sebiston july new
Нома аз он дунё
3343

 Сокини 23 солаи Арканзас Чейсити Паттерсон 4 сол қабл падарашро аз даст дода, аз бепадарӣ азоби сахти рӯҳӣ мекашид.

Барои каме ҳам бошад, дарду алами худро сабук намудан духтарак ҳар рӯз ба рақами падараш номаҳои самимӣ навишта, дар бораи чи тавр ҷараён доштани зиндагиаш менавишт.

photo_2019-10-31_17-07-05

Ҳамин тавр номанависӣ ба одати Чейсити мубаддал гашта, дар давоми чор сол ҳар рӯз ба падараш мактуб мефиристод. Дар солгарди чорумӣ рӯзи марги падараш Чейсити мактуби калонҳаҷмеро бо чунин мазмун иншо намуд: «Салом падаҷонр, ин ман ҳастам. Пагоҳ боз рӯзи вазнин бароям хоҳад буд! Расо 4 сол мешавад, ки шуморо аз даст додам. Дар ин байн рӯзе набуд, ки шуморо пазмон нашуда бошам».

Духтар баъди ин лаҳзаҳои муҳими зиндагии худро қайд карда навиштааст: «Ман аз чанги бемории саратон раҳо шудам ва чӣ тавре, ки ба шумо ваъда дода будам, саломатиамро эҳтиёт мекунам. Донишкадаро бо баҳои аъло хатм намудам. Боре ошиқ шудам, аммо диламро шикастанд (агар зинда мебудед, шояд ӯро зинда намемондед) Танҳоӣ дер давом накард ва билохира ман ҷуфти муносиберо, ки баробари ворид шудан ба зиндагиям дунёи маро дигаргун намуд, вохӯрдам, вале аз хонадоршавӣ метарсам. Агар шумо дар қайди ҳаёт мебудед, маро ба зиндагии навам гусел мекардед ва мегуфтед, ки ҳамаи чиз хуб хоҳад шуд. Ман дар зиндагӣ муваффақам, агар маро медидед бо ман хело ифтихор мекардед. Не-не хислату гуфтори ман ҳанӯз тағйир наёфтааст ва ман фарбеҳ ҳам нашудаам. Ман танҳо мехостам арз намоям, ки дӯстатон медорам ва хело ҳам пазмонатон шудаам».

Ба мактуби Чейсити ҷавоб омад. Духтрак бо дидани номаи ҷавобӣ аввал ба даҳшат афтид, охир чи тавр падараш, ки чор сол қабл аз олам гузаштааст, ба номаи ӯ ҷавоб навиштааст?! Магар мурдаҳо аз он дунё мактуб менависанд?


Эй апа, девонаӣ ё ҳушёр?! Наход, ки одам дар даруни таксӣ чунин корҳои ҳаромро кунад?! Айбу шарма намедонӣ...”

 


Билохира, Чейсити тамоми ҷуръату ҷасораташро ҷамъ карда, ин номаи пур аз сирру асроррро кушод. Маълум шуд, ки давоми ин чаҳор сол як марди дигар, ки духтараш дар садамаи нақлиётӣ вафот кардааст, номаҳои ба падари кайҳо аз олам гузаштааш навиштаи Чейситиро мехондааст.

photo_2019-10-31_17-07-15

«Салом, ширинакам! Ман падарат нестам, локин давоми чор соли охир мактубҳоятро мутолиа менамудам. Номи ман Бред аст, моҳи августи соли 2014 дар садамаи нақлиётӣ духтарамро аз даст додам, аммо номаҳои ту маро зинда нигоҳ доштанд… ҳамдардиямро барои аз даст додани падарат иброз менамоям…мехостам ба номаҳоят ҷавоб нависам, аммо аз он ҳарос доштам, ки мабодо дилатонро шиканам» навишта буд Бред..

Дар охири номааш ин мрад арзу сипосашро ба Худо баён намуда, гуфтааст, ки шиносоӣ бо Чейситӣ тасодуф нест ва шояд Худованд бо ҳамин роҳ ба ӯ фаҳмондан мехоҳад, ки дигар дар марги духтараш худро гунаҳкор наҳисобад.

Бред бо таманниёти падарӣ ба мактуб ҳусни анҷом бахшида, навиштааст: «Духтарам ман бо ту ифтихор мекунам!»

Баъд аз нашр шудани мукотиба Бред бо Чейсити 141 000 «лайк» (писанд омад) гирифт ва «репост»-и қиссаи ӯ ба 272 000 адад расид.

Духтар навиштааст: «Мақсадам аз навиштани мактуб ба падарам дар он буд, ки чӣ тавр сипарӣ шудани рӯзамро мудаввом ба падарам қисса кунам. Ҳоло ман мутмаинам, ки ҳама чиз хуб аст ва ман билохира метавонам ӯро раҳо кунам »

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД