Писари мактабхонам бо чанд ҷавони аз худаш калонсол ҳамроҳ шуда, ҷиноят содир кардааст. Ноболиғонеро, ки дар синни то 16-солагӣ ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд, то чанд сол аз озодӣ маҳрум мекунанд?
Хонандаи Oila.tj
- Мутобиқи талаботи моддаи 23 КҶ ҶТ, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ шахсе кашида мешавад, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба синни шонздаҳсолагӣ расидааст.
Мутобиқи қисми 2-и ҳамин модда:
- Шахсе, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба синни чордаҳсолагӣ расидааст, барои содир намудани ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад: одамкушӣ (моддаи 104), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110), қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ (моддаи 111), одамрабоӣ (моддаи 130), таҷовуз ба номус (моддаи 138), кирдори зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ (моддаи 139), терроризм (моддаи 179), ғасби гаравгон (моддаи 181), тасарруфи яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш (моддаи 199), муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан (моддаи 200), муносибатҳои ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ (моддаи 201), тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ (моддаи 202), парвариши ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъаовари кишташон манъшуда (моддаи 204), муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ва заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан (моддаи 206), корношоям сохтани воситаҳои нақлиёт ё роҳҳо (моддаи 214), авбошӣ дар ҳолатҳои вазнинкунанда (қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 237), дуздӣ (моддаи 244), ғоратгарӣ (моддаи 248), роҳзанӣ (моддаи 249), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), ғайриқонунӣ ронда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф (моддаи 252), қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дар ҳолатҳои вазнинкунанда (қисми дуюми моддаи 255).
Тибқи талаботи қисми 3-и ҳамин модда:
- Дар ҳолатҳои алоҳидаи дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардида танҳо он шахсе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки аз синни шонздаҳсола болотар аст.