Sebiston new 2024 october
Номномаи Исломӣ | Номҳои писарона бо ҳарфи "П"
6035

– П –

 

ПАРВИЗ // ПАРВЕЗ پرویز аз номҳои мардон аст; маънии он дар фарҳангҳо: 1. пирӯз, фотеҳ («Муъин», «Фарҳехта», «Дурҷ»); шикастнопазир ва фирӯзманд («ФНЭ»); музаффар, соҳиби зафар;

2. номи писари Анӯшервон;

3. номи Хусрави дувум, шоҳаншоҳи Сосонӣ («Фарҳехта», «Дурҷ»); Хусрави Парвиз подшоҳи Эрон («Ф.Шоҳнома»); куняи Хусрави дувуми Сосонӣ («ФНЭ», «Амид»); бар вазни лабрез; номи подшоҳ, ки ӯро Хусрав гӯянд ва ӯ ошиқи Ширин буд ва номи падараш Ҳурмуз ибни Нӯшервон аст; ӯро Парвез аз он ном кардаанд, ки парвез ба забони паҳлавӣ моҳиро гӯянд ва ӯ шикори моҳиро бисёр дӯст медошт; ва мусаннифи «Мифтоҳул-ул-улум» гӯяд: парвез ғирболе бошад, ки бад-он шакар бибезанд; чун ӯ шакаринкалом буд, лиҳозо Парвез ном карданд («Бурҳон», «Сироҷ-ул-луғот», «Fиёс»); лақаби Хусрав шоҳи Эрон аст, ки аз соли 590 то 628 милоди ҳукмронӣ карда буд; аз рӯи достон ошиқи Ширин буд. 

ПАРИШОД پریشاد зеборӯйи шодмон, зеборухсори дилшод; ном мардонрост.

   Паймон -  پیمان аҳд, шарт, қавлу қарор; андоза; пайванд

    ПАЙРАВ -  پیرو аз қафо ё бо роҳи касе раванда

    ПАРВИН -  پروین маҷмӯи ситораҳои бурҷи Савр, Сурайё

    ПАРТАВ -  پرتو шуоъ, акс, фурӯғ, нур, шӯъла

    ПЕРӮЗ پیروز ниг. пирӯз.

ПЕШДОД پیشداد нахустин қонунгузор, сарсилсилаи Пешдо-диён («ФНЭ»); аз номҳои мардон бошад.

ПЕШРАВ پیشرو пешқадам, муваффақ, комёб. Исми писарон аст.

ПИДРОМ پدرام 1. ороста, пероста, зинатёфта;

2. шод, хушдил, хуш, хуррам;

3. муборак, фаррух, ҳуҷаста, хушхосият;

4. шодӣ, хушӣ;

5. саҳеҳ, дуруст, мувофиқ;

6. мунтазам, доимӣ.

ПИРОН پیران соҳибтадбир, номи вазири Афросиёб, ки марде оқил буд.

ПИРӮЗ پیروز ном барои мардон аст; шахси муваффақу нусратёфтаро гӯянд ва аз ҳамин ҷиҳат бархе волидайн ин ном ба писарашон диҳанд, то ӯ дар ҳама ҷода пешраву комёб бошад; 1. музаффар, ғолиб, фотеҳ, мансур («ФЗТ», «Фарҳехта»); фирӯз, чира («ФНЭ», «Муъин»); комёб («Амид»);

2. маймун, муборак, хуҷаста («Бурҳон», «Онандроҷ», «Фарҳехта», «Муъин»; хушшугун («Ф.Низом»); фархунда («Деҳхудо»);

3. хушу хуррам, комёб («Фарҳехта», «ФЗТ»);

4. номи бародари Шопури якуми Сосонӣ («ФНЭ»).

ПИРӮЗБАХТ پیروزبخت хушбахт, саодатманд, бахтёр, фирӯзиқбол, он ки иқболи музаффар дорад.

ПОКДОД پاکداد 1. додаи пок, падидомада аз покӣ, касе ки соҳибхайр ва додгар бошад;

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Парвиз 2023-09-22, 22:25
Нозанин
Посух
Парвиз 2023-09-22, 22:31
Нозанин
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Парвиз 2023-09-22, 22:25
Нозанин
Посух
Парвиз 2023-09-22, 22:31
Нозанин
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД