒИЁС а. غیاث1. фарёдрасӣ; чизе, ки ба воситаи он аз сахтие раҳоӣ меёбанд («ФЗТ», «Мунтаҳо», «Деҳхудо», «Дурҷ», «Амид»);

2. фарёдрас, мададгор («Фарҳехта», «ФНЭ», «Fиёс», «Онандроҷ»);

3. паноҳ, паноҳхохӣ («Вожаҳои сара»);

4. номе аз номҳои Худои мутаол («Фарҳехта»); фарёдраси бандагон («Муҳаззаб-ул-асмо», «Деҳхудо»).

ҒИЁСУДДИН а. غیاث الدین 1. мададгори дин;

2. ибни Искандар, маъруф ба Аъзамшоҳ аз мулуки Бангола («Деҳхудо»); Шиблии Нуъмонӣ ҳикоят мекунад, ки Султон Ғиёсуддин ибни Султон Искандари Банголӣ бо Ҳофиз ирсолу мурсале дошт ва шоирро барои ӯ ғазалест маъруф, ки ин абёт аз он аст:

ҒОЗӢ а. غازی ҷиҳодкунанда дар роҳи ислом.

ҒОИБ а. غایبаз чашм дур.

ҒОИБНАЗАР غایب نظار сифати Худои ғоиб.

ҒОЛИБ а.غالب 1. ғалабакунанда, чира, забардаст («ФЗТ»); қоҳир («ФНЭ»); пирӯз («Фарҳехта», «Амид», «Вожаҳои сара»); тавоно «Муъин»;

2. зиёда, бисёр, фаровон; бештар, аксар («ФЗТ», «ФНЭ»); афзун («Муъин», «Амид»);

3. яке аз номҳои Худои таоло («Муҳаззаб-ул-асмо», «Деҳхудо»).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД