arzon replenishment
НОЛАИ ХУНИНИ САБРИНА Қисми 2
13.09.2022
ОИЛА
2330

                            Ранҷҳои модарандар

Замони аз даст додани модар, Акбар дар синфи 8-ум мехонд. Яъне, фарзандон чандон болиғ набуданд, ки аз уҳдаи тамоми кори хона баромада тавонанд. Хусусан вақте Сабрина аз ғаму дурии модар бемор шуд, касе наметавонист ба ӯ расидагӣ кунад. Бародараш Акбар ҳамеша бо чашмони гирён назди хоҳараки эркааш менишаст, вале намедонист чӣ гуна дардашро сабук созад. Ба ҳазёнҳои ҷонсӯзу ҷонкоҳаш чӣ тавр тоқат кунад? Киро хоҳиш намояд, ки барои хоҳаракаш таоми дилкашашро омода кунад? Аз ин рӯ, падарро хоҳиш намуд, ки яке аз наздиконро барои нигоҳубини онҳо ба хона биёрад. Манзури Акбар амма ё холаҳояш буд. Вале падар аз ин фурсати муносиб истифода бурду зан гирифт. Модарандари шаттоҳу найрангбоз барои дар дили фарзандон ҷо гирифтан худро дар аввал бисёр ҳалиму меҳрубон нишон дод.

Ба Сабрина ғамхорӣ мекарду дилсӯзӣ. Духтарак болои чогаҳ ноилоҷ таоми моиндарро мехӯрду ба суханҳояш ҷавоб медод. Аммо баъди шифо ёфтан, ҳар қадар бузург мешуд, ҳамон андоза нафраташ ба моиндар зиёд мегашт. Лутфу меҳрубонии падарро бо зани бегона таҳаммул карда наметавонист. Ҳар сония чеҳраи нуронии модарашро пеши назар меоварду ба зан нафрат пайдо мекард. Хусусан баъди он рӯзи наҳсу шум, дигар модарандарро чашми дидан надошт…                                            

Сабрина бо бародараш Акбар зери сояи дарахти калони назди ҳавлӣ нишаста модарро ёд мекарданд. Яке таомҳояшро, дигаре хубиҳояшро варақ – варақ гардонида, ба якдигар роз мегуфтанд. «Медонӣ Сабрин, ман баъди модар, лаззати таомҳояшро дар ягонҷо начашидам. Ҳатто фатирҳои қад-қади модарамро гумон мекунам касе пухта наметавонад»,- бо афсӯс гуфт Акбар. Сабрина, ки дигар аз он эркагию нозу нуз чизе боқӣ намонда буд, хост барои бародараш мисли модар фатир пазад. Он рӯз падар ҳам дар хона буд. Духтар гумон кард, ки аз дасту остин боло кардану сари суфранишастанаш падар хурсанд мешавад. Вале аз баланд шудани нолаю гиряи моиндари шаттоҳ, дар тааҷуб монд. «Ин духтар аз ҳозир маро рӯзу ҳол намедиҳад. Сари дегу коса чарх заданаш кам буд, боз сари суфрара гирифтаст.Гӯё ман дар ин хона вуҷуд надошта бошам. На пурсиш асту на хоҳиш… »

Падар, ки худ Сабринаро чандон дӯст намедошту барои зани наваш чун ғулом хизмат мекард, тасмаи миёнашро кушода, духтарро чунон зад, ки тамоми аъзои баданаш сиёҳ гашт. Дар толеи бад, Акбар дар хона набуд. Ӯ бо ҷӯраҳояш ба берун рафта буду хоҳар мехост то омаданаш фатир пазад. Вақте ба хона омад, гиряҳои ҷонкоҳи Сабрина ӯро дар тааҷуб гузошт. Саросема ба хонаи хоби хоҳар давид. Муйҳои жулида, чашмони варамида ва дасту пойҳои аз зарбаи бераҳмона сиёҳшудаи хоҳарро дида, ҳуш аз сараш парид. Хоҳарашро бардошта ба оғӯш гирифт. «Туро кӣ ба ин ҳол расонид? Дар ним соати ман набудагӣ чӣ воқеа шуд? Бо кадом гуноҳ гӯшти бадани туро канда хӯрданд?...» пурсид аз хоҳар. Сабрина гирякунон ҳодисаро ба бародараш нақл намуд. Акбар сари хоҳарашро оҳиста ба болин гузошту доду фарёдкунон ба берун баромад. «Модар мурад, падар пияндар мешудааст, гуфтани мардум ҳақиқат доштааст-да. Чӣ хел дилат шуд, духтари ягонаатро ба ин ҳол расонӣ? Ту чӣ хел мардӣ, ки духтарро чунин бераҳмона лату куб мекунӣ? Фаромӯш накун, ки Сабринаро зани ту калон накардааст. Ӯро модари ман калон кардааст. Ман худам ӯро нигоҳубин кардаам. Занат, ки духтар кард, чӣ қадаре, ки дилат мехоҳад зан….» Ин девонагии Акбар, ки писари орому ботамкин буд, асабонияти падарро бештар намуд.

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД