arzon replenishment
Нохунҳои 138-сантиметра
13.10.2024
ОИЛА.ТҶ
813

Соли 1997 дар оилаи Диана Армстронг фоҷиа рух дод - духтари 16-солаи ӯ аз хурӯҷи бемории астма фавтид. Азбаски бегоҳи шаби маргаш духтари Диана нохунҳои модарашро ба тартиб медаровард, субҳ аз хоб бедор нашуд.

Баъди марги фарзанд ҳар боре Диана нохунҳояшро қайчӣ заданӣ мешуд, духтарашро ба ёд меовард. Он гаҳ Диана қасам хӯрд, ки дигар ҳеҷ гоҳ нохунҳои худро қайчӣ намезанад. Маҳз ҳамин қасами зан ӯро ба китоби рекордҳо ворид намуд.

Нохуни дарозтарини дасти росташ 138,94 сантиметр буда, аз ҳама кӯтоҳаш 109,2 сантиметр аст. Барои лак кардани як нохунаш барои ӯ 15-20 шишача лак ва 4-5 соат лозим асту барои арра кардани нохунҳояш аз асбоби дарахтбурӣ истифода мебарад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД