35 years of independency
Ноболиғи ду сол аз таҳсил дурмонда аз волидонаш гирифта шуд
04.09.2026
Oila.tj
213

Дар Душанбе як ноболиғе, ки ду сол аз таҳсил дур монда, ба оворагардӣ машғул будааст, аз волидонаш гирифта шуда, ба мактаби шабонарӯзӣ супурда шудааст.

Ба иттилои полиси пойтахт, ин наврас муддати тӯлонӣ ба таҳсил фаро гирифта нашудааст. Дар робита ба ин ҳолат нисбати волидони ӯ тибқи моддаи 73-и Кодекси оилаи Тоҷикистон чора андешида шудааст. Бар асоси ин модда, дар ҳолатҳои зарурӣ гирифтани кӯдак аз волидон бидуни маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ иҷозат дода мешавад.

Бо қарори додгоҳ ноболиғ аз тарбияи волидонаш берун карда шуда, барои таҳсил ва нигоҳубин ба Мактаби шабонарӯзӣ (мактаб-интернат)-и №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе супурда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД