formula feb 2025
Номаи охирини шавҳар (ҚИСМИ 2)
14.03.2025
АРДАШЕР
1536

“Фариштаам, маро бубахш!”. Чунин ном дошт мактуб.

- Дуруд азизам!

Умедворам, ки бо мурури вақту замон номаи навиштаам ба дастат мерасад. Валеи ин нома кай ба дастат мерасад, намедонам...

Азизам! Номае, ки мехонӣ, номаи аввалину охирин аст. Зеро дигар на тавони бардоштани авроқу хома ва на ҳавсалаи навиштан дорам. Танҳо хостам ҳарфи диламро бо худ ба қабр набарам. Хостам барои тамоми азобу ранҷҳои додаам аз ту пӯзиш талабам.

Худамро маҷбур кардам, ки дар охирин лаҳзаҳои ҳаётам аз ту барои ҷумла озорҳои додаам маъзарат хоҳам. Бале, ман ба қадри ту ба таври бояд расида натавонистам. Фикр мекунам на ҳар мард ҳам ба қадри зан расида метавонад.

Азизам, вақте инсон бузургсол мешудааст, ҳамон қадар ба қадри зиндагиву зистан мерасидааст. Қадри атрофиёнашро дарк мекардааст.

Дирӯз ҳамсояамон Миркомилбоборо дидам, бечора дар пирӣ аз занаш маҳрум монду дар байни замину осмон бепару бол гашт. Бо ҳасрат ба ман нақл кард, ки дар замони пирӣ зан беҳтарин дӯсту рафиқ ва ҳамдилу ҳампаймон мешудааст. Зан дар замони пирӣ ба мард қувват мебахшидааст. Ширинии ҳаётро зан ширинтар мекардааст. Ба гуфти ӯ, баъди вафоти завҷааш бекасу танҳо мондааст. Миркомилбобо мегӯяд, ки рӯзу шаб дар ҳасрати завҷааш мегиристааст. Ӯ маро насиҳат кард, ки дар зиндагӣ ба қадри завҷаам бирасам.

Азизам, фариштаи ҳаёту зиндагониям. Маро бубахш. Дар ёд дорӣ, барои камтар дер тайёр кардани субҳона туро сарзаниш карда будаму дар ҳақиқат суханҳои қабеҳ зада будам. Чунин ҳол як бору ду бор не, балки ҳамарӯза такрор меёфт. Бо ҳар баҳонае мехостам аз корҳоят эрод гирифта, туро сарзаниш кунам. Фикр мекардам, агар дар ман зарда набошад, ба ту парда намешавад. Азизам, барои ҳама сарзанишҳои беҳудаам маро бубахш.

Азизам. Дар ёд дорӣ гуфтан ин худ хатост. Зеро қариб ҳар рӯз шароб нӯшида меомадаму бо як баҳонае ҷинси латифу афифи туро зери мушту лагад мегирифтам. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, боз маро ором мекардиву ҷурғоти ях барин оварда медодӣ, то сари дардмандам аз дард монад. Ҳамчунин, кӯдаконро “падарат аз кор хаста шудаанд” гӯён ором мекардӣ.

Ҳаётам дар давоми оиладориямон як бор ҳам ба ту сухани ширин нагуфтам, туро навозишу меҳрубонӣ накардам. Ба ту либоси дилкашатро харида дода натавонистам. Барои рафтан ба тӯю маърака ё шабнишиниҳои дӯстонат мудом монеа шудам. Ҳатто барои ба хонаи волидайнат рафтан ҳамеша зид будам. Туро нагузоштам, ки аз меҳру муҳаббат ва дидори волидонат сер шавӣ.

Фариштаам, дар тӯли оиладориямон фақат аз ту меҳр дидам. Бар замми меҳрубонӣ, тамоми корҳоямро мекардӣ. Медонам, туро бисёр озор додам. Аз ман розӣ шав! Ҳаққатро ҳалол кун!

Агар умр вафо кунаду зинда монам, ваъда медиҳам, ки дигар туро сарзаниш намекунам, шароб наменӯшам. Ба ту фақат хушбахтиву бахт мебахшам.

Муборакмазҳарам! Маро бубахш! Дар зиндагониям ту офтобе будӣ, ки бо ҳастият ҳаётамро баъди модар равшанӣ бахшидӣ! Умед дорам бо дуоҳоят низ рӯҳу равонамро шод месозӣ...

Нома ҳанӯз ба охир нарасида буд. Аз чашмони Мижгона ашк беист мешорид. Аз сараш як сатил об рехтагӣ барин шуд.

Умед ба акааш занг зада, бо ӯ суҳбат мекард. Акааш ба Умед гуфт:

- Додарам, маро бубахш, он суханҳое, ки ба ту гуфтам, ҳамааш дурӯғ буд, аслан ту беморие надорӣ. Ин ҳама дарде, ки мекашӣ, аз пушти арақи сабилмонда аст. Ман ба хотири он ки шаробнӯширо бас куниву ба қадри оилаат, ҳамсарат, фарзандонат дар вақташ бирасӣ, ин бозиро ташкил кардам. Ба ту ҳамаи он суханҳое, ки аз номи духтур гуфтам, дурӯғ буданд. Ман танҳо хостам арзиши зиндагиро, солимиро дарк намоӣ. Ба қадри онҳо бирасӣ. Шояд аз ман ранҷида бошӣ, вале ин ҳама ба хотири ту буд. Ба хотири он ки аз нав ба зиндагии осоиштаат баргардӣ.

Умед ҳам ба акааш хушҳолона гуфт:

- Акаҷон, ман аз шумо наранҷидаам. Ман қадри оиларо, занро, зиндагро дарк кардам. Акнун инсони хуб мешавам.

Умед ба хона даромаду гиряи ҳамсарашро дида, ӯро сахт ба оғӯш кашид, аз рухсораҳояш бӯсида, гуфт:

- Фариштаам, маро бубахш. Акаам барои он ки ман ба қадри оилаам расам, маро бемор гуфтааст. Ҳоло занг зад, ки танҳо барои ба қадри оилаат расидан гуфтам. Фариштаам, акнун зиндагиямон хушу хурсандона мегузарад, ба ту бахт мебахшам.

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД