– Т –
ТАБАССУМ - تبسم нимханда, лабханд
ТАВОНДУХТ تواندخت духтари қудратманд ва пурзӯр.
ТАВҲИДА - توحیده Худои якаву ягонаро парастанда
ТАЙЙИБА а. طییبه 1. муаннаси таййиб; ба маънии пок ва покиза («Амид»); ҳалол («Деҳхудо», «Амид»); покиза шудан;
2. майл («Амид»);
3. хушии табъ («Амид»);
4. раво («Амид», «Деҳхудо»);
5. шароби софӣ ва холиси он («Мунтаҳо», «Деҳхудо»);
6. маҷ. ҳалол шудан («Fиёс», «Онандроҷ», «Деҳхудо»);
7. хушбӯй шудан;
8. номи Замзам бошад;
9. номи Мадинаи мунаввара ҳам ҳаст;
ТАМАННО а. تمنا 1. хоҳиш, орзу, умед, илтимос («ФЗТ»); ҳавас («Ф.Ҷомӣ»); орзу кардан («Fиёс»);
2. дар асл ба охири ин лафз «ё»-и таҳтонист, магар форсиён ба алиф нависанд ва хонанд; ва ин тасарруф навъе аз тафрис аст; ва дар «Баҳори Аҷам» навишта, ки таманно ба лафзи доштан ва кардан ва пухтан ва бастан мустаъмал аст. («Fиёс»)
ТАНВИРА - تنویره равшанкунанда, мунавваргардонанда
ТАРОНА ترانه 1. суруд («ФЗТ», «Ф.Ҷомӣ»); .
2. дубайтӣ («ФЗТ», «Муъин», «Л.фурс», «Бурҳон», «Сиҳоҳ», «Фарҳанги Рашидӣ»); рубоӣ («Fиёс», «Анҷуманоро», «Онандроҷ», «Нозим»); аз ақсоми шеър аст, ки дорои чаҳор мисраъ аст; дар мисраи аввал ва дувум ва чаҳорум қофия аст ва дар севум лозим нест, баъзе гӯянд, дар мисраи севум ҳам бояд қофия бошад ва илло ҳамон дубайтӣ ва рубоист («Ф.Низом», «Деҳхудо»);
3. тару тоза («Муъин»); ҷавон, тоза;
4. зеборӯй («Муъин»); зеборухсор, соҳибҷамол ва ҷамил;
5. ҷавони хушсурат («Фарҳехта», «Дурҷ»); шоҳиди тару тоза ва соҳиби ҷамол («Бурҳон», «Нозим», «Анҷуманоро», «Онандроҷ»); ҷавони хушсурат ва соҳибкамол («Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»); ҷавони хушгил («Ф.Низом», «Деҳхудо»);
ТАСКИНА - تسكینھ оромкунанда, тасаллодеҳ, дилбардор
ТАҲСИНА - تحسینھ таъриф, офарингӯӣ, некӯ гуфтан
ТАҲМИНА تهمینه номи духтари шоҳи Самангон, ҳамсари Рустами Достон («ФНЭ»);
ТАШРИФА - تشریفھ бузург доштан, бузургқадр гардонидан
ТАЪРИФА - تعریفھ ситоиш, таҳсин; шиносондан, огоҳонидан
ТОБАНДА تابنده дурахшон, нуронӣ, нурпош, дурахшанда; номи зебост барои занон.