Sebiston new 2024 october
Номномаи Исломӣ | Номҳои писарона бо ҳарфи "О"
11895

– О –

 

ОБГИН آبگین ном барои мардон бошад; обгина, шиша, алмос. 

ОБИД а. عابد ибод; исми мардона бошад; маънии он дар луғот: 1. ибодаткунанда, парастанда; худоҷӯй; зоҳид («ФЗТ», «Фарҳехта», «Дурҷ», «Деҳхудо», «ФНЭ»); худопараст; парастор, парастишгар («Вожаҳои сара»);

2. ходим («Ақраб-ул-маворид», «Деҳхудо»);

3. мардеро гӯянд, ки соҳиби номусу нанг бошад; марди боор;

ОБОНДОД آبانداد ном барои мардон аст; дар моҳи обон таваллудшударо гӯянд. 

ОБОНЁД آبانیاد ном барои писарон; маънои он дар фарҳанг: 1. баёдоварандаи моҳи обон;

2. номи мардест, ки дар шаҳре Яздгирди севуми Сосониро дар хонаи худ паноҳ дод («ФНЭ»); 

ОБРУН آبرون исми мардон аст; маънии он дар луғат: 1. шодиофарини дурахшон («Зебоном»);

2. гули ҳамешабаҳор, ҳамеша ҷавон («Зебоном»).

ОБРУХ آبرخ ном барои мардон аст; касе, ки дорандаи рухсораи равшан бошад, дорои чеҳраи равшан; касе, ки соҳибном ва бообрӯ бошад. 

ОБТИН آبتین аз асмои мардон аст; 1. соҳиби рафтор ва гуфтори некӯро гӯянд, некрафтор ва нексухан;

2. номи падари Фаридун мебошад дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ.

ОВГОН آوگان исми писарон; маънии он дар луғат: 1. нотарс, бебок («Зебоном»);

2. номи як лашкарии паҳлавонест аз лашкари Фаридуни Пешдодӣ.

ОВИС آویس номи мардона аст; маънии он дар фарҳанг: огоҳӣдиҳанда («Зебоном»). 

ОВО آوا ном барои мардон бошад; маънии он дар луғат: бонг, наво («Зебоном»).

ОВОН آوان ниг. обон.

ОГОҲ آگاه ном барои мардон: бохабар, хабардор; доно, донанда.

ОДАМ آدم аз номҳои мардон бошад; 1. инсон, башар;

2. дар бораи зиндагии Ҳазрати Одам (а) дар кутуби мухталиф донишмандони соҳибназару муътабар қиссаву ривоёти зиёдеро овардаанд, ки мубтанӣ бар оёти Қуръонанд. 

ОДИЛ а. عادل ном барои мардон; маънии он дар фарҳангҳо: 1. баинсоф, додгар, адолатпеша («ФЗТ», «Муъин», «Мунтахаб», «Мунтаҳо», «Онандроҷ», «Деҳхудо»); он ки ба адолат рафтор кунад; доддиҳанда («Фарҳехта», «Дурҷ», «ФНЭ»); баробаркунанда («Fиёс»); пурдод, ситамшикан ва додгустар; 

2. рост, дуруст, мустақим («Фарҳехта», «Деҳхудо»);

3. росткирдор («ФНЭ»); сифати Хусрави Анӯшервони Сосонӣ, ки адлу додаш дар офоқ машҳур гардида, то ҳанӯз адолатпешагиро ба ӯ – Анӯшервони Одил масал мезанад.

      ОДИМ آدیم ном барои риҷол; адабомӯхта, омӯзишдида.

      ОДИНА - آدینھ рӯзи ҷумъа

       ОЗАР آذر номи писарон аст; 1. оташ;

2. оташи муқаддас, ки дар болои он оташкада месохтанд; маҷ. оташкада (дар Эрони қадим ҳафт оташкадаи машҳур будааст, ки ҳар яке аз онҳо ба яке аз ҳафт сайёра нисбат дода шуда ва ҳар як номи махсус доштаанд); 

3. آزر номи падари Иброҳими пайғамбар, ки бутгар ва ҳайкалтарош буд.

ОЗАРАФРӮЗ آذرافروز аз асмои мардон; афрӯзонандаи оташ, оташдаргирон.

ОЗАРАХШ آذرخش номи мардона; маънии он дар фарҳанг: 1. номи рӯзи нуҳум аз моҳи Озар («ФНЭ»);

2. барқ («ФНЭ»);

3. соиқа («ФНЭ»); 

ОЗАРБАҲРОМ آذربهرام номи мардона; 1. Озари Баҳром, оташкадаи сеюм;

2. номи писари Озарнӯш.

ОЗАРБАРЗ آذربرز ном барои мардон аст; номе дар Доробнома.

ОЗАРБАРЗИН آذربرزین номи маъбаде ва номи оташкадаи шашум, дар Риванди Хуросон, Озари Барзин.

ОЗАРБАХТ آذربخت номи порсӣ; фурӯзонбахт, равшансаодат; ситорагарм. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Озодбахт 2023-05-19, 23:40
Маъноша фаҳмонид
Посух
Ором 2023-05-22, 20:59
Ором
Посух
Мурод 2023-10-13, 12:02
Шоми
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Озодбахт 2023-05-19, 23:40
Маъноша фаҳмонид
Посух
Ором 2023-05-22, 20:59
Ором
Посух
Мурод 2023-10-13, 12:02
Шоми
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД