arzon replenishment
Номномаи Исломӣ | Номҳои писарона бо ҳарфи "И"
16737

– И –

 

ИБОДУЛЛОҲ а. عبادالله парастандаи Худо, бандаи Худо, худопараст.

ИБРОҲИМ а. ابراهیم 1. бархе бар он ақидаанд, ки калимаи Иброҳим аҷамӣ буда, ба маънии раҳими арабӣ омадааст ва маънояш падари меҳрубон мебошад;

2. номи пайғамбари пеш аз Ҳазрати Мӯсо мулаққаб ба Халил ё Халилуллоҳ ё Халилурраҳмон; ҷадди аълои банӣ Исроил («Амид»); номи паёмбаре, ки бутҳои хонаи Каъбаро дарҳам шикаст («ФНЭ»); 

3. Абӯисҳоқ – яке аз машоихи сӯфияи Эрон, ки дар қарни дувуми ҳиҷрӣ мезиста, мегӯянд, подшоҳзода буда ва аз салтанат канорагирӣ карда («Амид»); яке аз авлиёи кибор, ки қабл аз ихтиёри фақр подшоҳи Балх буданд; ва номи эшон Иброҳим аст ва номи падари эшон Адҳам («Fиёс»).

ИДРИС ادریس 1. боҳавсала, серҳаракат.

2. номест аз номҳои анбиёи Худо. 

   ИЗЗАТ - عزت эҳтиром, ҳурмат, арҷмандӣ, азизӣ

  ИЗЗАТМАНД - عزتمند арҷманд, сазовори иззату эҳтиром

  ИКРОМ а. اکرام иззат ва эҳтиром намудан; навозиш кардан, лутфу марҳамат ва бахшиш намудан, иззат кардан; ҳурмат, эҳтиром, иззат («ФЗТ»); бузург доштан, гиромӣ доштан («Фарҳехта», «Муъин»); 

2. эҳсон, некӣ («Муъин»).

ИҚБОЛ а. اقبال толеъ, саодат, саодатмандӣ («ФЗТ», «ФНЭ»). 

2. тахаллуси шоири номвари форсизабони Покистон Муҳаммад Иқбол.

ИЛЁС علیاس қувват, қудрат.

2. исмест аз асмои анбиёи офаридгор.

ИЛҲОМ а. الهام ангезиш дар бораи коре, ки мувофиқи эътиқоди динӣ гӯё аз тарафи Худо ба дили касе андохта мешавад («ФЗТ»); ваҳй, суруши худовандӣ, тавфиқ додан, талқин кардан («ФНЭ»); он чи дар дили касе андозад Худои таоло аз хабари вуқӯъи хайр ё шар («Fиёс»); он чи дар дил афканад Худои таоло («Деҳхудо»).

ИМДОД امداد ёрӣ.

ИМОМ امام пешво, пир, шайх.

    ИМРОН -  عمران ободонӣ; умри дарозбин; падари Марям

    ИНОЯТУЛЛОҲ а. عنایت الله (ФНЭ); илтифоти Аллоҳ. 

ИНЪОМ а. انعام ато, бахшиш, ҳадя («ФЗТ»); некӣ кардан («Фарҳехта», «Fиёс»); додан, бахшидан, диҳиш («Вожаҳои сара»); неъмат бахшидан («Муъин», «Мунтаҳо», «Нозим», «Онандроҷ»). 

ИРАМ ارم боғи зебоест, ки Шаддод ном подшоҳ дар Яман бино ниҳода буд.

    ИРФОН - عرفان дониш, маърифат

    ИРШОД -  ارشاد нишон додани роҳи рост, раҳнамоӣ, ҳидоят

   ИСКАНДАР //СИКАНДАР ю.-а. اسکندر//سکندر 1. муаллифи «Муаййид-ул-фузало» гӯяд: Рустание, ки барои баҳрӣ кор банданд ва онро искандарус низ гӯянд ва чунон тасомеъ аст, ки румиён искандарис сирро гӯянд ва он ҳам бахрро дур мекунад; сир.

2. ёвар ва ёрикунанда («ФНЭ»); аликсандарус, мураккаб аз аликсу ба маънии ёрӣ кард ва андарис ва онир ба маънии мард; ҷамъан, яъне ёвару ёрикунандаи мард; асли он Аликсандр аст; араб алиф ва ломи онро таъриф шумурда, ал-искандар гуфтааст («Танқеҳ-ул-мақол», «Деҳхудо»);

3. номи писари Филип подшоҳи Мақдуния («Муъин»); номи шоҳи Мақдуния, ки эшонро тасхир кард («ФНЭ»); номи яке аз подшоҳони Юнони қадим, Искандари Мақдунӣ, маъруф ба Искандари Зулқарнайн, ки дар назди Арасту таълим гирифтааст.

ИРФОН а. عرفان маърифат, дониш, огоҳӣ; дониши махсуси худошиносӣ дар тасаввуф.

Поделиться новостью
Шарҳ
(6)
Зулолахон 2023-05-30, 10:39
Маьруфчон
Посух
Зулола 2023-05-30, 10:40
Маьруф
Посух
Саймумин 2023-06-22, 00:26
Маноаш
Посух
Исхок 2023-07-25, 21:27
Манош чи
Посух
Исроил 2023-09-17, 15:18
Исроил
Посух
Исроил 2023-11-04, 01:41
Мано
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(6)
Зулолахон 2023-05-30, 10:39
Маьруфчон
Посух
Зулола 2023-05-30, 10:40
Маьруф
Посух
Саймумин 2023-06-22, 00:26
Маноаш
Посух
Исхок 2023-07-25, 21:27
Манош чи
Посух
Исроил 2023-09-17, 15:18
Исроил
Посух
Исроил 2023-11-04, 01:41
Мано
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД