sebiston july new
Номҳо бо ҳарфи "С"
11559

– С –

САБЗИНА سبزینه 1. мансуб ба ранги сабз бошад;

2. маъшуқаи гандумгунаро гӯянд, дилбари мавзунқад ва гандумҷурда.

       Дили ман хонаи деринаи туст,

       Ба сад чангу ғубор оинаи туст.

       Дарахти шеъри ман гар сабз монда,

       Зи тоби чеҳраи сабзинаи туст. (Лоиқ Шералӣ)

САБО а. صبا боде, ки аз тарафи шарқ мевазад; шамоли форам, насими салқин («ФЗТ»); боди баҳорӣ («Вожаҳои сара»); боде, ки аз самти шарқ мевазад, боди барин («Амид»); боди хунук ва латиф («ФНЭ»); боди барин, ки ҷои вазидани он аз матлаи Сурайё то Банотуннаъш аст ва онро «қабул» ҳам номанд, хилофи дабур («Мунтаҳо»).

       Бод, к-он аз машриқ ояд, он сабост

       В-он, ки аз мағриб, дабури бовафост. (Румӣ)

      

       Эй сабо, гар ба ҷавонони чаман бозрасӣ,

       Хидмати мо бирасон сарву гулу райҳонро. (Ҳофиз)

САБОҲАТ а. صباحت сафедрӯй, хушрӯй, зебоӣ («ФЗТ»); зебо будан, зебоӣ, хубрӯӣ, сафедрӯӣ, равшании чеҳра, хушгилӣ («Вожаҳои сара»); хубӣ; ва ҷамол («Мунтахаб»); сафедии ранги инсон («Fиёс»); накӯрӯӣ («Ф.Ҷомӣ», «Муъин»).

       Туро сабоҳати турку фасоҳати араб аст,

       Малоҳате, ки миёни аҷам чунон аҷаб аст.(Ҷомӣ)

       Гулистони сабоҳат рӯи туст, оё бувад рӯзе,

       Ки хезам чун насим аз ҷою гулзори туро бинам?

(Мушфиқӣ)

САВСАН سوسن 1. гулест бо баргҳои дароз ва борик ва гулҳои хушбӯ ба рангҳои мухталиф («Муъин»); гулест маъруф – ва он ду қисм аст: сафед, ки онро озод гӯянд ва кабуд, ки онро абарсоъ гӯянд («Мунтахаб»); номи гулест осмонгун («Fиёс»); гиёҳе аз тираи савсаниҳо бо гулҳои фаслии зебо («ФНЭ»); гулест пиёзбех, ки баргҳояш борику баланд буда, гулҳои рангоранги зебо дорад («ФЗТ», «Ф.Ҷомӣ»);

       Ҳарчанд, ки ҳастӣ, эй нигори дилҷӯй,

       Чун лола ҳама рангу чу савсан ҳама бӯй.

(Абдулвосеъи Ҷабалӣ)

       Марди доно гуфт: Нафси ту мисоли савсан аст,

       Бебаҳо имрӯз, лекин бобаҳо фардо шавад.

(Носири Хусрав)

2. зане ромишгар аз Тӯрон («ФНЭ»).

САВСАНБАР سوسنبر 1. касе, ки бараш ба савсан монанд аст («ФНЭ»);

2. гиёҳест.

САДАФ а. صدف 1.ҷилде, ки дар даруни он як навъ ҷонвари баҳрӣҷой дорад («ФЗТ»); қишри (ғилофи) ҳайвони маъруфи баҳрӣ, ки марворид дар даруни он пайдо шавад («Ф.Шоҳнома»); пӯстаи сахте, ки навъе ҷонвари нармтани дарёӣ дар он зиндагонӣ мекунад; анвои садаф вуҷуд дорад аз ҷумла: садафи хӯрокӣ ва садафи марворидӣ («Муъин»);

       Оби садаф гарчи фаровон бувад,

       Дур зи яке қатраи борон бувад. (Низомии Ганҷавӣ)

 

       Ҳар шаҷареро самаре додаанд,

       Ҳар садаферо гуҳаре додаанд. (Ҳоҷӯи Кирмонӣ)

2. моддае, ки ба даруни садаф пайдо шуда, батадриҷ ба гавҳар мубаддал мешавад («ФЗТ»); маъруфтар аз ҳама садафи марворид аст, ки дар дохили бадани худ моддае тавлид мекунад, ки батадриҷ мутаҳаҷҷир мешавад ва ташкили марворид медиҳад («Амид»); гӯшмоҳӣ («Ф.Ҷомӣ»);

       Ба сабр андар садаф борон шавад дур,

       Ба сабр аз лаълу гавҳар кон шавад пур. (Ҷомӣ)

       Зари бисёр чун меҳраш ба каф буд,

       Аз ин гавҳар вале холӣ садаф буд. (Ҳозиқ)

3. се ситора аст ба шакли мусаллас бар даври қутб, ки онро садафи қутб гӯянд («Fиёс», «Деҳхудо»).

САДБАРГ صدبرگ номи гуле мебошад, ки дорои ранги зард бошад ва ба ҳиндӣ онро «генда» мегӯянд; ва низ номи ҳар гуле бошад, ки нисбат ба дигар ақсоми худ соҳиби барги зиёд бошад. ҳазора; ном барои духтарон аст.

       Ҳазорон сифат гул дамида зи санг,

       Зи садбаргу дурӯю аз ҳафтранг. (Асадӣ)

 

       Ба рангу бӯйи он ҳури паризод

       Гули садбарг як даста бад-ӯ дод. («Вису Ромин»)

САДОҚАТ а. صداقت 1. дӯстии самимӣ, дӯстӣ ва ростӣ («ФЗТ»); дурустӣ («Амид»); дӯстӣ доштан («Фарҳехта»); ва муҳаббатест содиқ, ки боис шавад бар эҳтимоми ҷумлагӣ асбоби фароғати сиддиқ ва исор расонидан ба ҳар чиз, ки мумкин бошад («Деҳхудо», «Муъин»); омезиш кардан, дӯстӣ намудан, ёрӣ («Вожаҳои сара»);

Аммо анвоъе, ки дар тахти ҷинси адолат аст, ҳам дувоздаҳ аст, – аввал садоқат… («Ахлоқи Ҷалолӣ»)

2. дурустӣ ва ростӣ («ФНЭ»); ростӣ кардан, росткорӣ намудан, ростгӯйӣ («Мунтаҳо», «Деҳхудо»);

3. ягонагӣ кардан, якрангӣ намудан («Вожаҳои сара»).

САЙЁРА а. سیاره 1. муаннаси сайёр; корвон, қофила («Амид», «Fиёс» («Ф.Шоҳнома»);

       Юсуферо, ки зи сайёра ба сад ҷон бихаранд,

       Бемуҳобош ба зиндони падар боз диҳед.

(Хоқонии Шарвонӣ)

2. ва ҳар ситорае, ки даври хуршед бигардад; дар истилоҳи ҳайат сайёрот ситорагоне ҳастанд, ки фосилаи онҳо нисбат ба якдигар собит нест ва макони худро дар осмон тағйир медиҳанд; сайёроте, ки ба даври хуршед мегарданд, ба тартиби фосила аз хуршед иборатанд аз Уторид, Зуҳра, Замин, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал, Уронус, Нептун, сайёрот аз худ рӯшноӣ надоранд ва аз хуршед касби нур мекунанд («Амид»); ситора, ки ба ҳаракати худ мутаҳаррик бошад ва он ҳафтанд: Қамар, Уторид, Зуҳра, Шамс, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал («Деҳхудо»); ҳар як аз ҳафт ситорае, ки мувофиқи тасаввури ситорашиносони қадим гирди замин чарх мезананд: Қамар (Моҳ), Уторид (Тир), Зуҳра (Ноҳид), Шамс (Офтоб), Миррих (Баҳром), Муштарӣ (Бирҷис), Зуҳал (Кайвон);

       Олам чу яке раванда дарё,

       Сайёра сафина, табъ лангар. (Носири Хусрав)

3. киноя аз ахгар, оташпора, оташак («Ф.Ҷомӣ»);

       Ба захми сум чу захми хора хастӣ,

       Зи ҳар моҳи наваш сайёра ҷастӣ. (Ҷомӣ)

4. духтари вазир дар китоби «Тӯтинома» («ФНЭ»).

САКИНА а. سکینه 1. оромиш, осудагӣ;

       Фархундатар аз сафинаи кӯҳ,

       Ороми дилу сакинаи рӯҳ. (Абдураҳмони Ҷомӣ)

2. виқор;

САЛИМА а. سلیمه муаннаси салим; зани софдил ва покдоман.

САЛОМАТ а. سلامت 1. солим будан, сиҳат-саломат будан; солим, тандуруст («ФЗТ»);

       Чӣ хуш гуфт он накӯгӯю накӯкор,

       Ки сар хоҳӣ саломат, сир нигаҳ дор. (Ҷомӣ)

2. саломатӣ, тандурустӣ, офиятмандӣ; осудагӣ («ФЗТ», «Амид»); амният («Муъин»); таносонӣ («Вожаҳои сара»);

       Ба ман нанмуд гар бахтам раҳи кӯи саломатро,

       Зи ҷустуҷӯи худ пайдо кунам роҳи маломатро. (Махфӣ)

2. дурустӣ; ҳақиқат («ФЗТ»);

Ман гуноҳе накардаам... ва амир аз саломати ҳол маълум надорад. (Авфӣ)

3. беосеб, безарар («ФЗТ», «Ф.Ҷомӣ»).

       Саломат кашам рахти худ бар канор,

       В-аз ин беқарорим зояд қарор. (Абдурраҳмони Ҷомӣ)

4. покӣ ва раҳоӣ аз айбу офат, беайб будан («Амид»); бегазанд шудан («Фарҳехта», «Дурҷ», «Муъин», «Fиёс», «Вожаҳои сара»); покӣ, раҳоӣ аз айбу нанг («Ф.Ҷомӣ»);

       Насозад ишқро кунҷи саломат,

       Хушо расвоии кӯи маломат. (Абдурраҳмони Ҷомӣ)

5. раҳоӣ ёфтан, наҷот ёфтан («Дурҷ», «Онандроҷ»); наҷот («Муъин», «Деҳхудо»);

       Дилу динам шуду дилбар ба саломат бархост,

       Гуфт: Бо ман манишин, к-аз ту саломат бархост.

(Саъдии Шерозӣ)

6. холис аз беморӣ, шифо («Деҳхудо», «Муъин»); сиҳат ёфтан («Вожаҳои сара»);

       Чу баргардад мизоҷ аз истиқомат,

       Ба душворӣ ба даст ояд саломат. (Низомии Ганҷавӣ)

7. таҳният, муборакбодӣ («Ф.Ҷомӣ»);

8. растгорӣ («Вожаҳои сара», «Муъин», «Деҳхудо»);

9. хушӣ, шодӣ («Деҳхудо»);

10. номи зане маҳбуба аз араб («Fиёс»).

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Самиалох 2023-06-10, 01:22
Чи маъни дорад оё дар китоби номхо хаст ё не
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Самиалох 2023-06-10, 01:22
Чи маъни дорад оё дар китоби номхо хаст ё не
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД