arzon replenishment
Номномаи Исломӣ | Номҳои писарона бо ҳарфи "Х"
5860

– Х –

    ХАБИР - خبیر огоҳ, хабардор, кордон (яке аз номҳои Худо)

ХАЙЁМ а. خیام 1. устои хаймасозӣ, хаймасоз, чодирдӯз («ФЗТ», «Амид», «Фарҳехта», «Дурҷ», «ФНЭ», «Муъин»); саропардадӯз («Вожаҳои сара»);

3. хайманишин, касеро гӯянд, ки дар хайма рӯз гузаронад, касе ки дар хайма зиндагонӣ кунад, хайманишин; 

4. хаймафурӯш («Амид», «Фарҳехта», «Дурҷ», «Деҳхудо»); 

6. Хайёми Нишопурӣ аз шуаро ва риёзидонони форсу тоҷик, даргузашта ба соли 1123. 

ХАЙР а. خیر 1. хубӣ, некӣ («ФЗТ»); муқобили шар(р);

2. нек, хуб, нағз («ФЗТ»); 

3. фоида, нафъ, манфиат («ФЗТ»).

ХАЙРАНДЕШ خیر اندیش 1. толиби некӣ, хоҳони хубӣ, некхоҳ, роғибу талабгори некӣ барои мардумон;

2. дорандаи андешаи хуб, хубфикр, некпиндор.

ХАЙРУДДИН а. خیرالدین некӯкори дин, шахси ба кори дин хизматкунанда.

ХАЙРУЛЛОҲ а. خیرالله некӯӣ ва хайри Худо.

ХАЛИЛ а. خلیل 1. дӯст, дӯсти меҳрубон, дӯсти наздик («ФЗТ»); дӯсти якдил, дӯсти вежа, дӯсти содиқ («Амид»); дӯсти холис («Фарҳехта», «Дурҷ», «Fиёс», «Муъин»); дӯсти мухлис («ФНЭ»); рафиқ, ёр («Мунтаҳо»); содиқ дар дӯстӣ, холис дар дӯстӣ («Мунтаҳо», «Тоҷ-ул-арӯс»); дӯсте, ки халал дар он нест («Деҳхудо»);

2. шакли кӯтоҳи Халилуллоҳ, ки лақаби Иброҳими пайғамбар аст («ФЗТ», «Ф.Ҷомӣ», «Fиёс»); Иброҳим («Амид»); лақаби ҳазрати Иброҳими пайғомбар аст ва ӯро Халилурраҳмон низ мегӯянд («Деҳхудо»). 

ХАЛИЛУЛЛОҲ а. خلیل الله1. лақаби Иброҳими паёмбар (а); 

2. дӯсти Аллоҳ, дӯсти Худо.

   ХАТТОБ - خطاب хитобкунанда, баёнкунанда

   ХИЗР - خضر сабзазор; номи яке аз пайғамбарони илоҳӣ

   ХИСРАВ // ХУСРАВ خسرو дар «Сироҷ-ул-луғот» ва «Баҳори Аҷам»» 1. шоҳ, подшоҳ, султон, амир («ФЗТ», «Ф.Шоҳнома», «ФНЭ», «Бурҳон»); подшоҳи бузург («Амид»); султони азимушшаън («Фарҳехта», «Дурҷ»); Кисро, Қайсар; ҳар подшоҳи соҳибшавкат («Бурҳон», «Деҳхудо»).

2. некном; некномӣ;

3. номи подшоҳи Эрони қадим, ки аз рӯи достон ошиқи Ширин буд («ФЗТ»); номи Хусрави Парвиз, подшоҳи Эрон («Ф.Шоҳнома»); 

ХОҚОН т. خاقان 1. подшоҳи бузург, хони хонон, шоҳаншоҳ («Ф.Ҷомӣ»); 

2. лақаби подшоҳони муғул ва турк («Ф.Ҷомӣ», «Ф.Шоҳнома»); 

ХОЛИД а. خالد 1. ҷовид, ҳамеша, доим («Fиёс», «Амид»); ҷовидон; ва лозим; ва ғайримунфак аз чизе, аз ин ҷиҳат Худои таолоро холид натавон гуфт («Мунтахаб»); поянда, ҷовидонӣ, мондагор («Вожаҳои сара», «ФНЭ»); ҷовидона («Муҳаззаб-ул-асмо»); побарҷой, барҷой; 

1. унвонест, ки ба подшоҳони Чин ва Туркон додаанд («Фарҳехта», «Дурҷ»).

ХОНЗОДА خانزاده раисзода, шоҳзода, бузургзода.

ХОЛИҚ а. خالق Офаридгор, офаринанда, аз асмои сифатии Худо; ниг. Абдулхолиқ.

    ХОЛИС -  خالص беомезиш, беолоиш, беғаш, соф, пок, сара

     ХОҶА خواجه 1. сардор, сарвар, соҳиб, хӯҷаин («ФЗТ», «Ф.Ҷомӣ»).

2. калимаи лақабмонанд, ки нисбат ба шахси муҳтарам кор фармуда мешавад («ФЗТ»); калимаи эҳтиром («Ф.Ҷомӣ»);

3. Муҳаммад (с)-ро низ Хоҷа гӯянд; он ки шунидаӣ, ки Хоҷаро соя набуд, рост аст аз ду ваҷҳ: яке ваҷҳи он, ки Хоҷа офтоб буд, ки «сироҷан муниран» ва офтобро соя набошад, дувум он, ки ӯ султони дин буд ва султон худ сояи Ҳақ аст ва сояро соя набошад («Фарҳангномаи татбиқӣ»).

4. мурод аз пир, муршид («Ф.Ҷомӣ»).

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Ҳасанбой 2023-09-23, 17:41
Бо як чанд ҳамин номбар монанд бошад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Ҳасанбой 2023-09-23, 17:41
Бо як чанд ҳамин номбар монанд бошад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД