Салом бааҳли эҷоди сомонаи ОИЛА. ТЧ! Мехоҳам саргузашти талху ширинамро дар чанд ҷумла ба шумо ва хонандагонатон нақл намоям.
Ман Парвиз, аз шаҳри Ҳисор. Дар синфи 4-ум мехондам, ки модарам ба бемории саратон гирифтор шуданд. Бар асари ин дарди бедаво рӯз то рӯз рангу рӯйи модари меҳрубонам зардтар шуда, аз по афтиданд. Оҳиста-оҳиста мӯйҳои ғафсу сиёҳаш рехта, очаи сап-сафенди хушрӯям ба пӯсту устухон табдил ёфт. Ман дар он синну сол ҳеҷ бовар карда наметавонистам, ки ин беморӣ оқибат модарамро аз мо мегирад, вале модарам ҳамеша як гапро такрор мекарданд: “Парвизҷон, бачам, Худо дар дасти ягон одами баинсоф занед. Илоҳо зердасту хор нашавед...”
Хулласи калом, ин беморӣ оқибат риштаи умри очаҷонамро барканд. Модарамро гӯру чӯб карданду ним сол пас аммаҳоям падарамро зан доданд. Ростӣ аввалҳо ҳарос доштем, ки бо як зани бегона минбаъд чи хел дар як хона зиндагӣ мекунем, вале моиндарам аз рӯзи аввали ба хонаамон омаданаш меҳру навозишашро ба мо, ятимон арзонӣ дошт. Ману хоҳаронамро мисли фарзанди худаш нигоҳубин мекард, хӯрокамонро гарму ҷойгаҳамонро нарм нигоҳ медошт.
Пас аз хатми мактаб ману писарашро, ки аз ман як сол калонтар аст ба Русия фиристод. Мо пули кор мекардаамонро тин ба тин ба хона мефиристодем.
Моиндари аллакай ба ману хоҳаронам модаршуда ҳамаи даромади моро ҷамъ оварда, ману писарашро ба ду духтари ҳамдеҳаамон номзад кард. Як моҳ пеш мо ҳарду ба Ватан баргаштему ҷомаи домодиро ба бар намудем. Моиндарам ба ду шаҳу ду арӯс нигариста ашки шодӣ мерехт. Бо дидани ин манзара ба маънии гапи солҳо пеш гуфтаи модари раҳматиям сарфаҳм рафта худ ба худ мегуфтам: “Модарҷонам, ором бихоб, мо дар дасти одами баинсоф задем. Эй кош, ки ту мебудиву аз бари рухсораи келинат бӯсида, ба бачаи ягонаат дуо медодиву дар тӯям мерақсидӣ, вале афсӯс, ки инсон пеши аҷал бечора аст....”
Саргузаштамро ба он хотир нақл кардам, ки моиндарро ҳамеша бад карда, ҳамчун золим нишон медиҳанд, вале ба мисли моиндари ман занҳои меҳрубон ва фариштахисоле низ ҳастанд, ки фарзандони бегонаро чун фарзанди худашон қабул карда, сарашонро модарвор сила мекунанд. Ман аз моиндарам аз замин то осмон розиям ва мехоҳам, ки ӯ ҳам аз ман розӣ бошад.
Парвиз