Дилам бароят месӯзад, ба Худо қасам, сахт месӯзад. Барои шифо ёфтани ман саратро ба сад дар задӣ, қарздор шудӣ, ба хориҷаам бурдӣ, ҳарчанд инро намехостам, зеро ман хобамро дидаам ва маргам қариб аст. Ҳарчанд намегӯӣ, вале медонӣ, ту маро бемор кардӣ, хуб медонӣ…
Аз рӯзҳои аввали хонадоршавиямон ту ба ман рӯи хуш намедодӣ, дӯстам намедоштӣ, рӯирост мегуфтӣ, ки ман каси дигарро дӯст медоштам, аммо падару модараш ӯро ба ман надоданд. Маро ҳавобаланду ояндадор дида тарсиданд, ки духтарашонро хор мекунам. Аммо ту дурӯғ мегуфтӣ, гап дар дигар ҷо буд…
Падари сарватманди ту пиру ранҷур шуда буду дигар он раиси пештара набуд, аз ин рӯ падари духтари дӯстдоштаат ва чанд нафар духтари дигар хостгорони туро қабул накарданд. Мани сабзинаи безебак хостгор надоштам, аммо туро ки ҳавобаланди ба қавли мардуми деҳа «тентак» будӣ, гирифтан намехостам, лекин падари қадршиноси намакпосдорам хостгорони падари пиру ранҷури туро қабул кард. Чизе оварду наовард, хуб гуфту ману ту ҳамхона шудем.Аз он ки ту хонаву дар надоштӣ, ман дар деҳа зиндагӣ мекардам, баъд маро ба хобгоҳ овардӣ. Азбаски дар ҳуҷраяки тангу бадбӯи хобгоҳ ҳарду базӯр меғунҷидем, писаракамон дар хонаи бибию бобояш зиндагӣ мекард. Баъд соҳиби духтар шудему қарзу фарз карда, як хонаи якҳуҷрагӣ харидем, ман ҳам баробари ту кор мекардам.
Аввалҳо санбӯса пухта бурда дар бозорҳо мефурӯхтам, баъдҳо аз деҳа меваи хушку алафу қурут оварда мефурӯхтам. Ту аввал дар мактаби миёна муаллим будиву баъд дар як коллеҷ соати дарсӣ гирифтӣ. Зиндагиямон камбағалона набуд, вале серу пур ҳам набудем.
Духтарам ба дунё омаду ту маро ба коллеҷи омӯзгорӣ дохил кардӣ ва ман дар боғчаи бачаҳо ба ҳайси мураббия ба кор сар кардам. Маоши ту сарфи либосҳои худат мешуд ва бори асосии зиндагӣ бар дӯши ман буд, чӣ азобҳое, ки накашидам…
Дар гурӯҳе, ки ман тарбиятгарашон будам, чанд нафар кӯдакон аз оилаҳои бадавлат буданд, ки хӯроки боғчаро намехӯрданд. Ман хӯроки онҳоро доим дар зарфе, ки хамроҳам мебурдам, рехта ба хона меовардам. Бо сарфакориҳои ман ва ёрии бародаронам, ки акнун пулдор шуда буданд, хонаи якхонагиямонро ба духонагӣ иваз намудем. Бисёр ҷоҳилу бахил будӣ, бародаронамро, ки ҳамеша барои фарзандонам либос мехариданд, дар ғайбашон ҳақорат медодӣ, худамро, падару модарамро..., чӣ қадар бадзабон будӣ. Ман туро аз рӯзи аввал дӯст намедоштам, зеро ҳамеша пастам мезадӣ, безебам мегуфтӣ, гӯё худат нозанини дунё будӣ. Ҳамеша таъриф мекардӣ, ки занҳо гапат медиҳанду ким-киҳо ба ту таклифи зани дуюм шуданро карданд, аммо не гуфтӣ. Медонистам дурӯғ мегӯӣ, ман ҳам байни ҷомеа будам ва мушоҳида мекардам, кадом зан ба марди камбағал зани дуюм мешудааст? Занҳои сарватманд ҳам барои худ шавҳари ҷавон кобанд, зебову машқдидаву паҳлавон меёфтанд. На мисли ту паканаи сарпачақи манаҳбаромада.
Ростӣ ба ин гапҳоят аҳамият намедодам. Кӯдаконамро калон мекардам, зиндагиямро сарфи онҳо менамудам. Ман суҳбатҳои телефонии туро бо занони бегона мешунидам, таърифҳои дурӯғатро ҳам, ҳарчанд бароям нохушоянд бошад ҳам, худамро ба даст мегирифтам...
(Давом дорад)
ПАРӢ,
Таснифи Рухсора САИД