arzon replenishment
Номномаи Исломӣ | Номҳои писарона бо ҳарфи "В"
11646

В –

 

ВАДУД а. ودود 1. дӯст, муҳиб («ФЗТ»); дӯст («Мунтаҳо», «Онандроҷ», «Нозим»); маҳбуб («Ақраб-ул-маворид»); дӯстдори мутеъон, дӯстдор («Муҳаззаб-ул-асмо», «Деҳхудо»); бисёр меҳрубон, бисёр дӯстдоранда («Фарҳехта», «Дурҷ»).

2. бисёр маҳбуб («Мунтаҳо», «Ақраб-ул-маворид»); бисёр бомуҳаббат («Нозим», «Деҳхудо»); бисёр меҳрубон, бисёр дӯстдоранда («ФНЭ»; 

3. ниг. Абдулвадуд.

  ВАЗИР -  وزیر мададгори наздик, ёрирасони содиқ

  ВАКИЛ - وکیل намоянда, гумошта; мудофеъ

  ВАРЗА ورزه деҳқон.

  ВАССОФ وصاف васфкунанда, таърифкунанда; санохон

  ВАЛӢ а. ولی 1. дӯст ва содиқ; ёвар, мададгор («ФЗТ», «Амид», муҳиб ва сиддиқ («Ақраб-ул-маворид»); ёридиҳанда («Fиёс»); сиддиқ, ёр («Фарҳехта», «ФНЭ», «Муъин»); муқобили адӯ («Дурҷ»).

2. соҳиб; хоҷа; мураббӣ («ФЗТ»); мутасарриф ва соҳиб ва худованд («Fиёс»); нигаҳбон («Муъин»); ҳофиз («Дурҷ»);

3. касе, ки уҳдадори умури каси дигар бошад («Амид»); мутасарриф бар касе, мутасарриф дар амр; касе, ки уҳдадори анҷоми корҳои каси дигар аст («Муъин»); 

4. қариб, наздик, муқарраб (ба Худо); одами муқаддас («ФЗТ»); бандаи неки муқарраби ҷаноби Ҳақ таоло («Fиёс»); бандаи муқарраби даргоҳи Борӣ таоло («Амид»); Бандаи неки Худо («Дурҷ»); бандаи некӯ, муқарраби Худованди таоло.

5. озодшуда («Деҳхудо»);

6. ҳамсоя («Деҳхудо»);

7. Ҳазрати Алӣ (а) («Деҳхудо»); яке аз чаҳор ёрони босафо Алӣ ибни Абуттолиб (а).

7. таркиби номсоз, масалан Валинеъмат, Валиаҳмад, Вали-муҳаммад, Валиҷон (хон) ва назири инҳо.

ВАЛИД а. ولید 1. мавлуд, зода («ФНЭ», «Муъин», «Амид», «Дурҷ», «Мунтаҳо»); мавлуд ҳангоме, ки таваллуд мешавад («Ақраб-ул-маворид», «Муҳаззаб-ул-асмо», «Деҳхудо»);

2. кӯдак («Муъин», «ФНЭ», «Дурҷ», «Мунтаҳо», «Fиёс», «Деҳхудо»); навзод («Амид»); 

3. банда («ФНЭ», «Амид», «Муъин», «Дурҷ», «Мунтаҳо», «Деҳхудо»).

ВАЛИЮЛЛОҲ а. ولی الله дӯсти Худо («ФНЭ»). 

ВАФО а. وفا 1. ба ҷо овардани ваъда («ФЗТ»); ваъда ба ҷо овардан ва ба сар бурдани дӯстӣ ва аҳди сухан («Fиёс»); ба ҷо овардани аҳду паймон ва пойдорӣ дар дӯстӣ («Муъин», «ФНЭ»); ба сар бурдани аҳду паймон («Фарҳехта»); нигаҳдории аҳду паймон («Амид»); паймондорӣ («Вожаҳои сара»); ба сар бурдагии аҳду паймон ва қавлу сухан ва дӯстию истиқомат («Нозим»); сабот дар аҳду паймон ва қавлу сухан ва дӯстӣ ва сафо ва сидқу замонат дар кор ва кирдор («Деҳхудо»);

2. дурустаҳдӣ, садоқат, устуворӣ дар аҳду паймон ва дӯстию муҳаббат («ФЗТ»); дӯстӣ, самимият, аҳд, паймон («ФНЭ», «Вожаҳои сара»); муқобили ҷафо («Деҳхудо»), («Дурҷ»).

3. Мирзо Муҳаммадҳусайни Фароҳонӣ мутахаллис ба (Вафо) аз шуарои маъруфи авоили қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ. Ӯ дар тарвиҷи маорифи асри худ кӯшиш намуд ва ба соли 1209 ҳ.қ. дар Қазвин даргузашт («Дурҷ»).

ВАҲДАТа.وحدت ягонагӣ, якӣ

ВАҲИД а. وحید 1. якто, танҳо, ягона («ФЗТ»); мунфарид («Фарҳехта», «ФНЭ», «Муъин»); так, якка («Вожаҳои сара»); фард («Нозим»). 

2. касе, ки дар дониш ё ҳунаре назир надорад («Фарҳехта», «Дурҷ»); донишманди беназир («ФНЭ»);

3. маҷ. беназир, бемислу монанд («ФЗТ», «Муъин»). 

ВАҲҲОБ а. وهاب ниг. Абдулваҳҳоб.

ВАҶЕҲУДДИН а. وجیه الدین аслан лақаби фахрӣ мебошад ва маънои шахси муътабари динро дорад.

ВИЖА ویژه1. пок наёлуда, соф;

2. баргузида, писандида.

ВАЛО а. ولا 1. муҳаббат, дӯстӣ («Муъин», «Амид», «Ғиёс»); садоқат, мусодиқат («Дурҷ»); 

2. қаробат, хешӣ («Муъин», «Амид», «Онандроҷ», «Деҳхудо»); хешовандӣ («Дурҷ»);

3. қурб, наздикӣ («Дурҷ»); 

4. мулк ва подшоҳӣ («Деҳхудо»).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД