– Р –
РАВШАНБОНУ روشنبانو бонуи дурахшон («ФНЭ»); Зани зебо ва нуронӣ.
РАВШАНДУХТ روَشندخت духтари дурахшон («ФНЭ»); духтари моҳрӯ ва нуронӣ.
РАВЗА - روضھ боғ, гулзор
РАДИФА - ردیفھ ҳамсаф, ҳамқатор, ҳамрада
РАЗИШО رزیشاниг. разиш; номест барои занон ва бонувон.
РАЗИЯ а. رضیه муаннаси разӣ; хушнудкардашуда, писандида («ФНЭ»).
РАИСА - رئیسھ сардор, сарпараст, идоракунанда
РАЙҲОН а. ریحان 1. гиёҳи хӯшбӯи бӯиданӣ ва хӯрданӣ, нозбӯ, сипарғам («Муъин», «Фарҳехта», «Дурҷ», «Амид», «Fиёс»);
2. шароби соф, хушбӯи сабзранг («ФЗТ»); гоҳе маҷ. ба маънии шароб ояд («Fиёс»);
3. яке аз хутути исломӣ («ФНЭ»).
РАЙҲОНА а. ریهان1. дастаи райҳон («ФНЭ», «Муъин», «Амид», «Фарҳехта»);
2. Райҳона бинти Зайд – яке аз ду сарияи паёмбар (с) («ФНЭ»).
РАМЗИЯ رمزیه аз вожаи рамз – сухани пӯшидамаъно, имо, ишорат.
РАСО رسا 1. болиғ («Фарҳехта», «Амид», «Нозим», «Анҷуманоро», «Муъин»).
2. расанда, восилшаванда, ноилшаванда («ФЗТ», «Фарҳехта», «Дурҷ», «Нозим», «Деҳхудо»); расанда ба чизе, восил («Онандроҷ»);
3. дароз, баланд («ФЗТ», «Фарҳехта»);
4. тундҳуш, сареъулинтиқол («Муъин», «Деҳхудо», «Фарҳехта»); бисёр тезфаҳм («Амид», «Нозим»);
5. лоиқ, қобил («Фарҳехта», «Амид»); ҳунарманд ва коромӯз ва қобил ва лоиқ ва корсоз («Нозим»); лоиқ ва қобил («Муъин») («Деҳхудо»);
6. бовуқуф («Нозим», «Деҳхудо», «Фарҳехта»);
7. комил ва ин маҷоз аст («Баҳори Аҷам», «Анҷуманоро», «Ф.Низом»);
8. ёбанда, воҷид;
9. ҳосил («Нозим-ул-атиббо», «Деҳхудо»);
10. кофӣ, вофӣ, басанда («Деҳхудо»);
11. бисёр ва вофир ва касир («Шуурӣ»); фаровон («Нозим», «Деҳхудо»);
РАФОАТ а. رفاعت 1. баландӣ, дараҷаи олӣ; 2. осудагӣ, хушӣ.
РАФИҚА - رفیقھ дӯст, ҳамдам, ҳамнишин
РАХШАНДА رخشنده дурахшон, тобон, равшан, мунаввар («ФЗТ»); фурӯзанда, дурахшанда, фурӯзон («ФНЭ», «Муъин», «Ф.Ҷомӣ»); рахшон, партавандоз («Деҳхудо»); рӯшноидиҳанда;
РАХШОНА - رخشانھ рахшанда, дурахшанда, тобон