– Ф –
ФАВЗИЯ - فوزیھ ғолиб, пирӯз; растагор; муваффақ
ФАЙЗИЯ - فیضھ файздиҳанда, пурхайр, файзбахш
ФАЗИЛАТ а. فضیلت 1. бартарӣ, болотарӣ, афзалият; хубӣ, некӣ («ФЗТ», «Муъин», «Вожаҳои сара»); мазийят, фузунӣ («Мунтаҳо», «Деҳхудо»);
2. бартарӣ дар фазл, илм ва камол; олимӣ, донишмандӣ, боилму бодонишӣ («ФЗТ»); дараҷаи олӣ дар фазл, фузунӣ дар маърифат ва илм («Фарҳехта», «Дурҷ», «Амид»); дониш, фарзон («Вожаҳои сара»); пояи баланд дар ҳикмат ва фарҳанг, хирад;
3. савоб, аҷр («ФЗТ»);
4. сифати некӯ; муқобили разилат; фазилатҳои аслӣ ибора-танд аз: шуҷоъат, иффат, ҳикмат («Муъин», «Деҳхудо»); фазоили аслиро чаҳор донистаанд, ки яке аз онҳо ҳам адолат аст: кадом фазилат, ки аз уммат ба уммат ва аз миллат ба миллат расид ва мардуд нагашт («Калилаву Димна»).
ФАЗЛУННИСО а. فضل النسا зани шоиста, сазовори таҳсин ва офарин.
ФАЙЗИНИСО а. فیض النسا хайру баракати занҳо.
ФАЛАКНОЗ فلکناز болоназар, серноз, пуришва.
ФАРАНГИС فرنگیس 1. хушбахтидиҳанда ба гетӣ;
2. номи духтари подшоҳи Турон – Афросиёб – ҳамсари Сиёвуш ва модари шоҳ Кайхусрави Каёнӣ.
ФАРАҲАНГЕЗ فرح انگیز ангезандаи шодӣ, суруровар, шодибахш.
ФАРАҲБАХШ فرح بخش шодибахш, мафрӯҳ, хурсандиовар.
ФАРАҲНОЗ فرحناز фараҳманди пурноз, касе, ки шодӣ ва нозро бо ҳам дорад.
ФАРЁР فریار дӯст, ёр, дилбар, меҳрварз.
ФАРЗОНА فرزانه 1. ҳаким, донишманд, оқил, фозил («ФЗТ»);
2. шариф, покнажод, муҳтарам («Деҳхудо»), «Амид»);
3. муборак, хуҷаста, фархунда («Ф.Ҷомӣ», «Туҳфат-ул-аҳбоб»);
4. саодатманд («Деҳхудо», «Ф.Ҷомӣ»);
5. вазир дар бозии шатранҷ («Ф.Шоҳнома»);
6. назди муҳаққиқин он ки муҷаррад ва мутлақулинон бошад («Бурҳон», «Деҳхудо»);
7. бофиросат («Деҳхудо»); соҳиби идрок, касе, ки бо дидани зоҳири чизе ботини онро дарёбад ва ҳушёр ва ҳушманд;
8. бузург («Туҳфат-ул-аҳбоб»).
ФАРИД // ФАРИДА а. فرید//فریده Фарид аз асмои мардон ва Фарида аз асмои занон аст; 1. ягона; беназир, бемисл («ФЗТ»);
2. гавҳари нафису қиматӣ («Фарҳехта», «Мунтаҳо», «Ақраб-ул-маворид», «Деҳхудо», «Дурҷ»); гавҳари якто ва гаронбаҳо («Муъин»); гавҳари нафис ва якто («ФНЭ»); ягонагавҳар («Вожаҳои сара»);
3. гавҳаре, ки миёни гарданбанд овезон кунанд («Муъин», «Амид»);
4. пурманиш.