Arzon march 2024
Номномаи Исломӣ | Номҳои писарона бо ҳарфи "З"
11057

З –

 

ЗАЙДУЛЛОҲ а. زید الله атои Худо.

ЗАЙНУДДИН زین الیدن мӯҷиби ороиши дин («ФНЭ»); зеби дин;

ЗАКАРИЁ زکریا 1. номи пайғамбаре аз банӣ Исроил дар қарни шашуми қабл аз милод, гӯянд, ба иғвои шайтон ба дарахте паноҳ бурд ва дар он ҳолат, ки вай дар миёни дарахт буд, он дарахтро арра карданд («Амид»); номи набӣ (а) («Музил-ул-ағлот», «Fиёс», «Онандроҷ», «Деҳхудо»);

2. Закариёи Розӣ – табиби машҳури эронӣ («ФНЭ»).

ЗАМИР а. ضمیر 1. дил, қалби инсон («ФЗТ»); ботини инсон, андаруни дил («Амид»). 2. чизе, ки кас дар дили худ гузаронад, фикри пинҳонӣ, хаёл («ФЗТ»); сирри пинҳон, роз («Фарҳехта»); андеша ва рози нуҳуфта дар дил («Амид»);

3. он чи дар хотир бигзарад; андеша («Фарҳехта»); андеша («Вожаҳои сара»);

4. виҷдон («Фарҳехта»).

  ЗАБИР -  زبیر сахт, қавӣ, неруманд; номи саҳобӣ

  ЗАЙД - (арабӣزید афзоянда, фаровон; номи саҳобӣ

  ЗАКАРИЁ -  زکریا ба ёд оварандаи Худо; номи пайғамбар

  ЗАРБАХШ زربخش бахшанда ва атокунандаи зар («ФНЭ»); зарбахшанда, бахшандаи зар, ки зар ато кунад («Деҳхудо»).

ЗАРИФ а. ظریف 1. хуштабъ («ФЗТ»); латифагӯй («Муъин»); нуктасанҷ («Амид», «Дурҷ»); хушгуфтор, ширинзабон, ширингуфтор, хушзабон;

2. тезфаҳм («ФЗТ»); зирак («Муъин», «Дурҷ»);

3. латиф, маҳин, нозук («ФЗТ»); 

4. зебо, хушшакл («Муъин», «Дурҷ»); хушрӯй («Деҳхудо»); хушгил, хушҳайкал («Амид»).

   ЗАКӢ -  ذكی заковатманд, тезфаҳм, ҳушёр

   ЗАМОН -  زمان вақт, ҳангом, айём, давр, аҷд

   ЗАРНИЁ زرنیا оғушта ба зар, заррин («Зебоном»).

ЗАРНӮШ زرنوش 1. дурахшон ва ҷовид, ҳамеша заррин ва дурахшон («Зебоном»).

2. номи шаҳре, ки Доро бино карда буд.

ЗАРШО زرشا хушнуд, шодмон («Зебоном»).

ЗАҲИР زهیر  1. сазовори ниёиш («Зебоном»);

2. номи яке аз сардорони шоҳ Кайхусрав («Зебоном»);

3.Тахаллуси шоири номвар Заҳири Форёбӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(5)
Зоид 2023-06-28, 12:21
00
Посух
Зайниддин 2023-08-03, 22:32
Маънои ном
Посух
зеҳнӣ 2023-08-13, 14:03
мазмун
Посух
Сайнисо 2023-11-01, 21:55
Маьнояш чист
Посух
Дилноза 2023-11-06, 07:17
Маънои номам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(5)
Зоид 2023-06-28, 12:21
00
Посух
Зайниддин 2023-08-03, 22:32
Маънои ном
Посух
зеҳнӣ 2023-08-13, 14:03
мазмун
Посух
Сайнисо 2023-11-01, 21:55
Маьнояш чист
Посух
Дилноза 2023-11-06, 07:17
Маънои номам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД