Норалиев Парвиз Мирзоалиевич, ки ҳамагӣ 13-сол дошт, дар зери чархи мошин монда, ҷон ба бо ҷонофарин супурдааст.
Садамаи ба вуқӯъ омада, дар кӯчаи Э. Муҳиддинови ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақрибан соатҳои 12-00 рух дадааст, хабар медиҳад вазорати умури дохила.
Тошев Ҷамшед Раҳматбоевич ронандаи автомобили тамғаи “Рено” рӯзи 24-июл ҳангоми ҳаракат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагард Парвиз Мирзоалиевич-сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро пахш намудааст. Писарбачаи 13-сола дар натиҷаи садама ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.