Arzon Navruz
НОХӮРДА, ФАРБЕҲ МЕШАВАМ
1513

 

Ҳамеша андоми маро таъриф мекарданду «химчамиён» ном мебурданд. Вақтҳои охир иловаи номам аз байн рафтааст, чунки яку якбора вазнам афзун гардида, зерманаҳам калон шуд.

Ҳоло метарсам, ки ба ман лақаби «кулчарӯй» ё «фарбеҳак»-ро нагузоранд. Бинобар ин, қарор додам, ки хӯроки нисфирӯзиро мехӯраму хӯроки шомро не. «Мадади Сино» чӣ маслиҳат медиҳед?

Сайёра 27 сола,
ш. Истаравшан.

Маслиҳати «Мадади Сино»:

Хӯроки шом нахӯрдан ба он оварда мерасонад, ки организми шумо дар ҷои чарбҳоро сӯзондан ба режими фаъолтари боз ҳам зиёдтар захиракунии онҳо шурӯъ менамояд. Бо ин роҳ шумо на хароб, балки фарбеҳтар шудан мегиред. Барои ҳамин ҳам шуморо лозим аст, ки шомгоҳон дар ҷои хӯрокҳои серравғану серғизо хӯрокии сабукҳазм истеъмод кунед. Масалан, фалларо бо як қошуқ асал, 50 мл йогурт, 100 мл ҷурғот ё кефир бо кабудии майдарезакардашуда, калсийи маҳсулоти ширӣ, дар сӯхтани чарбҳо хеле фаъоланд. Аммо шабҳангом ширинӣ нахӯред. Махсусан, шоколад!
Шоколад дар таркиби худ калорияи зиёд дорад. Вале агар бе он ҳам наметавониста бошед, шоколади вазнаш то 50г бударо танҳо рўзона хӯред, кифоя аст. Онҳое, ки ҳамеша андоми зебо доранд таркиби хӯрокашонро аз меваҷоту сабзавот хеле бой сохтаанд. Масалан, бо мақсади дар организмашон паст намудани калориянокӣ шарбати меваҷотро бо иловакунии оби ҷӯшонидашудаи хунук (1:3) омехта менӯшанд. Онҳо ҳангоми гурусна шудан, хушкмева мехӯранд. Алалхусус зардолуқокро. Хушкмеваро аз супермаркетҳо нахаред. Барои он ки бо мақсади намуди ҷалбкунанда гирифтанаш бо роҳҳои гуногун мешӯянду меомезанд. Онро беҳтараш аз бозорҳо харед. Аз онҳо нафъ зиёдтар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Маруфи ошкорбаен 2021-03-08, 01:09
САБЗИ ХУРЕД
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Маруфи ошкорбаен 2021-03-08, 01:09
САБЗИ ХУРЕД
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД