Нокомии ҷудокорони тоҷик дар Токио
85

Ҷудокорони тоҷик аз мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam”-и Токио, ки рӯзҳои 6 ва 7-уми декабр дар Ҷопон баргузор шуд, медал ба даст оварда натавонистанд.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 6 варзишгар - Обид Ҷебов, Мусаниф Миробов (ҳарду дар вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 81 кг), Мизробшо Лоиқов (дар вазни то 90 кг) ва Муҳсин Малаев (дар вазни то 100 кг) намояндагӣ карданд.

Дар миёни ин паҳлавонони тоҷик, ки ҳама дар даврҳои гуногун ба нокомӣ рӯ ба рӯ шуданд, Обид Ҷебов ба натиҷаи беҳтаре даст ёфта, ҷои 5-умро гирифт.

Соли гузашта дар “Тоскулоҳи бузург”-и Токио Тоҷикистонро 4 ҷудокор муаррифӣ карда буданд, ки аз миёни онҳо танҳо Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД